Поделиться ссылкой:
Санаи 03.02.2023 дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт, масъулини шаҳриву ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот, фарҳангу тандурустии Душанбе, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳр, гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷибу пайваста ва дурбинонаи Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии кишвар ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ ва боварӣ зоҳир карда мешавад.
Ин эътимоду боварӣ ва самимияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самари дилхоҳро ба бор оварда, ҷавононро барои расидан ба қуллаи муроду мақсадҳои дар замирашон буда, роҳнамоӣ месозад.
Маъмурияти коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова барои содиқ будан ба эътимод ва бовариҳои роҳбарияти олии кишвар минбаъд низ бо тамоми нерӯ ва тавоноӣ саъю талош намуда, дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пайваста талош хоҳад намуд.
Страницы:
- 1
- 2