Ваҳдати миллӣ-чароғи роҳи фардои дурахшони Тоҷикистон

Поделиться ссылкой:

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ЧАРОҒИ РОҲИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

          Ваҳдат омад, бахт хандид бар диёри мо,
Нур пошид аз само бар рӯзгори мо.
Сулҳу дӯстӣ шукуфт дар ҳар як хонадон,
Шод гардид аз вуҷудаш мардуми Тоҷикистон.
“Оё боре андеша кардаем, ки агар сулҳу ваҳдат намебуд, имрӯз Тоҷикистони мо чӣ гуна мебуд? Осмони соф, зиндагии ором ва имкониятҳои рушди имрӯза самараи неъмати бузургест, ки онро ваҳдати миллӣ меноманд. Ваҳдат на танҳо як калима, балки рамзи зиндагии осоишта, дӯстӣ ва ягонагии миллати тоҷик аст. Маҳз ҳамин арзиши муқаддас роҳи фардои дурахшон ва пешрафти кишвари моро равшан месозад.”
Ҳар сол мардуми сарбаланди Тоҷикистон 27 июн- рӯзи Ваҳдати миллӣ-ро бо ифтихор ва шукргузорӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он рамзи сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллат буда, барои рушди давлат ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон заминаи мустаҳкам фаро овардааст. Ба шарофати ваҳдати миллӣ кишвари мо тавонист аз мушкилоту озмоишҳои вазнин гузарад ва роҳи ободиву пешрафтро гирад.
Дар ба даст овардан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург ва таърихӣ дорад. Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ӯ барои барқарор кардани сулҳ, оштии миллӣ ва муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон талошҳои пайваста анҷом дод. Бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои ӯ музокироти сулҳ баргузор гардида, барои хотима бахшидан ба низоъҳо замина фароҳам шуд. Дар натиҷа 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он оғози марҳилаи нави сулҳу субот ва рушди кишвар гардид.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, имрӯз Тоҷикистон ба кишвари орому обод табдил ёфта, ваҳдату ягонагӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз карда мешавад.
Ваҳдат мардумро ба ҳам меорад, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшад. Дар фазои сулҳу субот соҳаҳои гуногуни кишвар рушд мекунанд, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад ва ҷавонон имконияти бештар барои таҳсилу фаъолият пайдо менамоянд.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои ҳифзи сулҳу ваҳдат саҳмгузор бошад. Эҳтироми ҳамдигар, дӯст доштани Ватан ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ омилҳои муҳими пойдории ваҳдати миллӣ мебошанд.
Ваҳдати миллӣ воқеан чароғи роҳи фардои дурахшони Тоҷикистон аст. То замоне ки сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардум ҳукмфармо бошад, кишвари азизи мо рӯ ба пешрафт ва шукуфоӣ хохад овард. Бигзор ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бошад ва Тоҷикистони соҳибистиклолро ба сӯи қуллаҳои нави муваффақият раҳнамоӣ намояд.

Омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ- Назарзода Сафия