Архив Май 2019

ДАР ДУШАНБЕ ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ БЕНОҚИЛ БА ҲАРАКАТ МЕДАРОЯНД!

Моҳи марти соли равон ба шаҳри Душанбе 4 адад троллейбусҳои беноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус

ворид карда мешаванд. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи номбурда, оид ба ворид намудани троллейбусҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати болозикр шартнома ба имзо расидааст. «Дар марҳилаи аввал чор адад чунин троллейбусҳо ба пойтахт ворид карда шуда, дар ҳолати мутобиқ будани он ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, идомаи харидории он бозбинӣ карда мешавад», — илова намуд номбурда. Ба иттилои роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе Абдулхайр Алиев, троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. «Арзиши як адад чунин троллейбусҳо наздик ба 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад»,- илова намуд А. Алиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар». Бояд гуфт, ки троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати «Белкоммунмаш» дар ҳамаи минтақаҳои Беларус фаъол буда, инчунин ширкат бо Россия, Руминия, Украина, Сербия, Молдова, Қирғизистон, Аргентина, Колумбия ва дигар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ворид намудани чунин нақлиёти замонавӣ ба шаҳри Душанбе- кам кардани танбашавии ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мебошад.

Се китоби нав ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чор маҷмўаи хурди адиби тоҷик Абулвайси Азиз дар нашриёти «Мулквар» соли 2019 рўи  чоп  омад. Абулвайси  Азиз  8 марти  1939 дар  деҳаи  Яхсуйи Даҳанаки  Болои  Ноҳияи  Кулоб  ба  дунё  омадаст. Баъди  хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилро дар факултаи таъриху  филолгияи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба  номи В.И.Ленин  идома  дода,  соли  1963  ба  итмом расонидааст. Баъдан  муаллими мактаби  миёна, ходими адабии  Рўзномаи «Комсомоли  Тоҷикистон», муҳаррири нашриёти «Ирфон», «Адиб» (1987- 1994) будааст. Аз соли  1994  машғули  кори  эҷодист. 

Наврўзи  Роғун

 Нуртаронаҳои таълимиву омўзишӣ «Наврўзи  Роғун » ба нураш  тазод  ба нори ҷангҳои Афғонистону Ироқу Яману Сурия ва ба  ҳамагуна  ҷангҳои  ғосибиву таърихии замону  ояндаи  башар  иншост.

 Чун сулҳ, чаро ҷанг?

 Муаллиф мегӯяд ин китобро ба 30 солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо кардааст вадар оғоз менависад: Олимони асили ҷаҳон  сўзанда не, созанда, розиқи ҳамагон ва кошифанд. Ангора ва  чакомаҳои  ин  рисола  ба  фандҳову  ҷангҳои   ҷаҳонӣ  тазод  иншо  шудаанд. Онҳо  табиатан ба мисли ҳамаи инсонҳои одили Сайёра ба фандҳову ҷангҳо тазод умр ба сар мебаранд, барои имрӯзу фардоянд бо аҳли башар ва оламшавӣ…

Мавҷудот  (Атом – ЭПН)

 Ин номи китоби дигари Абулвайси Азиз аст ва он низ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Номҳои  мавҷудоти  ҷуъзиву  куллӣ  дар  баёну  тасвироти  ҳаёти одаму олами  Ватану  Сайёраи  бихрад… бо адиб  вожаву  калимот, шакл, услуб ва маънои  фарогиранди  қомусӣ  доранд.

Муаллиф як муқаддимаи кутоҳе дар боби аввал дорад, ки дар он омадааст: Офаридгор бо мӯъҷизаҳои муқаддаси бешумори тоҷдораш ҳаётободии мавҷудот аст. Онҳо беҷону ҷондоранд, кошифдору бекошифанд. Қонунҳои хосу фардӣ дорад. Зимнан ватан, модар, замон, миллату давлат, кайҳон, галактика, офтоб, моҳ, ситора, бешумор олами бетадқиқ ва ба ақлу чашм, диданиву фаҳмиданӣ, нофаҳмиданӣ ва нодидании фантастикӣ бо ваҳдати одамӣ ҳаётбахшанд…

Идомаи ин муқаддимаро худи шумо хонадагони азиз аз китоб бихонед.

