Поделиться ссылкой:
Таҳти чунин унвон санаи 07.03.2023 дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Нахуст чорабиниро бо сухани табрикотӣ директори муассиса Суфиев А.Ҷ. оғоз намуда, омӯзгорзанон ва дар шахсияти онҳо ҷумла занони кишвари азизамонро ба шарофати иди фархунда-Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно намуданд.
Директори муассиса қайд намуданд, ки ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон, рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида, рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст, зеро Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши созгор доранд.
Мавсуф қайд намуданд, ки нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад. Зеро дар яке аз суханрониҳояшон роҳбарияти олии кишвар иброз доштанд: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд ва шеърҳо дар васфи эҳтироми модар пешкаши ҳозирин карда шуд, ки басо мутаассир ва маърифатбахш буд.
Дар фарҷом бахшида ба Рӯзи Модар аз ҷониби директори муассиса чанд нафар бонувони фаъол барои фаъолияти пурсамар дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.