Архив Май 2019

Ғанӣ Ҷӯразода кист?

Ин ном барои хонандагон ошност. Ин нависанда ҳамчунон дахолати бевосита ба пасту баланди ҷараёни адабӣ надорад ва низ хеле дер ба узвияти Иттифоқи нависандагон (соли 2000) пазируфта шудааст. Манзураш аз адабиёту аз узвият ба Иттифоқи нависандагон суд ҷустан ҳам нест, балки ӯ аз силки онҳоест, ки ҳавасҳои некӯ гуфтан эшонро ба адабиёт овардааст.

     Дар жанри ҳикоя қарор гирифтани интихоби нависанда ва мувофиқати диду услуби эҷодӣ дар сатҳи биниш ва тафаккури бадеии ӯ рамзи мустақилияти эҷодӣ ва озодии рӯҳу таасурот ва шинохти воқеият аз бархӯрдҳои хурду калони зиндагист, ки чунин падида дар эҷодиёти ӯ равшан ба назар мерасад. Дилгармии ӯ ба адабиёт ва садоқатмандиаш ба қиссапардозӣ низ аз ҳамин муносибати ӯ ба рӯйдодҳои зиндагӣ алоқа гирифтааст. Овози хеле форам ва дилнишин (ҳангоми мутолиаи ҳикояҳояшон ин овози шинос ба гӯш мерасад), риояи анъана ва русуми ошно, ҷо-ҷо руҷӯъҳои воқеъӣ ва бардошт аз онҳо, ҷилваи рангҳо аз тасвири манзараҳои диёр, бархӯрди оҳангҳои гӯшнавоз аз унсурҳои зотии табиат,омезиши ҳамон рангҳову оҳангҳо ва садоҳои форами резиши обу вазиши боди саҳаргоҳи, чаҳ-чаҳи булбулону овои мурғони боғу барзан бо сохтакориҳои назарфиреби кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳама гармонияи зебои дили нависанда ва усули нақлу тасвирҳои ӯро тамомият мебахшанд.

    Перомуни эҷодиёти Ғанӣ Ҷӯразода мулоҳиза ронда, ҳамин махсусияти омезиши дид ва усули нақлро ба хотир овардаем. Ғанӣ Ҷӯразода он вақте ҳам, ки дар бораи ҳаёти деҳу пасту баланди зиндагии он менависад ва ҳам ҷузъиёти рӯзгори фиребои шаҳрро қисса менамояд, мухтасоти биниши нависанда аз дидаву шунидаҳояш имтиёз пайдо мекунанд.

Дар вокеъа, метавон гуфт, ки Ғанӣ Ҷӯразода муаллифи китобу маҷмӯъаҳои бисёрест. То имрӯз наздики даҳ китоби ҳикояву қиссаҳои ӯ чоп шудаанд.

 Дар ҳамаи ҳикояҳои Ғанӣ Ҷӯразода як паҳлӯи ҳаёт, як пораи зиндагии мо ва ягон ҷузъиёти хуб ё бади ҷомеъа ба тасвир гирифта мешавад. Ӯ нависандаи ҳаҷвнигор ҳам ҳаст ва як паҳлӯ ва самти мушоҳидаҳои ин нависандаро зикр ва ошкор кардани падидаҳои нохуби зиндагӣ ташкил медиҳад. Теъдоди онҳо каманд, вале ҳадафҳо дар ҳаҷвиёти нависанда нишонрасанд. Инро ба назар гирифта нависанда Ӯрун Кӯҳзод дар сарсухани маҷмӯъаи «Қисмат» ба ду ҷанбаи эҷодиёти адиб, ба «ҳикояҳои маъмулӣ ва ҳикояҳои хаҷвӣ» ишора карда навишта буд, ки «хикояҳои хаҷвии ӯ вокеъӣ ва намакинанд, ки заҳрханда не, шакарханда дорад ва табъро тира не, балки хуш мекунад…»

Нависандагоне ҳастанд, ки дар роҳи интихоби тарзу усулҳои таҳияву тасвир ҷӯяндагӣ зоҳир карда, пайи ин мақсад худашонро ба ҳар дару девор мезананд. Намедонанд, ки қиссагӯ шаванд ё ҳикоя нависанд, ба драма рӯ оранд ё ба достонҳои калон. Вале роҳи муваффақ шудан як аст: интихоби ҷиддии шакли ифода, ки ҳам нақл ва ҳам тасвир, ҳамчунин заминаи воқеъии садоқати адиб ба шакли ифодаро фаро гирад.Дар ин роҳ таърихи адабиёт ба мо сабақҳои хубе медиҳад. Ворастагии тафаккур ва тавофуқи он ба шакли тасвир дар эчодиёти адиб муҳим аст. Аз ду роҳи муҳиме, ки шоир ё нависанда онҳоро азиз донад, яъне садоқат ба мавзӯъ ва шакли ифода, мо гумон мекунем, ки дуюмӣ муқаддам аст ва дар муайян намудани бунёди поэтикӣ ва ҳунари нависандагӣ ба муаллиф ёрӣ мерасонад.

     Ғанӣ Ҷӯразода дар ин роҳи пуршараф ба анъанаҳои эҷодии Ҳаким Карим ва Раҳим Ҷалил дар ҳикоянависӣ содиқ монд ва дар байни хонандагон маҳз бо ҳикояҳои хубу хонданбобаш маҳбубият пайдо кард.

