Архив Июнь 2019

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзодро ба ҳузур пазируфтанд

27 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзодро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки «бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем».

Залмай Халилзод бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон баҳри мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда ҳамчун роҳбари ташаббускор аз номи роҳбарияти маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка арзи сипос намуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манораи нави назоратӣ-танзимнамоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»-ро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оидбасохтмониМанораиназоратӣ-танзимнамоӣ дар давоми 18 моҳ бунёд карда шудааст.

Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст. Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд. Баробари мавриди баҳрабардорӣқарор додани манораи танзиму назоратӣ акнун дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад.

Баландии манора 41,23 метр буда, дар қисми болоии он толори кории танзимгарон ҷойгир аст, ки дар пояи баландии 36 метр бунёд гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар 21 зерсохтор 469 нафар кор мекунанд ва дар анҷом додани вазифаи мураккабу заҳматталаби назорату танзими парвозҳо ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас мегузоранд.

Аз шумораи умумии кормандони соҳа 94 нафар аз ҳисоби занону духтарон мебошанд, ки дар ин вазифаи пурмасъулият садоқатмандона фаъолият менамоянд.

Бояд гуфт, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва донишу таҷрибаи кормандони соҳа соли 2018 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Маркази таълимии авиатсионии таъсис дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ Маркази идораи ҳаракати ҳавоӣ аз ҳисоби маблағҳои худи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» пурра таъмир карда шудааст.Ҳамчунин бо ин мақсад дар давоми солҳои 2016-2019 дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ харидорӣ карда шудааст.

Саҳни манораи назоратӣ-танзимнамоӣ пурра чароғон ва гулу сабзкорӣ гардида, намои зебою муосир дорад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи манораи назоратӣ-танзимнамоӣ бо сатҳу сифати корӣ ва усули идора, танзиму назорати масири парвозҳо дар фазои Тоҷикистон шинос шуда, аз кормандони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои вазифаи касбии худ масъулиятшинос бошанд ва содиқу поквиҷдон ба нафъи Ватану миллат хизмат намоянд.

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт

27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони ноҳияи Рашт чун расми истиқболи меҳмони олиқадр бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз Сарвари хирадманди хеш сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 24 то 27 июн бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.

Дар ҷараёни сафари бобарору созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.

Зимни мулоқотҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияҳоро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро барои вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд

26 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори санаи таърихӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат ба кулли шаҳрвандони кишвар хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъкид доштанд, ки “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”.

Барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, обод намудани манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда тадбирҳои нахустин ва бобарори ҳукумат ва мардуми тоҷик дар роҳи пойдории давлату миллат мебошад.

Имсол ҷашни ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки мардуми шарифи Рашт аз сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатсози давлат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва албатта, ба василаи заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аз ҷумла водии Рашт тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи рангини консертӣ, ки тараннумгари ваҳдати сартосарӣ буд, идома дод.

Устодони санъат, ҳунармандону ҳаваскорони ноҳияҳои водии Рашт дастагули суруду мусиқиро тақдими иштирокчиёни тадбири фарҳангии идона карданд, ки хеле пуршукуҳ ва хотирмон буд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид.

Сипас оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №302 “Дар бораи дастгирии давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, рушди соҳаи энергетика, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар солҳои охир вазъи ин соҳаи афзалиятнок бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан беҳтар гардидааст ва дар натиҷаи ин дастгириҳо соли 2018 дар Тоҷикистон 19,7 млрд кВт соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани талафоти неруи барқ дар давраи солҳои 2014-2018 сатҳи талафоти неруи барқ аз 17,3 фоиз дар соли 2014 то ба 15,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёфта, дар ин давра ҳаҷми фоиданоки неруи барқ дар бозори дохилӣ зиёд гардид ва ҷамъоварии маблағ аз 1 млрд 40 млн сомонии соли 2014, дар соли 2018 2 маротиба зиёд ва ба 2 млрд 79 млн сомонӣ баробар шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, боз ҳам беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, коҳиш додани сатҳи талафоти неруи барқ, ба пуррагӣ гузаштан ба низоми муосири биллингии ҳисоби барқ ва баҳисобгирии неруи барқи таҳвилшаванда аз зеристгоҳҳои барқӣ то муштарии охирин таҳти назорат қарор дода шавад.

Қарор карда шуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҷиҳати муайян намудани андозаи воқеии талафоти неруи барқ, кам намудани он ва бо истифода аз низоми биллингӣ барои зиёд намудани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи корӣ, аз ҷумла дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хазинадорӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гузориш доданд.

Баъди муҳокимаи аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин лоиҳаи як қатор созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ ва дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Роғун раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода гузориш доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии хӯроки чорво, таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили истироҳати босифати кӯдакону наврасон дар лагерҳои истироҳатию фароғатии мамлакат ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашну идҳои дар пешистода дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди натиҷагирӣ аз баргузории Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ изҳори сипос карда, миннатдории бепоёни худро, махсусан, ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба ҳайати меҳмонони Тоҷикистон баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тадбирҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ истиқболу гусели пуршукӯҳи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон

16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.

Ба хотири гусели меҳмони воломақом майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Қабл аз маросими гусел дар толори пазироии меҳмонон мулоқоти хоса ва гарму самимии Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин доир гашт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари Чин барои иштироки фаъол дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва идомаи талошҳои созанда баҳри таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии наку, изҳори сипос карданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона изҳори сипос карда, ба баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Си Ҷинпин бо эҳсоси баланди хушнудӣ ва изҳори миннатдорӣ аз меҳмоннавозии дӯстона ва бародаронаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иштирок дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ва анҷоми сафари давлатӣ дар Тоҷикистон беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаҳо буданд. Ман дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтироми самимиро эҳсос кардам, ки ин инсондӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва хайрхоҳӣ хоси мардуми тоҷик аст.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 14 то 16 июн бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

Дар доираи сафари бобарор мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот дар маҷмуъ 18 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин заминаҳои мусоидро фароҳам овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро баъди анҷоми сафари давлатиаш гусел карданд.