Архив Июнь 2019

Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид

15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо — Раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои “Дидор” ва “Аржанг” сурат гирифт.

Макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё толори пурнақшу нигори “Зарандуд” интихоб гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардид.

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО, анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Дар Душанбе дар доираи лотереяи бурдноки молӣ то имрӯз зиёда аз 100 ҳазор китоб ба фурӯш рафт

Ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷараён дорад.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз қадимулайём тараққиёти ҷомеа ба китоб вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки китобро манбаи илму дониш ва сарчашмаи диёри ақл меҳисобанд. Тавассути китоб одамон аз асрори илму дониш, адабиёту фарҳанг ва иқтисодиёту сиёсат воқиф гардида, ҷаҳонбинии худро  васеъ мегардонанд.

Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории  ҷумҳурии мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар аст, ки имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

«Иқдоми мазкурро ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб роҳандозӣ намудем. Тибқи он  ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ менамояд, соҳиби лоторея мегардад. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, нотбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ мекунанд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд»,- иттилоъ дод  Давлат Сафар.

Ба зикри номбурда, аз рӯзи аввали баргузории намоиш-фурӯш то ҳоли ҳозир зиёда аз 100 ҳазор китоб ба фурӯш рафтааст, ки ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳавасмандии худро нисбат ба китобу китобдорӣ тақвият медиҳанд.

«Пеш аз ҳама ин иқдом  ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла,  бо ташаббуси   Сарвари давлат баргузор гардидани  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани  Соли китоб  роҳандозӣ мегардад»,- таъкид намуд мавсуф.

Номбурда зикр  намуд, ки китобҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ аз ҷиҳати маъно пурмазмун буда, сифати баланду нархи дастрасро доро мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ташаббускорони ин иқдом  Муассисаи нашриявии «Адиб» ба шумор рафта, намоиши мазкур дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.

Фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок ҳар рӯзи шанбе то 22 июни соли равон аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рӯдакӣ сурат мегирад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне 22 июн иқдом ҷамъбаст гардида, нафарони ғолиб соҳиби туҳфаҳои арзанда мешаванд.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»! Дар Хуҷанд Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби хонандаи синфи 10-ум Фирӯза Шарипова гардид

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр  баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи 10-уми  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10 Фирӯза Шарипова гардид. Барандаи Шоҳҷоиза бо маблағи пулӣ аз ҷониби  шуъбаи маорифи шаҳр  сарфароз гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳри Хуҷанд  дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр дониши хешро дар назди доварон санҷиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маҷмӯъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар хонандагон  фаъолона иштирок намуданд.

«Ҳадафи аслии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад», -афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳру навоҳии  мамлакат  бо маром ҷараён дорад.

«Китоб-уш-шифо» ва «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чоп расиданд

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои пурарзиши «Китоб-уш-шифо»-и Абӯалӣ ибни Сино («Ҷумлаи чаҳорум андар баёни илоҳиёт») ва «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардиданд. Ҳар ду китобро Муассисаи нашриявии «Дониш» бо дизайну ороиши ҷолиб ба нашр расондааст.

Тавре аз Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фанни сездаҳум андар илоҳиёти «Китоб-уш-шифо»-и оламшумули Шайхурраис Ибни Синоро беш аз 40 сол пештар донишманди тоҷик Сайиднуриддин Шаҳобуддинов аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонида, бо пешгуфтору тавзеҳот омодаи чоп намудааст. Муҳаррири масъули китоб академик Мӯсо Диноршоев буда, он аз 554 саҳифа иборат аст.

Мазмуну муҳтавои беназир ва феҳристи мукаммали ба он афзудаи мутарҷиму таҳиягар китобро барои хонандагон ҷолибу хонданбоб гардонидааст.

Ҷилди 7-уми «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони русӣ идомаи шаш ҷилди қаблии он аст, ки аз ҷониби олимони варзидаи соҳа таҳти роҳбарии академик Абдуғанӣ Мирзоев дар миёнаи солҳои 1960-1988 ба дасти чоп расида буд. Ҷилди мазкур аз тарафи донишмандони тоҷик, аз ҷумла А.Алимардонов, Г. Лузянина, М. Мамедова, Л. Шварк, Қ. Элчибеков, Л. Додихудоева, М. Шарифов, С.Ализода, Б. Навбаҳорова, И. Мирзоев бо ширкату сарварии узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Назриев барои чоп омода шуда, он аз 308 саҳифа иборат аст. Китоби мазкур мақому нуфузи байналмилалии феҳристнигории тоҷикро боло бурда, барои дастандаркорони соҳа дастури хуб аст.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ — 30-юмин солгарди истиклолияти давлатӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ҳамчунин мероси гаронбаҳои Аҳмади Дониш, Саййидои Насафӣ ва Шамсиддин Шоҳин ба нашр расидаанд.