Қатраҳои  баҳри  Бедил

Ин китобчаи хурдакак муколама  ва  андешаҳои  омўзишии  Мирзо Бедил  бо ҳикмати  ваҳдонии  истиқлоли Ватан, Модар, Миллат ва давлат  ба  шарофати  озодӣ  дар асоси  суолу ҷавоб  ва  андешагўи  иншо  аст.

Мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ

10 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд.

Дар мулоқот аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти кишвар, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати мамлакат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мақсади мулоқоти имрӯза бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Юсуф, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Чиллазода Қарахон, вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин, роҳбарони бонкҳои саҳҳомии кишвар ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш доданд.

Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ошкор кардани қонунвайронкуниҳо, ҷиноятҳои молиявии вобаста истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои характери коррупсионӣ дар мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ, маълумот дода шуд.

Зимни гузориши вазири молия, раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, масъалаҳои иҷрои босифати нақшаи даромад ва хароҷоти буҷет, иҷрои барномаҳои давлатӣ, зарурати ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ дар коргузорӣ, соддагардонии андоз, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти таъин ва пардохти нафақа, баррасӣ карда шуд.

Раисони Бонки миллӣ, “Амонатбонк” ва бонкҳои саҳҳомии кишвар ба Сарвари давлат оид ба низоми бонкдорӣ, қурби пули миллӣ, беҳдошти сатҳи хизматрасонии бонкӣ, амонатгузорӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, гузориш доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи роҳбарону коргарони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар, барои бар нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият кардан, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт.

Оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо гузориш дод.

Баъди садо додани суруди миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик суханронӣ намуда, рӯзи ғалабаро ба ҳамаи собиқадорони ҷанг ва ба мардуми сулҳхоҳи кишвар самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки рӯзи ғалаба барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги  шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Иди ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу карданд.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос доштанд.

Ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад.

Яъне рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад.

Мардуми мусулмони мо дар ин моҳи муборак ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатҳо мераванд, ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд кумак мерасонанд, то ки бо чунин аъмоли хайрхоҳона соҳиби савоби бештар гарданд.

Парҳезкорӣ ва лутфу эҳсон ба аҳли хонадон, хешу табор ва ҳамсояҳову ёру дӯстон, худдорӣ кардан аз амалҳои ношоиста, иҷрои корҳои хайру савоб ва арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояи онҳо дар ин моҳи муборак ба мусулмонон воҷиб дониста шудааст.

Фазилати дигари моҳи рамазон дар ботини ҳар як мусулмон ташаккул додани хислати ҷавонмардӣ ва саховатмандӣ мебошад.

Тибқи сарчашмаҳои муътамад саховатмандиву ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзии Расули акрам дар моҳи шарифи рамазон дучанд мешудааст.

Дар баробари ин, додани садақаи фитр ва умуман, ҳама гуна хайроту садақа дар моҳи шарифи Рамазон ҳамчун яке аз воҷиботи дини мубини ислом ба шумор меравад.

Дар ояти 60 сураи “Тавба” ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст.

Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад.

Дар ин раванд, бояд донист, ки ҳама гуна рафтори хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкоридошта ҳеҷ маънӣ надорад.

Ҳамчунин, ҳар як фарди муъмин бояд дар хотир дошта бошад, ки дар моҳи шарифи Рамазон амалҳои неку писандида, аз ҷумла хайроту садақа на ба хотири зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ, исрофкорӣ ва худро аз дигарон болову беҳтар нишон додан, балки барои ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом дода мешаванд.

Тибқи оятҳои қуръонӣ “беҳтарини бандагон дар назди Худо парҳезгоҳтарини онҳоянд”.

Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки ба рӯҳу арвоҳи гузаштаҳо танҳо савоби дуо ва қироати каломи раббонӣ мерасад.

Яъне худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дасторхони серхарҷ аз аъмоли воҷиби дини мубини ислом шуморида мешавад.

Дар ин бобат дар сураи “Исро”- и каломи осмонӣ омадааст: -“Ва ҳеҷ гоҳ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст”.

Вале то ҳанӯз ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки ин фармудаҳои Худованд ва ҳамчунин, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар ҷомеаи мо аз ҷониби баъзе ашхос иҷро намегарданд ва чунин шахсон бо оростани дасторхони пурдабдабаву намоишкорона меъёрҳои зикршударо дағалона поймол мекунанд.

