Поделиться ссылкой:
📜 НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХ 🌸
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият ба ҳисоб рафта, решаҳои он ба ҳазорсолаҳои дур мерасад. Ин иди бостонӣ на танҳо оғози баҳор, балки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва оғози давраи нави кишоварзӣ мебошад.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯз ҳанӯз дар замони тамаддунҳои қадим, махсусан дар минтақаҳои Эронзамин ва Осиёи Марказӣ таҷлил мегардид. Дар осори куҳан, аз ҷумла дар “Авесто” – яке аз қадимтарин китобҳои мазҳабӣ ва фарҳангии мардуми ориёӣ ишораҳо ба ҷашнҳои марбут ба табиат ва баробаршавии шабу рӯз (эътидоли баҳорӣ) дида мешавад, ки бо Наврӯз иртиботи зич доранд.
Дар давраи салтанати Ҳахоманишиён (асрҳои VI–IV то милод) Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мешуд. Подшоҳон дар ин рӯз маросимҳои бошукӯҳ баргузор намуда, намояндагони халқҳои гуногун бо туҳфаҳо ба дарбор меомаданд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки унсури муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ буд.
Бо гузашти замон, Наврӯз дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз Сосониён то замони исломӣ бо шаклҳои гуногун идома ёфт. Гарчанде баъзе анъанаҳо тағйир ёфтанд, моҳияти асосии он эҳтиром ба табиат, покизагӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳифз гардид.
Дар давраи муосир Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ба қайд гирифта шуд. Баъдан, 23 феврали соли 2010, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул намуда, 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.
Ин иқдом бо ташаббуси як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо пешниҳод гардида буд. Нақши муҳимро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Наврӯз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиданд.
Имрӯз Наврӯзро зиёда аз 300 миллион нафар дар ҷаҳон ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Маросимҳои суннатӣ, аз қабили пухтани суманак, баргузор намудани бозиҳои миллӣ, тозакунии хона ва дидорбинии наздикон, ҳама аз арзишҳои қадимии ин ҷашн шаҳодат медиҳанд.
🌿 Наврӯз имрӯз на танҳо рамзи таърих ва анъана, балки пули пайвасткунандаи наслҳо ва фарҳангҳо мебошад.
🌸 Наврӯз муборак! Бигзор ҳар рӯзатон Наврӯз бошад!
Гулямова Сабрина- Мутахассиси кор бо ҷавонон ва ташкили тарбия