МАҲБУБИ ДИЛҲО. Турсунзода нахустин шоири муосири тоҷик буд, ки деворҳои танги маҳаллиро шикаста, ба адабиёти ҷаҳонӣ роҳ ёфт

Имрӯз ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода 108 сол пур мешавад. Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятӣ устод соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 (пас аз марг) шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

Бахшида ба солрӯзи ин устоди бузург нависанда Карим МӮСО   хотироташро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем:

 Мо насли солҳои панҷоҳум бо шеърҳои устод Мирзо Турсунзода калон шудаем. Ман на танҳо шеърҳо, балки достонҳои устод, аз қабили „Писари Ватан”, ”Ҳасани аробакаш”, „Ҷони ширин” ва ғайраро пурра ҳифз карда будам.

Агар гӯям, ки дар солҳои панҷоҳ, шаст ва ҳафтоди садаи бист тоҷике набуд, ки шеърҳои устодро аз ёд надонад, иштибоҳ намешавад. Устод Турсунзода нахустин  шоири муосири тоҷик буд, ки деворҳои танги  маҳаллиро шикаста, ба адабиёти ҷаҳонӣ  роҳ ёфт.

Бояд зикр кунам, ки камина як ҳафта қабл аз вафоти шоир Убайд Раҷаб бо ӯ суҳбати тӯлонӣ доштам ва ҳиссае аз онро, ки ба устод Турсунзода иртибот дорад, рӯи коғаз меорам:

-Ҳабдаҳ сол бо устод Турсунзода ҳамкор будед ва дар ин муддат сафарҳои зиёде ҳамроҳи он кас доштед…  

-Бале, ҳамроҳи устод сафарҳои зиёде доштам. Хуб ёд дорам, боре   ҳавопаймо фазои баҳри Аралро пас монду хоб аз чашм гурехт. Ба тиреза нигаристам: зеҳи шафақ сурате, ки гули ҳафтрангро монад, доман кашидааст. Устод ҳам бедор шудаанд, рангҳои субҳро тамошо доранд. Барои кӯтоҳ шудани таноби раҳ хоҳиш кардам, ки чизе аз сафарҳояшон ҳикоя кунанд.

— Маҷлиси муҳофизони сулҳ мерафт, — нақл карданд устод, — дар Маскав. Аз ҳама гӯшаҳои олам вакилон омаданд. Рӯҳонии англис Хюз ҳам дар байни меҳмонон аст. Мо бо ӯ  шиноси деринаем. Ҳар бор дар ҳар куҷое, ки маро бинад, «ҷаноби Турсунзода, ман мазҳаби шуморо қабул мекунам ва албатта, мусалмон мешавам, дар пиронсолӣ ин мазҳаб ба ман хуш омадааст» мегӯяд.

Рӯзи аввал, ҳамин, ки аз дур якдигарро дидем, бардам-бардам қадам монда, наздам омад.

— Чӣ ҳол доред ҷаноби Хюз, — пурсон шудам, — кайфият ва сиҳатӣ чӣ тавр аст?

— Хуб аст, ҷаноби Турсунзода, аз сиҳатӣ шикоят надорам, аммо ба шумо гуфта наметавонам, ки ҳама корҳоям нағзанд. Ба ваъдаи худ ҳанӯз вафо накардаам, шуморо дидаму ба ёдам расид, ки ҳанӯз ҳам мазҳаби исломро қабул накардаам.

— Мусалмон шудан чандон осон нест, ҷаноби Хюз, — гуфтам, — шартҳое дорад, ки шумо иҷро карда наметавонед,  синнатон даст намегирад.

— Не, не, ман ҳамаи шартҳояшро мепазирам, забони арабиро меомӯзам, ана мебинед, ки гапи ман қатъист.

