Дар доираи иҷрои нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова санаи 11.11.2022 дар муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар конференсияи мазкур Хонзода Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Мирзомуддинов Саидбек Идибекович -Намояндаи ҲХДТ дар Федератсияи Руссия, Камолзода Гулбаҳор Саидаслам – Прокурори калони бахши назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи шаҳри Душанбе, Ғаффорзода Юсуф- Намоянда аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД ш.Душанбе ва Сангов Манучеҳр – Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ироаи маърузаҳои пурмуҳтаво баромадкунандагон аз рӯи мавзуи пешбинишудаи чорабинӣ вобаста ба аҳамияти сиёсиву амалии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадамҳои аввалин дар роҳи эъмори давлати воҳид дар замони муосир ва ҷавонони даврони Истиқлолият пайравони аслии Пешвои миллат фикру андешаҳои худро гуногун шарҳ доданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Инчунин тазаккур дода шуд, ки Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.