Архив 15.05.2019

“Барқи Тоҷик” беш аз 16 млрд. кВт. соат барқ истеҳсол кард

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои

барқу гармидиҳии ШСХК «Барқи Тоҷик» 16 млрд. 219,3 млн. кВт. соатро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2017 860,4 млн. кВт. соат зиёд мебошад. Дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нав, иваз намудани чархи кории гидроагрегати №9 дар НБО-и “Норак” имкон фароҳам овард, ки иқтидори истеҳсолии он аз 160 МВт ба нишондодҳои лоиҳавиаш- 335 МВт расонида шавад. Инчунин баъди анҷоми корҳои таъмири асосии Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе иқтидори он бо истифода аз гази табиӣ аз 20 МВт ва 50 Гкал/соат ба 120 МВт ва 180 Гкал/соат расонида шуд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ соли 2018 ба 656,8 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли 2017 дар ҳаҷми 228,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

ДАР ДУШАНБЕ ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ БЕНОҚИЛ БА ҲАРАКАТ МЕДАРОЯНД!

Моҳи марти соли равон ба шаҳри Душанбе 4 адад троллейбусҳои беноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус

ворид карда мешаванд. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи номбурда, оид ба ворид намудани троллейбусҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати болозикр шартнома ба имзо расидааст. «Дар марҳилаи аввал чор адад чунин троллейбусҳо ба пойтахт ворид карда шуда, дар ҳолати мутобиқ будани он ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, идомаи харидории он бозбинӣ карда мешавад», — илова намуд номбурда. Ба иттилои роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе Абдулхайр Алиев, троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. «Арзиши як адад чунин троллейбусҳо наздик ба 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад»,- илова намуд А. Алиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар». Бояд гуфт, ки троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати «Белкоммунмаш» дар ҳамаи минтақаҳои Беларус фаъол буда, инчунин ширкат бо Россия, Руминия, Украина, Сербия, Молдова, Қирғизистон, Аргентина, Колумбия ва дигар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ворид намудани чунин нақлиёти замонавӣ ба шаҳри Душанбе- кам кардани танбашавии ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мебошад.

Се китоби нав ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чор маҷмўаи хурди адиби тоҷик Абулвайси Азиз дар нашриёти «Мулквар» соли 2019 рўи  чоп  омад. Абулвайси  Азиз  8 марти  1939 дар  деҳаи  Яхсуйи Даҳанаки  Болои  Ноҳияи  Кулоб  ба  дунё  омадаст. Баъди  хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилро дар факултаи таъриху  филолгияи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба  номи В.И.Ленин  идома  дода,  соли  1963  ба  итмом расонидааст. Баъдан  муаллими мактаби  миёна, ходими адабии  Рўзномаи «Комсомоли  Тоҷикистон», муҳаррири нашриёти «Ирфон», «Адиб» (1987- 1994) будааст. Аз соли  1994  машғули  кори  эҷодист. 

Наврўзи  Роғун

 Нуртаронаҳои таълимиву омўзишӣ «Наврўзи  Роғун » ба нураш  тазод  ба нори ҷангҳои Афғонистону Ироқу Яману Сурия ва ба  ҳамагуна  ҷангҳои  ғосибиву таърихии замону  ояндаи  башар  иншост.

 Чун сулҳ, чаро ҷанг?

 Муаллиф мегӯяд ин китобро ба 30 солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо кардааст вадар оғоз менависад: Олимони асили ҷаҳон  сўзанда не, созанда, розиқи ҳамагон ва кошифанд. Ангора ва  чакомаҳои  ин  рисола  ба  фандҳову  ҷангҳои   ҷаҳонӣ  тазод  иншо  шудаанд. Онҳо  табиатан ба мисли ҳамаи инсонҳои одили Сайёра ба фандҳову ҷангҳо тазод умр ба сар мебаранд, барои имрӯзу фардоянд бо аҳли башар ва оламшавӣ…

Мавҷудот  (Атом – ЭПН)

 Ин номи китоби дигари Абулвайси Азиз аст ва он низ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Номҳои  мавҷудоти  ҷуъзиву  куллӣ  дар  баёну  тасвироти  ҳаёти одаму олами  Ватану  Сайёраи  бихрад… бо адиб  вожаву  калимот, шакл, услуб ва маънои  фарогиранди  қомусӣ  доранд.

Муаллиф як муқаддимаи кутоҳе дар боби аввал дорад, ки дар он омадааст: Офаридгор бо мӯъҷизаҳои муқаддаси бешумори тоҷдораш ҳаётободии мавҷудот аст. Онҳо беҷону ҷондоранд, кошифдору бекошифанд. Қонунҳои хосу фардӣ дорад. Зимнан ватан, модар, замон, миллату давлат, кайҳон, галактика, офтоб, моҳ, ситора, бешумор олами бетадқиқ ва ба ақлу чашм, диданиву фаҳмиданӣ, нофаҳмиданӣ ва нодидании фантастикӣ бо ваҳдати одамӣ ҳаётбахшанд…

Идомаи ин муқаддимаро худи шумо хонадагони азиз аз китоб бихонед.

Қатраҳои  баҳри  Бедил

Ин китобчаи хурдакак муколама  ва  андешаҳои  омўзишии  Мирзо Бедил  бо ҳикмати  ваҳдонии  истиқлоли Ватан, Модар, Миллат ва давлат  ба  шарофати  озодӣ  дар асоси  суолу ҷавоб  ва  андешагўи  иншо  аст.