— Ҳама шарташро иҷро кардан мумкин аст, ба ҷуз яктояш, — истодагарӣ кардам дар назди ҷаноби Хюз.

Маҷлис поён ёфту вакилон ба ҳар диёр рафтанд. Барои ба Англия гуселонидани ҷаноби Хюз ба фурудгоҳ омадам.

— Ман аз қавлам нагаштаам, ҷаноби Турсунзода, — гуфт пирамард, — ба ватан, ки баргаштам, мусалмон мешавам.

— Не, наметавонед, ҷаноби Хюз, — гуфтам, — мусалмонӣ бо гап намешавад, як шарти хеле муҳим дорад, ки иҷрояш барои шумо гаронӣ мекунад.

— Вай кадом шарт аст, ки шумо ҷаноби Турсунзода, маро аз иҷрояш ин қадар метарсонед, — гуфт ҷаноби Хюз вақте ки болои зинапоя буду ба тайёра ворид мегашт ва аз минбаъда по ба зинапоя гузоштан бозистода, исрор кард, ки то он шартро нагӯям, по аз ҷо намегирад ва ба тайёра савор намешавад.

— Як шарти мусалмонӣ суннатӣ кардан аст. Фарзанди мусалмонро, пеш аз ҳама, бояд хатна кунанд, — гуфтам ноилоҷ ва ба рӯ парда гирифта, аз мутарҷимдухтар хоҳиш кардам, ки суханамро тарҷума кунад.

Духтараки тарҷумон сурх шуд ва шарм дошт, аз хиҷолат зери обу арақ монд, вале тарҷума кард.

— Но! Но! (Не! Не!)  — хитоб кард ҷаноби Хюз – ба ин шарт ман ҳаргиз розӣ шуда наметавонам.

Ҷаноби Хюз аз зинапоя боло мебаромад ва ҳамон ҳарфи «Но! Но!» дар даҳон дошт. Аз дари тайёра охирин бор барои хайру хуш нигарист ва даст ба ҳаво бардошт.

— Но! Но!  Ҷаноби Турсунзода!

Ҳанӯз ҳам дар куҷое бо якдигар дучор оем, ҷаноби Хюз пеш аз салом додан «Но! Но!» мегӯяд ба аломати инкор аз ин шарти мусалмоншавӣ ва дигар бо ман дар  ин мавзӯъ мубоҳиса карданро раво намебинад. Шояд аз фикраш даст кашидааст.

Ба устод, ки вақти сухан гуфтан аз хушҳолӣ шукуфта буданд, нигаристаму гуфтам:

— Хуб сабаб ёфтед, вагарна ҷаноби Хюз як умр шуморо осуда намегузошт.

Ба нияти гап кофтан як нақли латифамонанди аз сафари Мексика ҳадя овардаашонро пурсидам. Маънидорона ба сӯям чашм дӯхтанд ва бо ҳамон хушҳолӣ ҳикоя карданд.

Асли нақл ин тавр аст: Ҷон Кеннедӣ, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Мексика меояд ва ҳангоми рӯ ба рӯ суҳбат оростан бо президенти давлати Мексика дар дасти ӯ банд ва соати аҷиберо мебинад ва ситоиш мекунад.

— Чӣ банду соати аълое.

Президенти Мексика бе он ки мулоҳиза фармояд, соатро аз даст мегирад ва ба Ҷон Кеннедӣ тақдим мекунад.

Дақиқае чанд сипарӣ мешаваду аз ҳусн ва латофати хонумҳо  сухан меравад. Президенти Мексика ба Ҷон Кеннедӣ менигарад ва таърифаш мекунад.

— Хонуми шумо, ҷаноби Кеннедӣ, беҳтарини хонумҳои Амрикост, — мегӯяд. Ҷон Кеннедӣ ба ҳамсари худ ва ба чашми  мусоҳиб менигарад ва табассум мекунад.

— Баҳоятон ҷон дорад, худи ман ҳам дар ҳамин андеша ҳастам, — мегӯяд ва соати лаҳзае муқаддам тақдим кардаи ҳамсуҳбати худро бармегардонад.

— Сиёсатмадорони олимартаба ҳам баъзан ҳазлҳои зебо мекунанд, – гуфтанд устод.

Аз устод боз суол карданӣ шудам, аммо овози духтараки раҳнамо, ки тавассути радио ба фурудгоҳи Душанбе наздик омадани тайёраро хабар дод, монеъ гашт.

