НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ТАКОМУЛИ ОН

Поделиться ссылкой:

НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ТАКОМУЛИ ОН
Нет описания фото.
Эй дуст, биё, боз ба наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.
Дар пардаи гул бод наво карда парешон:
Эй мурғи хушовоз,ба Наврӯз расидем.
Эй боғи гулафшон,бағали боз муборак,
Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем.
   Оре Наврӯз аз ҷашнҳои бошукӯҳтарин қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъаноти бостонии Иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.
   Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
   Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо – Ҳурмузд баъди 3000 сола подшоҳиаш аз тарафи мабдаи ҷаҳолат ва торикӣ – Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Мабдаи тозагӣ ва равшанӣ – Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуда, ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад. Ғайр аз Авасто мутафаккирони форсу тоҷик низ оид ба пайдоиши иди Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии порсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумоти зиёде дода шудааст. Якчадтои онҳоро манзури хонандагон мегардонем.
   Мутафаккир ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
   Дар «Форснома»-аш Ибни Балхӣ низ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро чунин баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯйи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳр барпо намуда, номи онро Истахр номидааст ва онро пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд.
   Ба ақидаи Ҳаким Иброҳим Умари Хайёми нишопурӣ сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки мегӯяд муаллиф «чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».
   Иду маросим ва расму оинҳо ҷузъи муҳими фарҳанги ҳар кадом умумиятро ташкил дода, дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд. Ҷашну маросимҳое, ки ба монанди иди Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо доранд, шиносномаи қадимӣ будани халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта, ба ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафию ахлоқии онҳо иртиботи бевосита доранд. Мазмуну мундариҷаи ҷашну маросимҳо ва нақши онҳо дар фаъолияту зиндагии одамон ва ба кадом андоза аз ҷониби бегонагон эътироф гардидани онҳо аз чигунагии сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти ҳар кадом халқ шаҳодат медиҳанд. Зеро тарзи тафаккуру зиндагӣ ва зеҳнияти онҳо пеш аз ҳама дар расму оин ва ҷашну маросимҳо, ки фарҳанги зиндаю воқеии онҳоянд, таҷассум меёбанд. Ҳамзамон дар пайдоишу ташаккули ҷашну маросимҳо шароитҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навъҳои шуғл ва касбу кори халқҳо таъсири муассир дошта, ҷашну маросим ва оинҳо низ баръакс ба ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти халқҳо таъсир мерасонанд, чуноне ки чунин фарқиятро мо дар тарзи зиндагию тафаккури мардумони муқимнишину деҳқон ва ҳунарманд ва мардумони саҳронишину бадавӣ мебинем. Аз ин рӯ ҷаҳонбинию тафаккур зеҳният ва ҷашну маросимҳои ҳар кадом халқ ҳамеша бо ҳам робита ва таъсири мутақобила доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷашну маросим ва расму оинҳо оинаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии халқҳоянд, ки тавассути онҳо гузаштаю имрӯза ва кӣ буданду аз куҷо омадани онҳо шинохта мегардад.
Омӯзгори калони кафедраи Менеҷменти соҳавӣ
                                            Обидова Сабаҳат Имроновна