 Абдувалӣ  Давронов

Муаррифӣ:  Адиби шинохта  Ғани  Ҷўразода  9 январи  соли 1936 дар маҳаллаи  Мирамони  ҷамоати  Пўлодони  нохияи  Конибодом, вилояти   Суғд  дар оилаи  коргари роҳи  оҳан  таваллуд  ёфтааст.  Баъд  аз хатми мактаби  миёнаи № 25 дар соли 1956 таҳсилро дар шўъбаи филологияи тоҷики  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  идома  медиҳад.  Пас аз хатми   Донишгоҳ  солҳои 1961-1993   дар рўзномаҳои   «Комсамоли Тоҷикистон»  «Ҷумҳурият»  « Садои мардум»  ва  маҷалаи  «Коммунисти Тоҷикистон» дар вазифаҳои  гуногун кор кардааст. Солҳои 1993-2006  тарҷумон  муҳаррири  Дастгоҳи  Маҷлиси  намояндагони   Маҷлиси  олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  буд.

 Нахустин шеъру ҳикояҳояш солҳои 1955-1957  чоп  шудаанд. Асарҳояш ба забонҳои  русӣ,  узбекӣ  ва  ғайра  тарҷума  шудаанд. Шеъру  ҳикояҳо  ва очеркҳои  ў   дар китобҳои  дастаҷамъии «Қаламҳои  пурумед» (1957), «Чароғи ирфон» (1960),  «Шафақи субҳ» (1963), «Шўълаи гулхан»  (1967), ва китобҳои  дарсии  мактаби  миёна нашр шудаанд. Китобҳои  ҳикояҳо ва  қиссаҳояш «Кулоҳи падар « (1988», «Захми дил» «Қисмат»  (2000), « Ҳушёраки ман, ту куҷои ? » (2004), «Афсонаи  модаркалонам» (2005), «Бозгаши  хотира»,  «Очаҷон , аз ман маранҷ!» (2006). « Рахсеб» (2008),  «Шишаи бишкаста» (2013),  «Панди бобо» (2014),  ва  китоби  публистикаи ў  «Қатраҳо дарё  шаванд» (2001) аз ҷониби  нашриётҳои  гуногун  ба нашр  расидаанд.

   Асарҳои адибони маъруф Н, Носов. Н, Тихонов. Б, Житков. В, Катаев. Л, Маҳмудов,Робиндранат Такур ва  дигаронро ба тоҷикӣ  гардонидааст.

 Бо  унвони  ифтихори  корманди  шоистаи маданияти Тоҷикистон , медалу нишонҳои «Ветерани меҳнат», Аълочии  матбуот», «100- солагии матбуоти тоҷик», «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шўрои  Олӣ», ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг, Маҷлиси олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи журналистон  Тоҷикистон  ва  ба дигар мукофотҳо сарфарозонида шудааст.

   Узви Иттифоқи рузноманигорони Тоҷикистон (1962) ва узви Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон (2000) мебошад.

   Ғанӣ Ҷӯразода асосан барои кӯдакону наврасон менависад. Китоби нави ӯ «Шишаи бишкаста», ки ба хонандагони гиромӣ пешниҳод мегардад, аз ҳикояҳо ва ҳаҷвиҳои барои калонсолон эҷодкардаи нависанда мураттаб шудааст «Шишаи бишкаста», аз як повест ва як силсила ҳикояҳо иборат аст. Китоби «Шишаи бишкаста»-ро, шумо метавонед аз шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикисто» дастрас намоед.

  Ғанӣ Ҷӯразода. «Шишаи бишкаста». Ҳикояҳо ва ҳаҷвияҳо. – Душанбе: ТҶБ «Истиқбол» 2013. – 256 с.

Инъикоси ду қарни сукут дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат»–и Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ дар муқаддимаи асари «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров зикр мекунад, ки «имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».

  Таълифоти таърихиву адабӣ ва забоншиносии Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба нашр расидан ва ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ тарҷума гардидан, мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанги кишварҳои зиёди олам қарор гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз асари ӯ «Забони миллат – ҳастии миллат» натанҳо мавриди омӯзиш ва баррасии забоншиносон қарор дорад, балки диққати ховаршиносону таърихнигорон ва адабиётшиносони сатҳи ҷаҳонӣ низ ба он нигаронида шудааст.

   Таърихнигори тоҷик Тоҷиддин Ғуломов дар таҳқиқоти худ мегӯяд: «…агар дар асрҳои миёна барои фаҳму дарки ҳувият ва худшиносии миллати тоҷикон «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар замони Шӯравӣ «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саҳм дошта бошанд, бидуни шак ин рисолатро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Забони миллат– ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон  иҷро хоҳад кард». Воқеан ҳам ин гуфтори таърихшинос таърифи хушку холӣ набуда, балки дар зимни он ҳақиқати илмию таърихӣ ниҳон аст.

  Асари тозанашри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи он асарҳоест, ки на танҳо сарчашмаи илҳомбахши дӯстдорони забони тоҷик ба ҳисоб меравад, балки дар он муҳимтарин масъалаҳои забониву таърихӣ аз дидгоҳи нави илмӣ ба майдони таҳқиқ кашида шудаанд. Рӯй овардани муаллиф ба ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ду қарни аввали ислом барои пажӯҳишгарон ва ховаршиносону таърихнигорон манбаи гаронарзиши илмӣ ба ҳисоб меравад.

  Асари мазкур аз муқаддима, шаш боб, зерфаслҳо ва хулосаву китобнома иборат буда, масоили зиёди илмӣ, махсусан забоншиносиро дар бар мегирад. Аз он ҷиҳат, ки ҳадафи мо дар ин мақола таҳқиқи муфассали «Забони миллат – ҳастии миллат» набуда, балки пажӯҳиши мо танҳо ба масъалаи инъикоси ду қарни сукут дар ин асар бахшида шудааст, бинобар ин андешаронии мо перомуни ҳамин масъала сурат хоҳад гирифт.

