ЗАБОНИ ТОҶИКӢ –АСОЛАТИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Поделиться ссылкой:

   Санаи 03.10.2023 бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова бо иштироки меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва хонандагогону дониҷӯён семинари илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забон ҳастӣ ва бақои миллат” баргузор гардид.
  Семинари мазкуро декани факултети геологияи Коллеҷ Сафолов Аминҷон Шамсиддинович оғоз намуда, ҳайти меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати “Рӯзи забони далатӣ” табрику мубаракбод намуда, ҳозиринро ҷиҳати ташриф оварданашон ба семинари илмӣ – назариявӣ хушомадед намуданд. Сипас оиди қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихсозӣ, ҳифзу нигоҳдош ва ташаккули забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуданд.
    Дар семинари мазкур намоянда аз иттифоқи нависандагон – Салим Карим, аз кумитаи забон ва ислоҳоти назди ҳукумати ҶТ – Каримов Диловар, аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Восиев Аҳлиддин ҳамчунин номзади илмҳои филологӣ Раҳмонов Бахтиёр аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ ширкат доштанд.
   Баромадкунандагон зимни баромадҳои худ дар мавзуъҳои мухталиф тибқи барномаи баргузории семинар маърузаҳои пурмуҳтаво қироат намуда, доир ба заминаҳои таҳкими забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳдории он ибрози назар намуданд.