Вобаста ба моҳи мубораки рамазон таъкиди як масъалаи дигарро зарур мешуморам, ки дар фиқҳи ҳанафӣ барои мусулмонон, аз ҷумла ба занони ҳомила ва кӯдаки ширхӯрдошта, мусофирон, беморон ва барҷомондагон сабукиҳо муқаррар шудаанд.

Дар ояти 195 сураи «Бақара» омадааст, ки «… Хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат наафканед».

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки моҳи рамазон имсол низ ба фасли гармо баробар меояд.

Шахсоне, ки бо корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд, дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд ё ҳатто саломатии онҳо зарар мебинад.

Агар ризқу рӯзии бо заҳмат парваришкардаи марди деҳқон дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, чунин амал боиси ба мушкилоту сахтӣ рӯ ба рӯ шудани рӯзгори мардум, яъне қимат шудани маҳсулот ва ҳатто гуруснагӣ мегардад. Чунонки дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст.

Гурӯҳҳои зикршудаи мусулмонон метавонанд дар дигар вақти барояшон мусоид рӯза гиранд.

Дар сураи «Нисо»-и Қуръони маҷид ба ин маънӣ таъкид шудааст: -«Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст».

Вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, баъзе кишварҳои мусулмонӣ сол ба сол ноором гардида, низоъҳои байнимазҳабӣ торафт тезутунд шуда истодаанд, ки мавҷи онҳо метавонад сарҳади давлатҳои орому осударо убур карда, вазъи дохилии онҳоро низ бесубот гардонад.

Ҳамзамон бо ин, хусусан, солҳои охир раванди сиёсӣ сохтани ислом вусъати хатарнок гирифта, ҳар рӯз боиси қатлу куштори ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва бе хонаву ҷой мондани миллионҳо нафари дигар шуда истодааст.

Аксари гурӯҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби ислом содир мекунанд, ҳол он ки дини ислом аслан ва моҳиятан зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс, одамонро ба инсондӯстӣ ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳадафи асосии равияҳои ифротиро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва нагузорем, ки дар ҷомеа андешаҳои ба мафкураи мо бегона нуфуз пайдо кунанд.

Дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон, бахусус, ба масъалаҳои дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати халқамон, инчунин, пос доштани иззату ҳурмати падару модар ва калонсолон бояд эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Мо бояд шукрона кунем, ки давлати озоду Ватани обод дорем ва аз баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар фазои осуда зиндагӣ мекунем.

Тавре, ки борҳо иброз дошта будам, дар зиндагии ҳаррӯза имконияти савобгирӣ хеле зиёд аст.

Вале тибқи мушоҳидаҳо баъзе тоҷирон дар арафаи моҳи рамазон ва идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт ва беасос баланд мебардоранд ва бо чунин кирдори худ, аз як тараф, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд ва аз тарафи дигар, худашон ва аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳи шариф маҳрум месозанд.

Дар ҳадисҳои пайғамбари ислом оқибати чунин рафтор таъкид шудааст: – “Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб менамояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар ки нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад”.

Ё дар ҳадиси дигар чунин омадааст: “Тоҷири қиматфурӯш ва шахси худкушикарда дар як дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар ки дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад”.

Вақтҳои охир як қисми ҳамватанони мо маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зисти худ, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амал, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад.

Тибқи таълимоти ислом чунин корҳо савоби ҷория мебошад, ки аз баракати он худи шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва аҳли хонадони онҳо ба таври доимӣ баҳравар мегарданд.

Бовар дорам, ки чунин раванди неку созанда дар доираи омодагӣ ба сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон вусъати бештар пайдо мекунад ва мо ин ҷашни бузурги миллиамонро дар шароити орому осудаи Ватанамон ва зиндагии аз имрӯза хеле беҳтари халқамон истиқбол мегирем.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба мардуми шарафманди кишварамон табрик гуфта, барои ҳар як сокини мамлакат хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастиву имони комил ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарбахши идоракунии давлатӣ, бахусус ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал таҳия гардида, хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзлиятҳо ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ба низоми ягона овардани раванди таҳияи барнома, нақшаҳои рушд ва тақвият бахшидани рафти ҳамоҳангсозии онҳо ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” аҳамияти махсус дода шуда, он ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ пешниҳод гардад.

Сипас, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат, баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар хотима баъди баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ ва идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас доданд.