Архив Апрель 2022

МАЪЛУМОТ БАРОИ ДОВТАЛАБОН.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки бинобар то ҳол зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел дароз карда шуд.
Вобаста ба ин, ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои мехостаашон пешакӣ омода намуда, баъдан дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки шахсони мазкур бо мақсади сарфаи вақти худу кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз хизматрасонии “Пешномнависӣ”, ки дар сомонаи Марказ дастрас аст, истифода намоянд.
Таъкид бояд кард, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2022 аз 1-уми март то 11 уми апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5 ум (тиб, биология ва варзиш) 101,54 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4 ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 101,54 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 юм (филология, педагогика ва санъат) 79,95 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифтаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 38,64 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 49,04 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4 ум ва 3 юм хеле кам аст.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2021 (бо дарназардошти ду марҳалаи бақайдгирӣ – асосӣ ва иловагӣ) аз рӯйи таносуби калонтарини шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 1 ум (нисбат ба нақшаи қабул 150,01 %), гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дар ҷойи 2 юм (нисбат ба нақшаи қабул 129,30 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 3 юм дар ҷойи 3 юм (нисбат ба нақшаи қабул 118,50 %) буд. Баръакс, таносуби хурдтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 65,69 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 80,16 %) буд. Вобаста ба ин, соли 2021 ум аз шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 10142 нафар (37,30 %) ашон бинобар роҳ наёфтан ба озмуни тақсимот ё гирифтани балҳои паст сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин шумораи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 1655 нафар (13,58 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 1513 нафар (10,75 %) ашон аз шумораи умумии довталабони довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони комёбнашудаи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум хеле кам аст. Бинобар ин, дар ИМД-2021 қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.
Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/…/eloni-ozmun-baroi-intikhobi…) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалии худро дар давраи азнавбақайдгирӣ, ки аз 16-ум то 30-юми апрел баргузор мегардад, иваз намоянд. Ба шахсони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро бори аввал номнавискунанда низ тавсия медиҳем, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар самти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳо то санаи 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бошад, то санаи 20 – уми ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳисобот манзур намояд.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12 хулосаи Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи  Барномаи  рушди  соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баррасӣ гардид.

Баъди муҳокимаи масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.

Дастурҳои дигар ба масъулини соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, дода шуд.

Бобати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба кишвар ва таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон супориш дода шуд, ки бо истифода аз нархҳои дастрас хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки хизматрасонӣ низ дар ин самт бояд ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ гардида буд.

Нашри китоби “Тоҷикон” ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мамлакат шахсони масъул ҳисобот доданд, ки ба ҳамаи оилҳои кишвар китоби “Тоҷикон” пурра дастрас гардид.

Дар охири маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолӣ давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, супориш доданд, ки давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.

ТАВАҶҶУҲ БА АМАЛИСОЗИИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”

Бо мақсади амалӣзозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва бо ин васила ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ва беҳтар намудани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, моҳи марти соли ҷорӣ дар муассиса аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ миёни хонандагону донишҷӯёни коллеҷ озмун ташкил ва гузаронида шуд.
Баъд аз натиҷагирӣ ва ҷамъбасти озмун аз ҷониби комиссияи тадорукот ғолибон ба тариқи зайл муайян гардидаанд:
– Аз фанни математика – Мирзоаҳмадзода Таҳмина донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи якум), Сайфураи Хушбахт- донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи дуюм), Аминҷони Абдушукур- донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи сеюм);
– Аз фанни химия – Гадоева Мафтуна – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи якум), Шаҳодати Шерзод – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи дуюм), Мирзоаҳмадзода Тахмина- донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 2-57010101-Экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи сеюм);
– Аз фанни биология – Мастонаи Неъматулло- донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи якум), Баротова Меҳрубон – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-260202-менеҷмент (аз рӯи соҳа) (ҷойи дуюм), Азизова Нилуфар – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи сеюм);
– Аз фанни физика – Сайфураи Хушбахт – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-57010101 – экологияи саноатї ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиї (ҷойи якум), Шарипов Зарифҷон – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-43010301 – таъминоти корхонаҳои саноатї бо барқ (ҷойи дуюм), Ҳамидов Мавлонҷон – донишҷӯи курси якуми ихтисоси ихтисоси 2-43010301-таъминоти корхонаҳои саноатї бо барқ (ҷойи сеюм);
– технологияи иттилоотї – Мухамедов Маъруф – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 2-260202 – менеҷмент аз рӯи соҳа (ҷойи якум), Шаҳриёри Бахтиёри Амирзода – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 2-270131 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (ҷойи дуюм), Сатторзода Умари Абдултабоб – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 2-270131 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (ҷойи сеюм).

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ КОЛЛЕҶ БО ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ

Санаи 28.03.2022 дар асоси иҷрои қарорҳои дахлдори ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз 18.02.2022, №16/10-48, маъмурияти муассиса бо намояндагони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар коллеҷ вохурии судманд доир намуданд.
Дар оғоз аз ҷониби роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ба меҳмонон ҷиҳати ба коллеҷ ташриф оварданашон изҳори сипос баён карда шуд. Сипас вобаста ба сохтор, иқтидорҳои зеҳнӣ, пойгоҳи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳҳо ва теъдоди донишҷӯёни коллеҷ маълумоти мушаххас мазур гардид.
Аз ҷумла дар мавриди пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва мавҷудияти озмоишгоҳҳо таъкид гардид, ки барои гузаронидани дарсҳои амалию лабораторӣ дар муассиса озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ мавҷуд буда, озмоишгоҳ бо хатти интернет ва дигар таҷҳизоти муосири зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар идомаи суҳбат маъмурияти коллеҷ аз вусъат бахшидани ҳамкориҳо истиқбол намуда,омдагии коллеҷро баҳри тавсеаи ҳамкориҳо бо истифода аз тамоми имконоту шароитҳо тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда хоҳад шуд.
Дар ин баробар ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология низ оид ба имконот ва шароити муосири таълимӣ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ дар озмоишгоҳҳои институт ва инчунин мавҷудияти таҷҳизотҳои муосири муҷаҳҳазшуда муаълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ҷалби омузгорони ҷавонро дар зинаҳои магистратура ва дигар зинаҳои таҳсилоти баъди дипломӣ муҳокима намуда, иброз гардид, ки тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт яке аз афзалиятҳои ҳамкориҳо ба ҳисоб меравад.
Дар охир аз ҷониби намояндагони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таклиф карда шуд, ки маъмурияти коллеҷ метавонад баҳри шиносоӣ ба имконоту шароит ва густраиши ҳамкориҳо ба институт ташриф биёранд ва ин таклиф аз ҷониби маъмурияти коллеҷ пазируфта шуд.