𝐌𝐄Ҳ𝐏Г𝐎𝐇 – 𝐌УЖДАГ𝐎𝐇Ӣ А𝟑 ФАЙ𝟑И ДА𝐂𝐓𝐏А𝐇ҶИ 𝐊ИШ𝐎𝐁А𝐏𝟑𝐎𝐇

Поделиться ссылкой:

   Дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои муассиса дар коллеҷ ҷашни суннатию аҷдодии мо, иди Меҳргон таҷлил карда шуд, ки дар он намоиши маҳсулотҳои дастранҷи кишоварзон ба маъраз гузошта шуд.
    Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҳозиринро ба муносибати таҷлили ҷашни Меҳргон самимона табрику шодбош намуда, аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи иду ҷашнвораҳои суннатӣ, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизу маҳбубамон дубора эҳё гардидаанд, ёдоварӣ намуданд.
      Сипас аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста ба аҳамияти таърихӣ доштани ҷашни Меҳргон маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба ҳозирин қироат карда шуд.
   Ҳамзамон баҳри болидахотирии кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи қисми ташкилӣ, тарбиявӣ алоқа бо ҷомеа ва кор бо ҷавонон, ки саршор аз суруду таронаҳои дилнишин буд, пешкаш гардид.