ПОЯИ ДАВЛАТ БУВАД, ОМӮЗГОРИ НЕКНОМ

Поделиться ссылкой:

     Омӯзгорони дилогоҳу дурандеш ҳамаи Шуморо ба муносибати “Рӯзи омӯзгорон” самимона табрику шодбош мегӯем!
   Омӯзгор, устод ва муаллим равшанибахши дунёи маънавии аҳли ҷомеа мебошад. Аз ин ҷост, ки дар дарозои таърих ба омӯзгору устод, муаллим ҳамеша чун неруи маънавӣ эҳтиром мегузоранд. Маҳз омӯзгор аст, ки ҷомеаро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад, насли созандаву бунёдкор ва ифтихорофаринро ба камол мерасонад. Воқеан, дар боби хирадгароиву маърифатгустарӣ ва баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа нақши омӯзгор бузургу мондагор мебошад.
   Шоистаи таъкид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷиҳати рушду инкишофи соҳа ва обрӯю нуфузи омӯзгорон пайваста талош менамоянд. Воқеан, дар сиёсати давлатӣ мавқеи омӯзгорон махсус аст ва Пешвои миллат ба ин қишри пешбари ҷомеа диққатӣ ҷиддӣ зоҳир мекунанд.
    Дар зимн, ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону омӯзгорони фаъолу таҷрибадор ва навовар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
    Аз ин ҷост, ки устодону омӯзгорони кишвар дар таълими наврасону ҷавонон пайваста талош меварзанд, онҳоро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия мекунанд ва донишу маърифатро асоси зиндагии хеш қарор дода, дар рушди маънавӣ ва пойдору устувор гардонидани хирадсолориву ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа хидмати арзанда менамоянд.
    Тавре, ки Пешвои миллад дар паёми навбатии худ таъкид доштанд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
   Дар воқеъ андешаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳи медиҳад, ки омӯзгорон дар ҳама давру замон дар устувории пойдории давлату миллат нақши калиди доранд.
   Бе муболиға омӯзгор шахси доно ва хайрхоҳ аст, ки тухми сухан ва илму адабро дар ниҳоди шогирдон – ояндасозони ҷомеа мекорад. Вай фардро аз нодонӣ бароварда, баҳри шинохти оламу одам ва ба камоли маърифат расиданаш ӯро раҳнамоӣ мекунад. Саодати имрӯзу фардои миллати мо бо заҳмату фидокориҳои омӯзгорон зич рабт дорад. Байни касбҳои дигар омӯзгорӣ наҷибтарин ва шарифтарин аст. Одатан, омӯзгори фидоии касби хеш шахси донишманд, шикастанафс, худгудозу худсӯз, хоксору сабур, дилогоҳу дурандеш, ҳунарманду зебоиофар мешавад ва аз сеҳри суханаш хонандаву шунаванда мафтун мегардад. Дар ташаккулу камолоти ҳар як шогирд истеъдод ва қудрат, тарзи муносибату ахлоқ, маҳорати сабақомӯзонӣ ва дигар фазилатҳои наҷиби омӯзгор таъсиргузор мегарданд.
     Бори дигар фарорасии “Рӯзи омӯзгорон” – ро ба кули устодону омӯзгорон табрику муборакбод гуфта, дар иҷрои рисолати касбӣ музаффариятҳои беназирро таманно дорем. Бигзор бахту иқболи баланд, саодати рузгор ва дар фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ дастовардҳои беҳтарин насибатон бошад!!!
Табрикоти маъмурияти Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