ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПИРӮЗӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ

Поделиться ссылкой:

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПИРӮЗӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ

Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

     Аслан мафҳуми Ваҳдат ё Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби Истиқлоли давлатӣ ва махсусан имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 аҳаммияти хосса пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде зарур аст, ки метавон гуфт бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба камоли матлуб ва саодат даст ёбад.
Бузургтарин хатаре, ки барои як миллат ва як давлат таҳдид мекунад, ин набудани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ мебошад. Дар аҳди қадим қудратҳои ғарбӣ мафҳуми “Тафриқа андозу ҳукумат кун” -ро асоси фаъолияти худ қарор дода, бо ба роҳ андохтани тафриқа ва парокандагӣ дар байни миллатҳо ва давлатҳои шарқӣ онҳоро ба сарҳади нестӣ ва азҳампошӣ кашида, худ бар онҳо ҳукумат мекарданд. Ин хатар ҳануз аз байн нарафта ва ҳануз ҳам қудартҳо ва кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо андохтани ихтилоф ва зиддият дар байни дигар миллатҳо ва давлатҳои як андоза заиф ва дар ҳоли рушд, онҳоро ба гирдоби ноамнӣ ва ихтилоф кашида, худ хостаҳои худро пиёда кунанд. Бино бар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият, ҳамеша моро аз хатари ихтилофу парокандагӣ ҳушдор дода, миллати тоҷикро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват менамоянд.
Ваҳдати миллӣ танҳо як шиори хушку холӣ набуда, балки реша дар ормонҳои давлат ва миллати тоҷик дорад. Албатта, дар як ҷомеаи демократӣ, ки мардуми он дорои ақидаҳои мухталиф ва гуногунадешӣ мебошанд, метавонад қишрҳои мухталифи он ҷомеаи дар ҳама умур ваҳдати назар надошта бошанд, вале хушбахтона миллати тоҷик дар масъалаи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот комилан бо давлати худ мувофиқ буда, барои ҳифз ва пос доштани ин неъматҳои арзишманд бо пайравӣ аз Пешвои миллати худ тавонистааст Ваҳдату сулҳу суботро ҳифз кунад.
Ваҳдати миллии мо пас аз тай намудани роҳи мушкил ва монеаҳои зиёд ба қуллаи мурод ва саодат расидааст ва моро лозим аст, ки барои аз ҳар газанде эмин мондани он тамоми саъю талоши худро сарф кунем ва нагузорем, ки ин Ваҳдате, ки бо мушкилоти зиёд ба даст омадааст, халал ёбад.

Руҳулло МАҲМАДОВ
Декани факултети иқтисодиёти саноати кӯҳии Коллеҷ