-Агар гӯям, ки Шумо яке аз содиқтарин  шогирдони устод Мирзо Турсунзодаед, иштибоҳ намешавад. Бори нахуст кӣ шуморо бо устод шинос кард?

-Бори аввал маро бо устод Файзулло Ансорӣ, ки дар он айём сармуҳаррири идораи адабии Радиои ҷумҳурӣ буд, шинос карда  буд. Ман  кам не,  ҳафтдаҳ сол   ҳамроҳи устод кор кардам. Дар суҳбату мулоқот ва сафарҳои дуру наздик ҳамроҳашон будам ва дар  китоби «Зинда ба ишқ» дар ин хусус муфассал зикр  кардаам. Агар устод намешуданд, ҳеҷ гоҳ ман ба ин мартаба намерасидам ва бо бузургоне  чун аллома Бобоҷон Ғафурову шоири оламшумул  Расул Ҳамзатов ва дигарон вонамехӯрдам.

-Бо Расул Ҳамзатов вохӯриатон чӣ тавр сурат гирифт?

-Бо Расул Ҳамзатов на танҳо вохӯрдаам, балки  як шаби боронии тобистони соли 1965 ҳамроҳи устод  Турсунзодаю Акобир Шарифӣ дар деҳаи Сада будем. Баъди  дар Доғистон оғоз гардидани Рӯзҳои адабиёти тоҷик дар  хоки Россия мо ба ду гурӯҳ ҷудо шудем. Гурӯҳи мо, ки  Расул Ҳамзатов роҳбалад  ва устод Турсунзода сарпарасташ буданд, ба ноҳияи Хунзах раҳсипор шуд. Шаби дуюм Расул моро ба  манзили падариаш даъват кард. Чун манзили Ҳамзат Садаса ва Расул Ҳамзатов осорхона аст, дар хонаи писарамаки Расул, ки дар паҳлӯи хонаи худи онҳост, ба меҳмонон ҷой густурданд. Тамоми шаб сухан аз шеър ба лаб омад ва  ду устоди сухан аз дидаю шунидаҳои худ, аз барору нобарориҳои эҷодии шоирон, аз суннати шеъри Ховарзамин, аз масъулияти шоири имрӯз дар назди виҷдон ва  ҷамъият ва ояндагон, аз пешомади адабиёти халқҳои  хурду бузург ва ғайра ҳарф заданд.

Вақте устод Турсунзода аз хусуси бузургони шеъри  Доғистон гап кушоданд, Расул Ҳамзатов гуфт:

-Се кас: Маҳмуд, Сулаймон ва Ҳамзат Садаса. Магар зиёд аст барои Доғистон, не, бисёр кам.

-Имони комил дорем, ки зери роҳбарии Расул Ҳамзатови дилсӯз зиёд мешавад,- афзуданд устод Турсунзода.

-Не, ман ҷиддан мегӯям. Вале илоҷи зиёд  карданаш ҳаст, агар Мирзо Турсунзода иҷозат диҳад.

-Чӣ тавр?

-Боре хонда будам, ки адабиёти тоҷику форс  зиёда аз панҷ ҳазор соҳибдевон дорад, панҷ ҳазор! Кам аст? Не! Шумо ҳамагӣ 250-300 нафари онҳоро мехонед ва медонед. Ана аз ҳамон намехондагию намедонистагиатон ду–се тоашро  ба мо диҳед, мегӯям… Албатта, аз   Низомӣ   барин   бузургаш ва аз Берунӣ барин алломааш намегӯям. Аз даҳуму бистумаш. Мо эҷодиёти онҳоро ба забонҳои доғистонӣ мегардонем ва пас эълон мекунем, ки ана  боз чанд  шоири нав ёфтем. Таърихи тамаддуни мо он вақт  аз Маҳмуд не, аз қарнҳои қадимтар ибтидо мегирад,- ҳазли худро  давом дод Расул Ҳамзатов.

Бовар кунед, ки чунин суханҳоро дар он айём  на ҳар кас гуфта метавонист, вале Расул Ҳамзатов, ки ниҳоят  шуҳратёр  буд, ба таври  шӯхӣ ҳам бошад, бепарда ҳарф мезад. Аҷаб замоне буд, мисли афсона…

-Мегӯянд, ки боре ҳангоми сафар  бо дӯсташон Расул Ҳамзатов ба Эрон,  устод тарҷумони ӯ будаанд?

