Поделиться ссылкой:
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, дар МД Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва истифодаи устувори пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Осорхонаи миллӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқоти рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ, МДТ Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе ва МДТ Коллеҷи муҳандисон-омӯзгории ш. Душанбе иштирок намуданд. Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар муҳокимаи масъалаҳои илмӣ ва экологӣ фаъолона саҳм гузоштанд.
Дар маърӯзаҳои илмии пешниҳодгардида масъалаҳои муҳими марбут ба аҳамияти пиряхҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати экологии онҳо, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва экология, омилҳои рушди устувор дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ, наҷоти пиряхҳо ва масъулияти дастаҷамъонаи аҳли башарият, инчунин вобастагии динамикаи пиряхи Хирсон аз тағйирёбии нишондиҳандаҳои метеорологӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 16 декабри соли 2025 ба қабули қатъномаҳо ва тадбирҳои мушаххас вобаста ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» таъкид гардидааст. Ин таъкид бозгӯйи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти экологӣ, таъмини захираҳои об ва рушди устувори миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ менамояд.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, саволу ҷавобҳои судманд анҷом доданд. Муҳокимаҳо нишон доданд, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо масъалаи илмӣ набуда, балки вазифаи муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва умумибашарӣ мебошад, ки ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва истифодаи устувори пиряхҳо метавонад ҳамчун намунаи муваффақи ҳамгироии илм, экология ва манфиатҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат намояд. Конференсия бо пешниҳоди хулосаҳо ва тавсияҳои амалӣ ҷамъбаст гардида, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим саҳми арзанда гузошт.
Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони муассисаҳои ҳамкор, омӯзгорону донишҷӯёни фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд.
Иҷрокунанда: Мушовири директор
Замонова Фарзона Азатуллоевна
































