Поделиться ссылкой:
Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии коллеҷ санаи 19.10.2023 семинари илмӣ оид ба захираҳои бойи маъданиву ғайри маъдани аз қабили металҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ороиши ва ангишт баргузор карда шуд. Семинари мазкур дар муассисаи таълими бо ибтикори бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, садооати факултети геология ва кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ташкил карда шуд.
Дар чорабини мазкур Васиев Сайфиддин Сангинович муовани директори генералӣ, саргеологи Ҷамъияти саҳамии кушодаи “Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ”, Абдуллов Ҷаҳонгир муовини директори “Муассисаи давлатии маркази илмию тадқиқоти ҳифзи захираҳои об” ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок доштанд.
Семинари мазкурро декани факултети геология Сафолов А. Ш. Оғоз намуда, ёдовари намуд, ки имруза пайвасти илм ба истеҳсолот рисолати авалиндараҷаи мо масъулини соҳа ба шумор рафта, ташкил ва роҳандозии чунин семинарҳои илмию омӯзишӣ меитавонанд ба ҳамоҳангии илм ва истеҳсолот мусоидат намояд.
Дар идома меҳмонон маърузаҳои худро аз рӯи мавзуи муайяншудаи семинари мазкур оғоз намуда, оид ба захираҳои бойи маъданиву ғайри маъдани аз қабили металҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ороиши ва ангишт маълумотҳои ҷолиби диққаит манзури ҳозирин намуданд. Ҳамзамон баромадкунандагон аз бурдбориҳо дар соҳаи геология ёдоварӣ намуда, вобаста ба мушкилоти соҳа дар шароити муосир фикру андешаҳои судманро баён намуданд.