𝐀𝐌𝐎ИШИ 𝐌𝐀Ъ𝐏ИФ𝐀𝐓Ӣ-И𝐓𝐓ИЛ𝐎𝐎𝐓Ӣ

Поделиться ссылкой:

   Ҷиҳати мақсаднок амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли-2030” ва “Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар асоси нақшаи чорабиниҳои коллеҷ санаи 02.05.2023 бо иштироки меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандону донишҷӯёни муассиса ҳамоиш доир гардид. Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Қурбонов В.Н. баъд аз муаррифии меҳмонон рӯзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуда, ҷаласаро кӯшода эълон намуд.
    Тибқи рӯзномаи ҷаласа лейтенанти калони адлия, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Масрур Мирализода дар бораи таърихи пайдоиши коррупсия, мафҳум ва моҳияти он ибрози андеша намуда, мавсуф зикр намуданд, ки коррупсия айни замон дар қатори терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухадир, буҳрони ҷаҳонии иҷтисодӣ ва ғайра ба яке аз хатарҳои глобалӣ табдил ёфтааст.
        Дар идома таъкид гардид, ки бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 августи соли 2021, “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад. Дар асоси ин Стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд.
        Баромади лейтенанти калони адлия, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Масрур Мирализода аз ҷониби шунавандагон дар сатҳи зарурӣ қабул гардида, маълумоти муфассал оид ба воқеъият ва дурнамои чораҳои пешгирии омилҳои мусоидатгар ба зуҳур ва инкишофи падидаи мазкур дар ҷомеаҳои муосир ва хосса дар шароити ватанӣ аз ҷониби маърӯзачӣ пешниҳод карда шуданд.
     Сипас тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳуқуқшиноси муассиса Қурбонов М.И. дар мавзӯи “Баҳодиҳии ҳуқуқии коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва сатҳи инкишофи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҷомеа”, маърӯза ироа намуд.
     Зимни баррасии масъалаи дигари рӯзномаи ҷаласа ёвари директори муассиса Раҳмонов М.Н. дар мавзӯи “Таъсири фалокатбори падидаҳои терроризму экстремизм ба амалияи ҳаётии ҷомеаҳо дар давлатҳои замони муосир”, баромад намуда, аз нишондоди “Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ёдоварӣ шуда, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ќатори кишварҳои дигари минтаќа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби баромадкунанда зикр гардид, ки яке аз роҳҳои пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон буда, омӯзиш ва дарки маънавии равндҳои сиёсӣ метавонад барои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуби замони муосир таъсири мусбӣ расонад.
Дар қисмати охири ҷаласа, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Қурбонов В.Н. барои иштирок ва суханронии меҳмонон ва маърузачиён, изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба баррасии масъалаҳои пешбинишудаи рӯзномаи ҷаласа хотима бахшид