— Қиссаи тарҷумонӣ кардани Турсунзодаро ман соли 1974  ҳангоми сафар ба Конибодом, ки устод аз ин ҳавза номзад ба вакили Шӯрои Олӣ пешниҳод шуда буданд, аз забони худашон шунидаам.

Мо чор нафар будем: устод, ёварашон Ӯктами Маҳмуд, Сайфуллои ронанда ва камина. Роҳ тӯлонӣ буд, устод бо як хастаҳолӣ аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегаштанд. Маълум, ки беморӣ азияташон медиҳад, вале сир намедиҳанд. Ба хотири кӯфти роҳро баровардану хушҳол кардани устод, аз сафарашон ба Эрон ёдовар шудам. Воқеан ҳам устод аз ин суоли ман хушҳол шуданду ба китфи рост гаштанд ва бо табассуми малеҳе ба қисса оғоз карданд:

— Бо тавсияи Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ ҳангоми таҷлили ҷашни  Наврӯз соли 1968 ману дӯстам Расул Ҳамзатов ба Эрон сафар кардем. Дар бораи ин сафар рӯзномаҳо бисёр навиштаанд, ҳатто ҳазлу шӯхии Расулро ба қалам додаанд.

Рӯзҳои аввали ба Эрон омадан тарҷумон надоштем. Тарҷумон ба Расул лозим буд. Ӯ, ки на ҳарфи форсиро мешинохту на калимае ба форсӣ гуфта метавонист, ҳар навиштаеро, ки бинад, дарҳол мепурсид: «Мирзоҷон, ин ҷо чӣ навиштаанд?» Ҳар кас, ки сухане мегуфт, донистан хоста, суолам медод: «Мирзоҷон, ин кас чӣ мегӯяд?» Илоҷе набуд, барояш тарҷума мекардам. Раҳмашро мехӯрдам, ки аз гапу кор бехабар намонад. Раҳмдилиям гарон омад: барои Расул ҳам тарҷумон ва ҳам раҳнамо шудам, то рӯзе, ки ҷиддан тарҷумонаш нахостам.

Ҳамон рӯзҳое, ки дидаву шунидаҳоямро барояш тарҷума мекардам, дар як мулоқот Расул, саҳеҳтараш дар мулоқот бо садри аъзами Эрон бо одате, ки хоси ӯст, маро ба ҳозирин шиносонид:

— Шахсе, ки, — гуфт ҳазломез, — сухани маро ба шумо тарҷума мекунад, Қаҳрамони кори сотсиалистӣ, дорандаи мукофоти ленинӣ ва ҷоизаи давлатии Шӯравӣ ва ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ ва мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, вакили халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравист ва боз соҳиби чанд ҷоизаву дараҷа… Агар тарҷумони ман чунин як  шахси баобрӯ ва соҳибмартаба аст, пас худи ман кистам?

Ҳозирин аз оҳанги суханронӣ ба шавқ омаданд, каф кӯбиданд ва рӯзи дигар гуфтаи ӯ паҳн шуд.

-Ба шумо, гуфтанд устод, ин лавҳаро дар омади гап гуфтам. Аз он сафар хотироти хубе дорам. Ҳоло, як ҷузъашро нақл мекунам. Он ҳам бошад дар хоки Эрон, дар худи Шероз, дар соати дармондагӣ ба мадади мо расидани каломи Хоҷа Ҳофиз аст.

— Рӯзи дигари ба Теҳрон омаданамон, — суханашонро идома дода, гуфтанд устод, — моро садри аъзами Эрон ҷаноби Ҳувайдо пазироӣ кард. Вақте вориди манзили кори садри  аъзам шудем, ӯ шеър дар лаб аз паси миз ба истиқболи мо бархост. Шеъри маро мехонд, он шеъре, ки ин тавр ибтидо мегирад:

               Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,

              Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар?

              Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,

              Аз шароре тоза гулхан офарад.

Ҳувайдо шеърро бо як шеваи ширин қироат мекард. Вақте сатрҳои зер:

              То насӯзӣ, сохтан мушкил бувад,

              Дил  ба ҷонон бохтан мушкил бувад.

