Поделиться ссылкой:
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03.11.2023 дар коллеҷ ҳамоиши илми назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур хонандагону донишҷӯён кормандону омӯзгорон ва меҳмонон аз як қатор ташкилоту муассисаҳо аз ҷумла муҳаққиқ ва сиёсатшиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкурро роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои қаблии худ ба Маҷлиси Олӣ ба нақши Конститутсия дар рушди устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баҳои баланд дода, Конститутсияро ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ, роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократӣ муайян ва эътироф намудаанд.
Дар идома қайд карда шуд, ки ин санади муқаддас истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт. Сониян, моҳият ва мўҳтавои ин санад, ки аз тариқи раъйпурсии умумӣ қабул гардид, барои ҳамдигарфаҳмии мардум ва таъмини сулҳу суботи кишварамон нақши калидиро иҷро намуд.
Сипас аз ҷониби маърузачиён доир ба мавзуҳои “Конститутсия кафили ҳифзи истиқлолу давлатдорӣ”, “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули асосҳои сохтории конистутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Конститутсия санади тақдирсози миллат” ва “Конститутсия бахномаи миллат” ба ҳозирин маърузаҳои ҷолиби диққат пешкаш карда шуд.