  Мавзӯи мавриди баррасии мо қарордошта дар боби сеюми ин асар – «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» баён шудааст.

  Муаллиф фасли аввали ин бобро «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин» ва фасли дуюмро «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр» номгузорӣ карда, дар ин ду фасл масъалаҳои муҳими таърихӣ, сиёсӣ ва адабии замони Сосониён ва хатари аз байн рафтани забони миллии моро мавриди баррасӣ қарор додааст, то «хонандагон, махсусан насли ҷавони мо огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд».

Таърих гувоҳ аст, ки миллате нест, ки зери тасарруфи миллати дигар қарор нагирифта бошад ва миллати тоҷик низ аз ин ҳодисаи таърихӣ истисно набудааст. Ва ҳар миллате ё қавме, ки зери тасарруфи ин ё он халқият қарор мегирад, раванди адабиву фарҳангӣ ва сиёсии худро тадриҷан дигаргун месозад. Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ин дигаргуниҳоро ба тарзи муфассал ва бо овардани манбаъҳои дақиқ баён намуда, диққати ҳар як пажӯҳишгарро ба худ ҷалб менамояд. Дар таърихи халқи тоҷик яке аз чунин давраҳои гирифторӣ даврони истилои араб ба шумор меравад.

   Донишмандон саргузашт ва ё ба ибораи дигар таъриху ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоии ду қарни аввали ислом – аз афтодагии давлати Сосониён то ба сари қудрат омадани Тоҳириён дар Эронзамин (аз нимаҳои асри VII то нимаҳои асри IX) –ро ду қарни сукут ном мебаранд. Аз нуқтаи назари таърихнигорон Эронзамин дар муддати ин ду қарн зери тасарруфи тозиён буд ва чунон таҳти истилои шадиди арабҳо қарор дошт, ки «тақдири забон, фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи аҷдоди мо дар сари мӯе қарор дошт», зеро «забонҳои бумӣ аз қабили паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ аз доираи муомилоти расмӣ, илмӣ ва фарҳангӣ тадриҷан хориҷ шуда» буд.

   Муаллиф дар ин фасл давраи пурталотум ва печидаву пурталоши таърихии забони миллати тоҷик ва аз ҷониби арабҳо забт гардидани Мовароуннаҳру Хуросон, сабабҳои исломпазирии мардуми тасхиршуда ва эҳёи давлатдории миллии тоҷиконро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҷанбаҳои ибратбахш ва омӯзандаи ин даврон ишора намудааст.

    Пешвои миллат муносибати истилогаронаи арабҳоро дар Эрону Мовароуннаҳр ва кӯшиши аз байн бурдани ҳуввияти забони аҷдоди тоҷиконро дар ин фасл бо таассуф ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид месозад, ки «ҳузури ҷамоатҳои бузурги арабҳо дар Эрону Мовароуннаҳр на танҳо боиси тағйир пазируфтани фазои диниву эътиқодӣ дар ин сарзамин гардид, балки муҳити этникӣ ва забониро низ дигаргун кард ва ҳамзистии арабҳоро бо мардуми маҳаллӣ амри воқеъ намуд. Аммо ин ҳамзистӣ ҳамзистии қавми ғолиб бо қавми мағлуб буд. Илова бар ин ҳамзистии мазкур ҳамзистии забон, фарҳанг, расму оин ва тарзи зиндагиву тафаккури ду қавм буд. Қавми ғолиб кӯшиш бар он дошт, ки пирӯзии ислом бар дини мардуми маҳаллӣ пирӯзии забону хати арабиро низ бар хату забонҳои халқҳои ориёӣ дар пай дошта бошад ва саранҷом ҳуввияту ҳайсияти милливу маънавии онҳоро аз байн барад».

   Аз муҳтавои ин матлаб бар меояд, ки арабҳо аз оғози ҳол қасд доштанд, то забон ва лаҳҷаҳои роиҷи маҳалҳои тасхиршударо аз миён бубаранд ва ҳатто тибқи сарчашмаҳо бим ҳам буд, ки бо ҳамин далел қавмеро бар онҳо бишӯранд ва мулку ҳукумати ононро дар билоди дурафтодаи Эронзамин ба хатар андозанд. Ба ҳамин сабаб арабҳо ҳар ҷо ки дар Эронзамин ба хату забон ва китобу китобхона бархурданд, ба онҳо мухолифати сахт намуданд, ҷуз каломи Худо ҳеҷ сухану китоберо қадр накарданд. «Воқеан ҳам ағлаби бегоназаминон ҳангоми истилои ин ё он кишвар қабл аз ҳама осори мактуби мардуми он сарзаминро маҳв мекарданд, зеро ин навъ осор махзани ҳофизаи таърихии халқ аст. Халқе, ки ҳофизаи таърихиаш заиф гашта ва ё аз ҳам гусехтааст, ба зудӣ метавонад дар масири таърих раҳгум занад ва ғуломи маънавии дигарон гардад».

   Пешвои миллат бо ишора ба ин давраи пурталотум, ки фарзандони фарзонаи миллат тавонистанд дар чунин ҳол забонро аз нестӣ ҳифз намоянд, таъкид месозад, ки «зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамониву ҷонбозиҳо дар роҳи дифоъ аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрӯз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва кору хидмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд».

