Поделиться ссылкой:
Санаи 21.10.2023 дар асоси нақша-чорабиниҳои коллеҷ оид ба иҷро дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода шуд, дар иртибот ба ҳамгироии низоми таълим бо амалияи истеҳсолот семинари омӯзишӣ бо ҷалби мутахассиси соҳавӣ аз ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” дар мавзуи “Хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ” баргузор карда шуд.
Мақсад аз ташкил ва роҳандозии чунин семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамоҳангии илм ва истеҳсолт дар асоси меъёрҳои муқарар гардидаи нақша ва барномаҳои таълимӣ ифода ёфта, донишҷӯёнро бо раванди хизматрасониҳо дар ташкилоту муассисаҳо бо дарназардошти талаботи мусири бозори меҳнат шинос менамоянд.
Дар семинари мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои “ҳисоби муҳосибӣ таҳлил ва назорат”, “Менеҷменти соҳавӣ” ва “таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ” фаъолона ширкат вазида, аз ҷараёни баргузорӣ семинари мазкур изҳорӣ қаноатманди баён намуданд.