Архив 30.11.2022

МИЗИ МУДАВВАР

МИЗИ МУДАВВАР
Санаи 26.11.2022
Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ ва кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок санаи 26.11.2022 мизи мудаввар дар мавзӯи “Гидросфераи қабати қишри замин, таркиби химиявӣ ва физикии он” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, кормандони бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, омӯзгорони кафедра ва инчунин донишҷӯёни факултети геологияи муассиса иштирок доштанд. Дар оғози ин чорабинии илмӣ ассистенти кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок Ёрмадова М.З. суханрони намуда вобаста ба мавзӯи мазкур маълумотҳои зарури пешниҳод намуданд. Инчунин дар доираи мавзӯи мазкур аз ҷониби донишҷӯён низ маърӯзаҳо ба иштирокдорони ин чорабини ироа гардид. Дар баромади баромадкунандагон қайд гардид, ки Замин аз якчанд қабат иборат аст. Онҳоро геосфера меноманд. Геосфера аз чунин қабатҳо иборат аст: атмосфера (юнонӣ «атмос»-буғ), гидросфера (юнонӣ «гидро»-об), литосфера (юнонӣ «литос»-санг). Ҳамаи ин қабатҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: берунӣ ва дохилӣ. Онҳо бо таркиб, ҳолат (газ, моеъ, сахт…), фарогирӣ (муттасил ё номуттасил) ва ғафсии худ аз якдигар фарқ мекунанд. Гидросфера яке аз қабатҳои берунии Замин ба ҳисоб меравад. Ин қабати номуттасили Замин буда, дар сатҳи он ба монанди атмосфера пардаи яклухтро ҳосил намекунад. Он дар байни қабати атмосфера ва қишри Замин воқеъ гардида, тамоми уқёнусҳо, баҳрҳо, обҳои сатҳи хушкӣ ва зеризаминиро дар бар мегирад. Илова барин вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд садо дод. Баъд аз ироаи маърузаи баромадкунандагон миёни иштирокчиёни ин чорабинии илмӣ саволу ҷавобҳо баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона баромад намуданд. Дар охир донишҷӯёни курси якум, ки аввалин маротиба дар чунин чорабиниҳои илмӣ иштирок намуда будан аз ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуданд ва қайд карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ бозҳам зиёдтар карда шавад ва мо донишҷӯён тавонем донишу малакаи худро сайқал диҳем.