   Нуктаи дигаре, ки муаллиф дар ин боб ишора намудааст, пазируфтани дини Ислом ва муттаҳид гардидани қабилаҳои араб, ки пеш аз Ислом бо ҳам душман буда, задухурдҳову кашмакашиҳои дохилӣ ба таври ҳамешагӣ байни онҳо идома дошт, ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла қайд карда мешавад, ки «дини нав бо даъвати худ ба бародариву баробарии мусулмонон қабилаҳои бадавии то ин дам ба ҳам душмани арабро зери ливои эътиқоди ҷадид ба Худованди яккаву ягона муттаҳид сохта, ба онҳо нерӯи тозаи рӯҳонӣ бахшид ва заминаҳои истилои араб ва пирӯзиро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлати Сосониён фароҳам овард».

   Муаллиф бо малакаи баланди илмӣ аз байн рафтани давлати Сосониёнро, ки беш аз 400 сол арзи вуҷуд дошт, мухтасаран баён намуда, қайд мекунад, ки дар остонаи пайдоиш ва нуфузи ислом дар ниҳоди давлати бузурги Сосониён нишонаҳои заъф ва нотавонии сиёсиву низомӣ падид омада буданд. Ин амр пеш аз ҳама натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ ва муҳорибаҳои пай дар пайи беш аз бистсолаи Хусрави Парвиз (589-628) бо ҳайтолиён, туркон ва алалхусус бо румиён буд. Ва ҳамчунин Пешвои миллат сабаби аз ҷониби арабҳо фатҳ ва тобеъ гардидани Эрону Мовароуннаҳрро дар ин фасл маънидод карда, чунин шарҳ медиҳад: «…дар зери тасарруфи арабҳо қарор гирифтани Эрону Мовароуннаҳр пеш аз ҳама ҷудоиву парокандагии сиёсӣ ва мазҳабӣ, набудани иттиҳоди мустаҳкам миёни давлатҳои хурди ин сарзамини паҳновар, мухолифат, ҷангҳои байниҳамдигарӣ ва ҳатто хиёнату ватанфурӯшии баъзе ҳокимони маҳаллӣ буданд, ки гузаштагони моро ба шикасти сиёсиву низомӣ мувоҷеҳ карданд. Дар ҳама давру замонҳо парокандагиву ҷудоӣ, калавишҳои ақидавию динӣ, ҷангу мухолифатҳои дохилӣ қавму миллатҳоро ба гирдоби заъфу нотавонӣ кашида, онҳоро мутеъ ва асири бегонагон кардааст».

   Дар баробари чунин рӯзгори пурҳавлу ваҳшатзо ва зулму хунхориҳои беамони арабҳо ва ҳамчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби ҳокимони хиёнаткори маҳаллӣ боз «ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буданд, ки то нафаси охирин бо нерумандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд». Ҳамчунин Пешвои миллат бар зиди сиёсати арабҳо шӯриш бардоштани фарзандони фарзонаи меҳанпарасти тоҷик Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ, Бобак ва чанд тани дигарро мисол оварда, таъкид мекунад, ки «ҳамин рӯҳи шикастнопазир, ҳамин меҳандӯстиву озодихоҳӣ, ҳамин фидокориву ҷоннисории фарзандони барӯманди миллати мо дар роҳи дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии хеш буд, ки шикасти низомиву сиёсиро аз арабҳо ба пирӯзии маънавию фарҳангӣ бар онҳо табдил дод ва заминаҳои эҳёву таҷаддуд ва истиқлоли сиёсиву давлатии тоҷиконро дар аҳди Сомониён пайрезӣ намуд».

   Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ба қалам кашидани забткориҳои араб дар Хуросону Мовароуннаҳр, тақдири забони мо дар он замон, сабабҳои исломпазирии қавмҳои тасхиршударо дар «Забони миллат – ҳастии миллат» аз сарчашмаҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, хаттиву чопӣ бисёр бо мавқеъ истифода намудааст. Ин асар аҳамияти калони илмӣ дошта, маводи зиёд ва пурқимат барои соҳаҳои гуногуни илм дода метавонад.

   Аз баррасии ончи, ки дар боло ба таври мухтасар гуфта шуд, метавон гуфт, «давраи истилои араб барои тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ дар баробари марҳилаи шикасту нокомиҳои сиёсиву низомӣ буданаш ҳамчунин даврони ба зуҳур омадани рӯҳи озодихоҳиву ватанпарварии ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буд, ки то нафаси охирин бо нерумандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд.

    Дар он лаҳзаҳои фалокатбори таърих, ки масъалаи буду набуди ҳастии маънавии ниёкони мо ҳал мегардид, хориқаи забон, фарҳанг ва тамаддуни бостонии мо муъҷизаосо рӯйи  кор омад ва растохези маънавии қавмҳои ориёиро дар саросари қаламрави хилофат тавлид намуд. Бонги ин растохез аз оғози давраи таҷаддуду эҳёи тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёӣ башорат дод».

  Хулоса, миллати моро, ки чанд қарн аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буд, лозим меояд аз таҷрибаи таърихии худ, ки тафсилоташ дар боби сеюми асари «Забони миллат – ҳастии миллат» зикр гардидааст ва барои ҳамқавмон ва ҳамзабонони хеш дарси ибрат ва таҷрибаи зиндагист, нахуст худшиносиву худогоҳӣ ва ватандориву ватандӯстӣ биомӯзем ва дар ин ҷода байти зерини сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро шиори ҳамешагии худ созем:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Китоб беҳтарин ёри танҳоӣ…

Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонид ва аз он ғаниматҳои зиёдеро бардошт. Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ тарк ва ҳазар намекунад. Рафиқест бе малол ва муомилаест, ки фиреб намедиҳад. Китоб чизест, ки ҳар қадар назар кунӣ, малакаат зиёду табъат шод ва забонат кушода мешавад.

