Поделиться ссылкой:
Санаи 16.10.2023 бо мақсади пайвасти илм бо истеҳсолот ва иҷрои нақша чорабиниҳои муассиса, бо ташаббуси кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки муассиса донишҷӯёни ихтисоси 2-510201-истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (аз рӯи самтҳо) бо роҳбарии мудири кафедра Ёрмадова М.З., барои баргузории дарси сайёри амалӣ ба КВ Экспедитсияи ҷустуҷуӣ – аксбардории геологӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, сафарбар гардиданд.
Дар аввал донишҷӯёнро аз таърихи таъсисёбӣ, сохтор ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Экспедитсияи мазкур ошно намуданд. Илова барин қайд кардан ба маврид аст, ки дар Экспедитсиямазкур аксаран намунаи минералҳо, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ мавҷуд аст. Дар рафти баргузории дарси мазкур аз ҷониби мутахассиси соҳа вобаста ба паҳлуҳои самти геологи пайдоиш ва соҳаи истифодабарии ин сарватҳои бебаҳои табиӣ ба донишҷӯён маълумотҳои зарурӣ дода шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби донишҷӯён ба мутахассисон саволҳо пешниҳод карда шуд. Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд, ки аз ин донишҷӯён қаноатманд гардиданд.
Дар фарҷом омӯзгор ва донишҷӯён ба роҳбарияти КВ Экспедитсия минадории хешро аз номи маъмурияти коллеҷ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қабул ва ташкили дарси сайёр баён намуданд.