Архив 26.04.2022

Санаи 25.04.2022 Маҳфили илмии навбатии донишҷӯёни кафедраи менеҷменти соҳавӣ

“МЕНЕҶЕРОНИ ҶАВОН” дар мавзӯи “МАСЪАЛАҲО ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ТАНЗИМИ ҒИЗОИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР” гузаронида шуд, ки дар он сармутахассиси шуъбаи таълим, мудири бахши илм, сардори шӯъбаи БИСТ, декани факултет, мудири кафедра, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодии факултети иқтисодиёти саноати кӯҳӣ иштирок намуданд.
Дар оғози маҳфил декани факултет оид ба мазмуну муҳтавои масъалаҳо ва пробеламҳои ғизои экологӣ дар ҷаҳони муосир суханрони намуданд ва маҳфилро оғоз бахшиданд. Баъдан ассистентони кафедра Каттахонов Ф.М., Давлатов И., ва аъзоёни маҳфил оиди ин мавзӯъ маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Баъд аз анҷоми маърузаҳо миёни иштироккунандагони маҳфил саволу ҷавобҳо ба миён омад. Баъдан ҳар як иштироккунанда бо суханҳои гуногун баргузории маҳфилро шарҳ доданд….
Mahmadshoh Khujaev, Махаммад Чабборзода и ещё 21

Иштирок ва суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.

Кори саммитро Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ифтитоҳ намуда, дар он ҳамчунин, императори Ҷопон Наруҳито, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Узбекистон, Бутан,  Ветнам, Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ БАХШИДА БА “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР КОЛЛЕҶ.

Бо ташаббуси бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии коллеҷ бахшида ба “Ҳафтаи илм” дар муассиса баргзории чорабиниҳои илмӣ банақшагирифташуда, тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмии бахши мазкур ва кафедраҳои коллеҷ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ бо иштироки кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён маҳфилҳо ва семинарҳои илмӣ баргузор мегардад.