 Бидон, ки аз он метавонӣ дар як моҳ ҳикматҳоеро биомузӣ, ки аз даҳони олимон дар як сол ҳам ҷамъ карда натавонӣ. Китоб хидматгори беминату итоатгарест, ки шабурӯз дар хизмати туст. Ҳатто дар сафар ҳамсафар ва дар иқомат ҳамзисти туст.

 Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва муниси туст дар танҳоӣ. Китоб муаллим ва ҳамроҳи хубест, ки ҳаркуҷоравӣ аз ту чизе талаб намекунад ва чуноне, ки растаниҳо аз об сабз мешаванд, сабзидани ақли туст. Китоб роҳнамоест, ки туро аз бекориву беҳудагӯйиву суханчинӣ дур месозад.

Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону имону виҷдон мебахшад. Китоб васила аст барои дуркардани ғаму андӯҳ, аз бекорӣ ва гурӯҳи бекорон, равону ва буро шудани сухан, сабзидани ақл ва бузург шудани зеҳн, болоравии маърифат, махзани ягонаву умумии осори адибону ҳикмати ҳакимон, роҳати зеҳн аз ҳар фикру андеша ва ҳифзи вақт аз беҳуда рафтан.

Хулоса дўсти вафодору содиқу устувору ҳамдилу ҳамзабони инсон. Месазад, ки аз ў дар таҷрибаи рӯзгор новобаста аз вазъи он ҳимоят намуд

Лев Толстой дар бораи ҳунар

 

Асаре, ки аз нависандаи ҳакими рус Лев Николаевич Толстой нахустин бор ба забони тоҷикӣ пешкаш мегардад, агарчи ба гунаи як дебоча дар муқаддимаи рисолаи нисбатан муфассали ин нависанда бо унвони “Ҳунар чист?”(“Что такое искусство?”) ҷой дода шудааст, аз назари оғозу анҷом ва таҷассуми назари мушаххас, мустақил мебошад. Дар ин матлаб нависанда дидгоҳи худро дар хусуси моҳияти асари бадеъ (умуман осори ҳунарӣ) ба сурати хеле мушаххас баён медорад ва зоҳир аст, ки масоили мавриди нигаронии нависандаи бузург махсусу мунҳасир ба замони худи ӯ набудаанд. Ин матлаб агар ҳокӣ аз дидгоҳи фаъоли амалӣ ва таҷрибии Л.Н.Толстой бошад, рисолаи “Ҳунар чист?” аз умқу паҳнои донишҳои назарии вай ва огоҳии нависандаи бузург аз андешаҳои фалсафию зебошинохтии (эстетикии) ҷаҳони муосираш дар мавриди ҳунар, адабиёт, бадеият ва дар кулл маънавият мебошад.

 ДАР БОРАИ ҲУНАР

 Хуб ё бад будани асари бадеӣ бастагӣ ба он дорад, ки муаллиф чӣ мегӯяд, чӣ тавр мегӯяд ва то чӣ ҳад самимона мегӯяд.

 То он ки асари ҳунарӣ комил бошад, боястӣ он чи муаллиф мегӯяд комилан нав ва барои ҳамагон муҳим бошад, бояд ба зебоии тамом адо шуда бошад ва муаллиф ба хости ботин сухан гуфта бошад ва ба ин хотир комилан содиқона.
То он чи суханвар мегӯяд комилан тоза ва муҳим бошад, бояд ки муаллиф инсоне бо маърифати ахлоқӣ буда ва ба ин хотир танҳо гирифтори як зиндагии худхоҳона набошад ва дар зиндагии умумии башарият ширкат дошта бошад.
То он чи ҳунарманд мегӯяд ба камоли хубӣ баён шавад, бояд ҳунарманд бар ҳунари хеш чандон тасаллут дошта бошад, ки дар ҷараёни кор ҳарчи камтар аз қоидаҳои ин ҳунар бияндешад, он гуна ки инсон дар ҳангоми роҳ рафтан камтар аз қоидаҳои ҳаракат меандешад.

Барои даст ёфтан ба ин (поя) бояд ҳунарманд ҳеч гоҳ вопас ба кори худ нангарад, бо лаззат онро тамошо накунад, набояд ҳунармандиро ҳадаф қарор бидиҳад, он гуна ки инсоне ки дар роҳ меравад, набояд аз шеваи хироми худ бияндешад ва онро тамошо кунад.

Ва барои он ки суханвар хости дарунии рӯҳро баён созад ва ба ин хотир он чиро мегӯяд аз дилу ҷон бигӯяд, ӯ бояд қабл аз ҳама аз ҳарзаҳое бипарҳезад, ки монеъи дӯст доштане ҳақиқӣ ҳастанд, ки хосияти дӯст доштан ҳамин аст ва сониян худ бо қалби худ дӯст бидорад, на бо қалби бегонае, вонамуд накунад, ки дӯст медорад он чиро ки дигарон шоистаи дӯст доштан медонанд. Ва барои он ки ба ин муваффақ шавад, суханвар бояд кореро бикунад, ки Балъом кард, вақте ки фиристодагон назди ӯ омаданд ӯ хилват гузид ва мунтазири (амри) Худованд шуд, то танҳо онро бигӯяд, ки Худованд мефармояд: ва на он корерро бикунад, ки худи ҳамин Балъом карда буд, он гоҳ ки фирефтаи ҳадяҳо назди шоҳ рафт, баракси хостаи Худо, ки ин (хилоф) ҳатто бар модахаре, ки савор бар ӯ мерафт, ошкор буд ва онгоҳ тамаъ ва шуҳратхоҳӣ ӯро кӯр карда буд.

