Поделиться ссылкой:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигаронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, роҳандозии равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обруи баландро соҳиб гардид, ки таърих назирашро ёд надорад. Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари сулҳпарвар ва инсондӯст вобаста аст.
Таърих гувоҳ аст, ки давраи ҷанги шаҳрвандӣ бисёр мураккаб буда, мақомдорони давалатӣ хоҳони роҳбари давлат шуданро надоштанд. Зеро аз ҷониби ҷинояткорон мавриди сӯиқасд қарор гирифта аз хавфи ҷони худ метарсиданд. Пешвои миллат, ки шахси фозилу шуҷоъ буд, ҷони худро баҳри ободи ва субботи кишвар дареғ надониста санаи 16-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии мамлакат, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, роҳбарии давлатро ба дӯши худ гирифт. Аз ҳамон лаҳза аллакай дар симои ин фарзанди фарзонаи тоҷик хомуш намудани ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳи сулҳ мушоҳида мегардид. Пайваста томоми кушишҳову заҳматҳояш танҳо ба хотири таъмини сулҳи миллати тоҷик буд. Ҷанги бародаркушу хонумонсӯз домони халқи тоҷикро фаро гирифта буд. Мардум ба якдигар бовар надоштанд фикр мекарданд, ки ин ё он лаҳза ҷонашонро аз даст медиҳанд.
Миллати тоҷик дар симои ин абармард сулҳ ва рушди минбаъдаи мамлакатро дида, бинобар ҳамин сабаб санаи 6-уми ноябри соли 1994, бо якдилӣ тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, ин абармардро Президенти мамлакат интихоб намуданд. Аз лаҳзаи ба сари ҳокимият омаданаш ба мардум қавл дод, ки ман ба шумо сулҳ меорам. Ҳамин тавр ҳам шуд, қавли мардонагии худро иҷро намуда, тамоми гӯрезаҳои тоҷикро ба ватан баргардонид ва ба хонадони миллати тоҷик сулҳро овард. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ мешиносанд, ки ба андешаи мо барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.
Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли 32 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд.
Ин ҳама талошҳою кушишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри ободии кишвар ва барои ҷавонони имрӯзу фардо буда, барои зиндагии шоистаи пайвандгари наслҳои ҷавон аст. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст ба қадри ин хизматҳои бузурги Пешвои миллат бирасем ва дастаҷамъона баҳри ободии кишвар хизмати шоиста кунем ва барои наслҳои оянда аз таърихи бой ва давлати ободи худро мерос гузорем.
Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизамро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Ҳуқушиноси Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон Қурбонов Муҳаммадсаид