П𝐄Ш𝐁𝐎И 𝐌ИЛЛ𝐀𝐓- 𝐌УБ𝐀ЛЛИҒИ ФУ𝐏УҒИ 𝐌𝐀Ъ𝐏ИФ𝐀𝐓 (Дар ҳошияи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ)

Поделиться ссылкой:

  Санаи 06.02.2023 дар коллеҷ ҳамоиши оммавӣ – тарғиботӣ таҳти унвони “Пешвои миллат мубаллиғи фуруғи маърифат” бо иштироки даври коллеҷии озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хонадагони муассиса баргузор гардид.
     Зимни бармомадҳо аз ҷониби маърузачиён гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф дар меҳвари асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки ин бе муболиға аз маърифатдустӣ фарҳангсолории ин абармарди арсаи сиёсати кабир дарак медиҳад.
​    Дар ин баробар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориву дастгириҳои падарона ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ёдоварӣ шуда, қайд гардид, ки заминагузории мусоид ҷиҳати ба таври оммавӣ иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа ин худ гувоҳ аз дурандешӣ, салиқаи баланди этиром ба илму маориф аз ҷониби Президенти кишварамон гувоҳ аст. Таъкид шуд, ки ташкил ва баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба таври мустаъқим саҳмгузорӣ дар рушди зеҳнӣ ва маърифатнокии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
​     Дар идома маълумоти умумӣ ва тартиби иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” шарҳ дода шуда, таъкидан зикр гардид, ки сарпараст ва иқдомгирандаи асосии озмунҳои мазкур шахсан худи Пешвои миллат мебошанд. Пас, ба хотири сазовор гардидан ба бовариву эътимоди қавии фарзона фарзанди баруманди миллат зимни баргузории озмунҳо иштироки фаъоли ҳамагон бояд таъмин карда шавад.
​      Дар қисмати хотимавӣ шаклҳои ҳавосмандгардонии ғолибони озмунҳо ба ҳозирин шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки МДТ Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова бо мақсади қадрдониву ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зикргардида маблағҳои калони пулиро пешбинӣ намудаст, ки ин иқдоми наҷиб зарурӣ буда, дар самти дарёфт ва ҳавасмандгардонии чеҳраҳои лаёқатманд таъсири мусбӣ хоҳад гузошт.