Поделиться ссылкой:
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон санаи 06.05.2023 дар толори маҷлисгоҳи муассиса бо иштироки Ҳамрози Ҳамза-муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раҳмонов Расул-мутахассиси раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, омӯзгорону кормандони ҷавон ва донишҷӯён вохурии судманд доир гардид.
Зимни вохурии мазкур доир ба мавзӯъҳои: расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушиву худсӯзӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо ороста шуд.
Аз ҷониби баромадкунандагон гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон ба шумор меравад.
Дар дар қисмати хотимавии вохӯрӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ба як омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли муассиса “Сипоснома”-и Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.
и ещё 7
Все реакции:
Абдулло Назаров, Dovud Sufiev и ещё 13