𝐌𝐀𝐏Ҳ𝐀Б𝐎 Б𝐀 𝐊𝐎ЛЛ𝐄ҶИ 𝐊ӮҲИИ Б𝐀 𝐇𝐎𝐌И 𝐂. Ю𝐂УП𝐎𝐁𝐀❗

Поделиться ссылкой:

      Дар доираи иҷрои нақшачорабиниҳои коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова санаи 28.02.2023 бо мақсади муаррифии ихтисосҳо, шиносоӣ бо шароити таҳсил ва вазъи фаъолияти озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмию электронӣ ва дастоварду комёбиҳои кормандону омӯзгорони коллеҷ рӯзи “Дарҳои кушода” ташкил карда шуд.
       Роҳандозии чунин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои техникӣ ва технологӣ ва дар ин замина омӯзиши касбу ҳунар ба ҷавонони кишвар арзёбӣ мегардад.
        Дар ин рӯз хатмкунандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе ба коллеҷ ташриф оварда, аз ҷониби масъулин бо онҳо сӯҳбату вохуриҳои судманд доир карда шуд.