Архив 30.05.2019

Мулоқот бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ нақши хоссаи нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус қайд карданд.

Зимнан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу

28 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаи таъмини амният муҳокима карда шуд.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои иттиҳод – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба ҷониби Қазоқистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост.

Сарвари давлат зикр карданд, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони Иттиҳод дар сиёсати хориҷии мо ҳамеша мақоми махсус дорад ва ҳоҳад дошт. Дар ин росто мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният аҳамияти хоса медиҳем, таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат зикр карданд, ки кишварҳои мо дар ҷаҳорчуби ҳамгироӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, чун терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, якҷо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иттифоқчии воқеъӣ мебошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мо метавонем бо дарёфти роҳҳои хуби таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар ҳалли вазифаҳои бузург дар ҳамаи самтҳо, муваффақ гардем.