Баста бар он ки то чи ҳад асари ҳунарӣ дар ҳар яке аз ин се ҷинс ба камол мерасад, тафовути шоистагии (имтиёзи) ҳар асаре бар дигарӣ нашъат мегирад. Метавонанд чунин осоре бошанд:

 1) муҳим, зебо, камтар самимона ва воқеъӣ; метавонанд бошанд:

2) муҳим, камтар зебо ва камтар самимонаву воқеъӣ; метавонанд бошанд:

3) камтар муҳим, зебо, самимона ва воқеъӣ ва … ба ҳамин дастур бо тартибу таносуби гуногун.

Ҳамаи ин навъи осор фазилати худро дороянд, вале наметавонанд осори комили ҳунарӣ шинохта шаванд. Асари комили ҳунарӣ танҳо он тавонад буд, ки мундариҷа (муҳтаво) муҳим ва нав бошад, ба камоли зебоӣ баён шуда бошад, муносибати суханвар ба шайъ (мавзӯъ) комилан самимона ва ба ҳамин хотир комилан воқеъӣ бошад. Ин навъ осор ҳамеша нодир буду ҳаст. Боқӣ ҳама (навъ) осор, ки дар зоти худ нокомиланд, тибқи шароити аслии ҳунар ба се ҷинси аслӣ ҷудо мешаванд: 1) асарҳои аз назари аҳаммияти мундариҷаи худ барҷаста, 2) асарҳои барҷаста аз лиҳози зебоии шакл ва 3) асарҳои аз назари самимият ва воқеъият барҷаста, вале дар он ду нисбати дигар (-и баршумурда) ба камол нарасида.
Ҳамаи ин се ҷинс наздикӣ ба ҳунари асилро ташкил медиҳанд ва он ҷо ки ҳунар вуҷуд дорад, (вуҷудашон) ногузир аст. Дар ҳунарварони ҷавон ағлаб самимият бар фақри муҳтаво ва шакли камобеш зебо бартарӣ дорад, дар солмандон баракс; дар ҳунарварони заҳматдӯсти касбӣ шакл бартарӣ дорад ва аксаран муҳтаво ва самимият намерасад.

Вобаста ба ин се ҷанбаи ҳунар ҳаст, ки низ се назарияи асосии дурӯғини ҳунар зуҳур намуда, ки бар тибқи онҳо осоре, ки он се шарт (-и баршумурда)-ро дар худ ҷамъ накарда ва бино бар он бурун аз марзи ҳунар боқӣ мондаанд, на танҳо осори бадеъ балки намунаи ҳунар ба шумор оварда мешаванд. Яке аз ин назарияҳо таъйид менамояд, ки шоистагии асари ҳунар ғолибан бастагӣ ба мундариҷа дорад, ва агарчи асар тиҳӣ аз зебоии шакл ва самимият бошад. Ин назарияи ба истилоҳ тамоюлӣ, гароишӣ (тенденсиозная) аст.

Дигарӣ шинохташ он аст, ки шоистагии осор вобаста ба зебоии шакл аст, агарчи мундариҷаи асар ночиз ва муносибати ҳунарвар нисбат ба он орӣ аз самимият бошад; ин назарияи ҳунар барои ҳунар аст. Саввумӣ бар он аст, ки асли кор дар самимият аст, дар воқеият аст ва ҳар қадр ҳам ки мундариҷа ночиз ва шакл нокомил бошад, танҳо ин ки ҳунарвар он чиро баён мекунад дӯст бидорад, асар бадеъ хоҳад буд. Ин назария назарияи реализм номида мешавад.
Ва инак, бар мабнои ин се назарияи дурӯғин он гуна ки дар қадим буд, на ин ки дар ҳар бахше як, дуто дар фосилаи умри як насл, балки ҳар сол, дар ҳар пойтахт (он ҷо ки одамони базмӣ зиёданд) дар ҳамаи бахшҳо садҳо ҳазор осори ба истилоҳ ҳунарӣ пайдо мешавад.

Дар замони мо инсони хоҳишманди шуғл ба ҳунар мунтазири он намемонад, ки дар қалби ӯ он чизи муҳим, мундариҷаи нав буруз кунад, ки ӯ воқеан дӯсташ дошта ва ин дӯст доштан боиси шакли муносиб гирифтани он гардида ва ё бар тибқи назарияи аввал, ки ба пиндори ӯ ситудаи оқилон аст, мундариҷаеро даст мегирад, ки дархӯри рӯз аст ва ҳар навъе, ки битавонад онро ба шаклҳои адабӣ медарорад, ва ё бар тибқи назарияи дувум он чизеро интихоб мекунад, ки ӯ беш аз ҳама дар он ҳунари фаннӣ метавонад нишон бидиҳад ва бо кӯшишу сабр чизеро тавлид мекунад, ки ба назараш асари ҳунар аст. Ва ё бар тибқи назарияи савум бо касби таассуроти хуш ончиро мавзӯъи асар қарор медиҳад, ки аз он хушаш омада ва мепиндорад, ки ин асари ҳунарӣ хоҳад буд, чун хушаш омадааст. Ва бад-ин тариқ теъдоди бешумори ба истилоҳ осори бадеӣ арзи вуҷуд менамояд, ки метавонанд мисли ҳар кори косибона бидуни камтарин таваққуф ва тааммул иҷро шаванд: афкори гардони мудшуда ҳамеша дар ҷомеъа вуҷуд дорад, ҳамеша бо сабурӣ метавон ҳар ҳунареро ёд гирифт ва ҳамеша ба касе кадом як чизе писанд меояд.

