Поделиться ссылкой:
Санаи 1-уми феврал бо иштироки васеи роҳбарон ва сардорони воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷаласаи машваратию назоратии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода оғоз намуда доир ба як қатор масъалаҳои мубрами фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла зимни баргузории ҷаласа дастур дода шуд, ки роҳбарони муассисаҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро зарур аст, ки дар самти тарғибу ташфиқи ихтисосҳо ва муаррифии шароиту имконоти таҳсил дар муассиса, ташкили кафедраҳои методикаи таълим дар назди МТМУ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири пайвасти илм бо истеҳсолот, пурзур намудани базаи моддӣ-техникӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди фаъолияти корӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии наврасону ҷавонон бо мақсади пешгирӣ аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Дар фарҷом қайд карда шуд, ки дар соли 2023 масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ба таври самарабахш амалӣ сохтани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯи зеҳнии тоза корбарӣ намуда, бо нишондиҳандаҳои назаррас дар самти беҳдошти фаъолияти корӣ таҳавуллоти арзандаро ба миён гузоранд.