Поделиться ссылкой:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, дар иртибот ба рушди минбаъдаи иқтисодии мамлакат истифодаи самараноки канданиҳои зеризаминии кишварро аз муҳимтарин омилҳо маҳсуб дониста, истихроҷ ва коркарди ниҳоии онҳоро чун талаботи рӯз арзёбӣ карданд.
Дар ин радиф вобаста ба мавҷудияти талаботи зиёди бозори дохил ва хориҷи кишвар ба сангҳои ороишӣ чунин таъкид намуданд: “Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад. Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.”
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти коллеҷ бо мақсади ташкили самраноки раванди баргузории дарсҳои амалии ихтисосҳои марбут ба иқтисодиёти саноати кӯҳӣ ва ба ин васила омоданамудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ синфхонаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо намунаҳои ҷинсҳои куҳӣ ва аёниятҳои тахассусро ташкил ва мавриди истифода қарор дод.
Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти тахассусӣ, аёниятҳо, сангҳои ороишӣ, маъданҳои кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок ва дигар лавозимоти таълимӣ-истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомзиҳои таълимии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.