Санаи 18.03.2023 дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 2-510101-геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки шуъбаи рӯзона ба осорхонаи минерологии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии мудири кафедра Раҳимов А.Р. ва омӯзгори кафедра Ҷобиров А.А. сафарбар гардиданд, ки дар осорхонаи мазкур донишҷӯён бо минералҳо ва дигар намудҳои канданиҳои фоиданоки ҷумҳуриамон ошнои пайдо намуданд.
Архив 20.03.2023
БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ МИНЕРАЛОГИИ ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ
𝐓𝐀𝐇𝐓𝐀𝐇𝐀Ҳ𝐎И Ҷ𝐀Ш𝐇И 𝐇𝐀𝐁𝐏Ӯ𝟑И Б𝐀Й𝐇𝐀Л𝐌ИЛ𝐀ЛӢ Д𝐀𝐏 𝐊𝐎ЛЛ𝐄ҶИ 𝐊ӮҲИИ Б𝐀 𝐇𝐎𝐌И 𝐂.Ю𝐂УП𝐎𝐁𝐀
Имрӯз (17.03.2023) аҳли кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова Наврӯзи байналмилалиро бо оростани дастархонҳои идона, намоиши анъанаҳои миллӣ ва баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд.
Қаблан директори муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии баҳори гулафшон ва Наврӯзи байналмилалӣ самимона муборакбод намуданд.
Инчунин, таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз инъикоскунандаи анъанаҳои миллӣ, эҳёи табиат ва мероси ниёгонамон буда, бо омаданаш ба кас накҳату тароват ва илҳоми тоза зам менамояд. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб кард ва ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ қабул гардид, ки имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Сипас директори коллеҷ ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои гуногуни коллеҷ аз хони оростаи сохторҳои муассиса боздид намуда, ба омодагии кормандону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ба оростани хонҳои наврӯзии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идома бо барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи донишҷӯёну хонандагони муассиса ва ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷанатулло Абдуллоев чорабини рангину хотирмон гардид.