Поделиться ссылкой:
СУЛҲУ ВАҲДАТ-ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Воқеан, соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, имрӯзҳо маҳз аз файзи соҳибистиқлолӣ тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон ба майдони бузурги созандагию ободкорӣ, бинокорию хуррамгардонӣ табдил ёфта, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дар ин икдому ташаббусҳои бунёдкорона бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ва садоқат ба ин сарзамину муқаддасоти ватандорӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мардуми мо ба мафҳум ва моҳияти истиқлол амиқ сарфаҳм рафта, дарк намуданд, ки бақову пойдории истиқлол, ҳифзи дастовардҳои даврони мустақилият ба кору амали ободгароёнаи мо, соҳибватанон, вобастагии зич дорад. Инчунин шаҳодати он аст, ки ҳисси ифтихори ватандории мардум боло рафтааст.
Бояд хотиррасон кард, ки маҳз иродаи азалии таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварии тоҷикистониён буд, ки дар атрофи Сарвари раҳнамову ҳидоятгари хеш муттаҳид шуда, бо ризоияту ҳамдилӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ хилофи талошҳои бадхоҳон фазои босуботу ором ва осударо муҳайё сохтанд.
Мардуми қадршиноси Тоҷикистони азиз бо ҳисси сазовори шукргузорӣ аз истиқлол ҳамчун неъмати бебаҳо, гаронқимат, падидаи муқаддасу ифтихорофарин ва арзиши нодир ҳамеша пайи талошу кӯшиши доимӣ мебошанд, то ки рукнҳо ва пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии истиқлолияти давлатии кишвари озодамон боз ҳам тақвияти бештар ёбад, чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Бояд зикр намуд, ки миллати тоҷик миллати хушбахттарини дунё аст, чунки сарвари худоназаркарда дорад. Аз баракати сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки дар давоми 30 соли истиқлол мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муваффақияту дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, бо ин васила дар арсаи байналмилалӣ шинохти мусбати миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун, ободгару бунёдкор ва сулҳхоҳу ташаббускор муяссар шуд. Бахусус, барои мо насли ҷавони кишвар ин мояи ифтихору фараҳмандии беканор аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон қайд намудаанд, “Мо бояд шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем ва онро дӯст дорем.”
Ҳар як сокини мамлакатро мебояд, ки аз шароитҳои фароҳамшуда дар фазои сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон шукргузор бошанд ва дар таҳкими чунин раванди созанда нақши муносиб гузоранд. Зеро нақш доштан дар пешрафти ҷомеа худ ифтихор аз соҳибватанӣ аст.
Абдулло НАЗАРОВ
муовини декан оид ба таълимӣ факултети Иқтисодиёти саноати кӯҳии Коллеҷ