Аз ин ҷо (мулоҳизот) вазъи ғариби замони мо буруз мекунад, ки дар он ҷаҳони мо сартосар анбошта аз осоре муддаъии осори ҳунарӣ будан гардидааст, ки тафовуташон аз осори косибона танҳо дар ин аст, ки онҳо на танҳо ба ҳеч коре намеоянд, балки аслан зарарнок ҳастанд.

Аз ин ҷо падидаи ғайриодие рух менамояд, ки шоҳиди содиқи сардаргумии мафҳумҳо дар хусуси ҳунар аст: манзур – асаре ба истилоҳ бадеӣ вуҷуд надорад, ки дар бораи он ҳамзамон ду назари комилан мухолифи якдигар вуҷуд надошта бошад, ки аз сӯйи инсонҳои ба таври мусовӣ босавод ва боэътибор баён гардидааст.
Аз ин ҷо, ҳамчунин, он падидаи шигифтангез нашъат мегирад, ки бештари мардум дар ҳоле ки саргарм ба шуғле аҳмақона, бесуд ва ағлаб бадахлоқона ҳастанд, яъне дар ҳоле ки китоб менависанду мехонанд, наққошӣ мекунанду мебинанд, намоишномаҳо ва консертҳои театрӣ ва мусиқӣ месозанду гӯш мекунанд, самимона бовар доранд, ки онҳо як кори бисёр хирадмандона, судманд ва наҷиб анҷом медиҳанд.

Мардуми замони мо гӯё пеши худ гуфтаанд: осори ҳунарӣ хубу судманд аст, пайдост, коре бояд кард, ки онҳо бештар бошанд. Воқеан, бисёр хуб мебуд агар онҳо бештар бошанд, вале ҷойи дареғ он аст, ки бо супориш танҳо осореро мешавад халқ кард, ки дар натиҷаи набуди он се шарти ҳунар дар онҳо, дар пайи гусастани ин се шарт (унсур) аз якдигар, ба ҳадди косибӣ поин бурда шудаанд.
Аммо асари ҳақиқии ҳунариро, ки ҳовии ҳар се шароит бошад, ба ҳеч ваҷҳ наметавон бо супориш эҷод кард, зеро ки вазъи ботинии ҳунарвар, ки асари ҳунарӣ аз он метаровад, олитарин зуҳури дониш, илҳоми гушоиши асрори зиндагист. Агар чунин вазъе дониши барин бошад, пас дониши дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад, ки ҳунарварро барои фаро гирифтани ин дониш ҳидоят намояд.

——-
• Балъоми Боъур (Валаам) аҳли шаҳри Балқо марде буд худопараст ва мустаҷобуддаъва, ки номи бузурги худоро (Исми Аъзам) медонист ва ҳар чӣ аз ӯ мехост, иҷобат мешуд. Баъд аз Мӯсо Юшаъ ба ҷанги подшоҳи ҷаббори шаҳри Балқо шитофт. Шаш моҳ сипоҳ бар дари ин шаҳр буд ва ҳарб мекарданд. Мардумон аз Балъом хостанд, ки бо дуъо сипоҳи Юшаъро дафъ кунад ва ӯ намепазируфт ва қавми хешро ба Худои таъоло ва итоъат аз Мӯсо даъват мекард. Чун кор сахт шуд, он малик гуфт, ки агар дуъо накунӣ, туро бар дор кунам. Балъом битарсид ва ба ҷониби сипоҳи банӣ Исроил ба роҳ уфтод. Дар роҳ хари ӯ ба сухан омад ва ӯро аз ин кор боздошт. Балъом аз дуъо имтиноъ кард. Иблис ӯро бифирефт. Балъом дуъо кард ва сипоҳи Юшаъ ҳазимат шуданд. Юшаъ низ дуъо кард ва хост, ки Исми Аъзам аз ӯ бозпас гирифта шавад. Худои таъоло номи бузурги хеш ва ҳидояту тақво аз ӯ бозситонд. Балъом ҳар чи дуъо кард, суд надошт ва донист, ки Худой номи хеш аз ӯ бозгирифт… («Фарҳанги асотир»).

• Ҷинс (род) дар ин ҷо на ба маънои истилоҳии маъруфи он, балки ба маънои навъ, намуд, гуна ба кор рафтааст.

Аз русӣ тарҷумаи Рустам Ваҳҳобзода.

Соли 2014

Аз Лев Толстой ва дар бораи ӯ шумо дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:

Толстой, Л. Бандии Кавказ: Барои бачагони сини хурди мактаби  / Тарҷ.

Т.Самадӣ.  – Душанбе : Ирфон, 1968. – 60 с.

Толстой, Л. Асарҳои  мунтахаб  иборат аз 8 ҷилд. – Китоби 1. –Душанбе , 1978. – Ҷ.1. – 438 с.

Толстой, Л. Война и мир. – Санкт Петербург, 2015. –  704 с.

Толстой, Л. Маҳкуми  бегуноҳ . – Душанбе, 2017. – 228 с.

Толстой, Л. Гунҷишки посбон: Ҳикоя // Чашма. –  1993. – №3-4.

Толстой, Л. Гурбача: Ҳикоя / Аз русӣ  тарҷумаи  Д.Нурматов // Фурўғи тарҷума. –  2011. – №1. – С. 80.

Толстой, Л. Шер ва сагча; Уқоб; Ҳазор тангаи тилло; Баробарии мерос; Се нафар дузд; Чи тавр марде сангро аз ҷояш бурд; Турна ва  лаклак; Боғбон ва фарзандони  ў; Гург дар даруни гарду чанг; Муш таги анбор; Ду асп;  Рўбоҳ ва ангур / Аз русӣ тарҷумаи С. Неъматов // Фурўғи тарҷума. – 2011. – №1          . – С.73-80.

 Толстой, Л. Дар бораи ҳунар / Аз русӣ тарҷумаи Р.Шоҳносориён   // Адабиёт ва санъат. –  2015. – 27 август.

                                   Дар бораи Лев Толстой

Ҳошим, Р. Шер дар майдони адабиёт: Оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Л. Толстой      // Ҳошим, Р. Солҳо дар саҳифаҳо. – Душанбе,1988. – С.170-176.

Ҳикматномаи Толстой: Ба зодрўзи  нависандаи рус Л. И. Толстой 160 сол  пур шуд / Аз русӣ тарҷ. М. Боқиев // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 9 сентябр.

Паҳлавонов, А. Тарбияи озод: Варақе аз рўзгори Л.Толстой // Роҳи Ленинӣ      . –1988. – 17 сентябр.

Роллан, Р. Зиндагии Толстой: Дар бораи кор ва фаъолияти Л. Толстой                 / Таҳияи С. Аловатшоҳ, М. Шодӣ // Адаб. – 2016. – №3. – С.70-77.

Мирзозода, А «Маҳкуми бегуноҳ» – сафобахши рўҳу  тавонобахши равон: Роҷеъ ба китоби нависандаи  оламуумули  рус Лев Толстой «Маҳкуми бегуноҳ» // Садои мардум. – 2018. – 20 март.

Номаи нотамоми Максим Горкий ба В.Г. Короленко: Дар бораи фирори Лев Толстой аз хонаводааш  ва марги  ў // Адаб. – 2018. – №2. – С. 64-79.

Дар бораи ҳунар: Ба муносибати 190 солагии Л. Толстой / Тарҷумаи Рустами Ваҳобзода // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 20 сентябр.

Қоидаҳои зиндагии Лев Толстой: Нависандаи бузурги рус Лев Толсой     / Таҳияи Юсуфҷон Бердиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2018. – 29 ноябр.

  Таҳияи Парвина Қаюмова

  корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин

Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид. Дар ин вохурӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир шуд.

Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” андешаҳои ҷолиб баён карданд.

 Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

 Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамсояи бузургамон – Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобем ва аз рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Мо шоҳиди пешрафти босуръати Чин дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа, таҳкиму тақвияти обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошем.

 Дар суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи навини Тоҷикистон, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва амнияти сартосарии сарзамин, ҳамкории дуҷониба бо кишвари ҳамсояи Чин ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карданд.

 Барои чопи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафароне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар тарҷума ва чопи ин китоб нашрияи “Ренмин” саҳми шоиста дорад.

Изҳори умед карда шуд, ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба хонандагони чиноӣ имкон фароҳам меорад, то дар бораи таърихи мардуми куҳанбунёди тоҷик маълумоти бештару беҳтар пайдо намоянд.

Соате бо “Ойини ойина” бошем ва баъд равем суроғи “Қалами найшакарӣ”

“Ойини ойина” ва “Қалами найшакарӣ” исми ду китоби Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонист.  «Ойини ойина» аз саргузашт ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ҳикоят мекунад. Андешаҳое, ки муҳаққиқон ва аҳли қалам дар бораи мушаххасоти эҷодиёти устод гуфтаанд, ҷолиби диққат ҳастанд. Қисмате аз саргузашти шоир, ки бо қалами ӯ пешниҳод мешавад шояд барои хонандагони арҷманд ибратбахш бошад. Китоб дар мачмӯъ васфу тантанаи дарду ифтихори ватандорӣ, роҳату ҷабри ишқу муҳаббат, андешаҳои бадеъ аз пастиҳо ва баландиҳои рӯзгори инсонаш, ки ба андешаи шоир, лаззату ширинии рӯзгори инсони дар ҳамин бешу ками зиндагӣ ҳаст.

 Оё муҳаққиқе, пажӯҳишгаре метавонад зиндагиномаи шоирро беҳтар аз худи ӯ бинвисад? Албатта не. Устод Назри Яздонӣ бори ин заҳматро кашидаву ин китобро таълиф карда, то зиндагиномаи дақиқу аниқи ӯро аз қалами ӯ бихонем. Устод менависад:

 Ман, Назри Яздонӣ (Назрулло Раҳматуллоев) 18-уми августи соли 1949 дар Вахё, қишлоқи Сангвор таваллуд шудаам. Модарам як умр хонашин буданд. Падарам муаллими забон ва адабиёт. Модарам зеботарин модари ҷаҳон, меҳрубонтарин, беҳтарини беҳтарин буд. Симои модарамро, дуояшро, тарзи андешаву либосашро дар «Модарнома» тасвир кардаам. Бисёр хушам меояд ҳар ки ин «Модарнома»-ро мехонад, бо камоли ваҷдухушнудӣ мегӯяд, ки «ин тасвири модари ман аст». Яъне тасвири модари ман, ки айни тасвири модари шумо, хонандаи азиз аст, як модари оддии тоҷик, модари муқаррарӣ, беҳтарин модари ҷаҳон, модаре, ки ормонаш, зисташ, зиндагиаш, сурудаш, саҳараш, шомаш, шабу рӯзаш, қалъаву қиблааш фарзанд аст. Маъмулан намедонад, ки сайр чист, сайёҳат чист, курорту санатория чист, аксари ин модарон парво ҳам надоранд, ки дар бозори либос кадом матоъ нав аст, кадом матоъ наву асрӣ (модный) аст… Яъне як бахшояндаи беназир, ки буду набудашро нисори фарзанд кардааст. Яъне воқеан беҳтарин модари ҷаҳон….