              Шеър ҳам бояд занад фавворае

              Аз танӯри дил чу оташпорае.

              Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,

              Нармтар сангин дили ёре кунад.

ба забонаш омаданд, тарҷумон ба Расул чизе гуфт.

Мирзо, — гуфт Расул оҳиста, — сарвазири Эрон шеъри туро қироат мекунад?

— Чунон ки шунидӣ, — ҷавобаш додам, — ин ҷо Эрон аст, ватани шеър аст, ҳама шеър медонанду шеър мехонанд, аз шоҳ то гадо.

— Ҳм, — гуфт Расул ва рӯ ба Ҳувайдо овард, ки рӯ ба рӯ омада буд.

— Хуш омадед, оғои Турсунзода, хуш омадед оғои Расул. Беҳтар аз байти шоир  наметавонам калимоте ба забон оварам:

              Ҳон, бифармо, ки хона хонаи туст,

              Тухми чашми ман ошёнаи туст.

Ҳувайдо оғӯш кушод ва мо аз рӯи суннати ниёгон бо ҳам вохӯрдем.

— Хеле хушам аз дидори шумо, – гуфт ва ба нишастан хонд ва бо ҳамон хушдилию кушодагӯӣ ва болидатабъӣ илова кард:

– Оғои Турсунзода, шумо ба ҳеҷ ваҷҳ меҳмон нестед, — истиҳола накунед, бигӯед, ки куҷо рафтанӣ ҳастед ва киро дидан мехоҳед? Эрон бароятон пешкаш аст.

Барои пазироии самимона сипосгузор шудам ва гуфтам, ки борҳо ба Эрон омадаам, аммо Шерозро надидаам, аввал Шерозро дидан ва мазори Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдиро зиёрат кардан ва аз бӯи гулҳои Шероз машоми худро муаттар сохтан мехоҳам, ки орзуи деринаи дил  аст.

— Нишопур ва Исфаҳон ва Машҳад ва Тӯс ва Табрез ва Кирмонро бубинед, Эрон дар ихтиёри шумост.

Боз ҳам ташаккур кардам.

— Ҳоҷат ба ташаккур нест, — гуфт Ҳувайдо, — фардо Шероз чашминтизори шумост.

Расул Ҳамзатов, ки шояд чунин як пазироиро чашмдор набуд, маҳви ҳайрат гӯш ба даҳони тарҷумон ниҳод…

Нақшаи сафари мо тағйир наёфт. Рӯзи дигар ба Шероз омадем. Ба назар чунин намуд, ки аз ҳар дару девори Шероз садои Ҳофизу Саъдӣ шунида мешавад,  сари ҳар тоқи он бо хати заррин аз эҷоди ин ду бузургвор иқтибос овардаанд.

Шероз, ки маркази Хуросон аст,  бо табиати худ ба водии Ҳисор шабеҳ аст, атрофашро кӯҳҳо печонидаанд. Шеваи гуфтори одамонаш шеваи тоҷикиро монад. Ба Шероз расида, сари таъзим ба оромгоҳи Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдӣ фуруд овардем, аз оби Рукнобод ҷуръае нӯшидем, гулгашти Мусаллоро давр задем ва аз ҳавояш нафас кашидем.

Дар Шероз ёфтани оромгоҳи ин ду марди бузург душвор нест. Чун ба ҷустуҷӯи оромгоҳ мебароед, шуморо  хиёбони «Гулистон» ва Ҳофиз рост ба он ҷо мебарад.

Шероз, дар баробари Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдӣ, як зумра касони маъруфро ба олами тамаддун эҳдо кардааст. Шерозиён ин касонро нек ёд мекунанд, манзилашон обод аст, яке аз дигаре беҳ. Як рӯзи мо сарфи тамошои зебоиҳои Шероз шуд.

Гашти рӯз хабар расид, ки таъҷилан бояд ба Теҳрон баргардем. Фардо субҳ Н.  А. Косигин, раиси Девони Вазирони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба Эрон меояд, ки дар расми ифтитоҳи корхонаи зубби оҳани Исфаҳон ширкат хоҳад кард. Бояд дар шумори пешвозгирандагон бошем.

Барои ба Теҳрон баргаштан ризоият додем. Мутасаддии мусофирати мо камар ба ҷустуҷӯи воситаи сафар баст. Хеле вақт сипарӣ гашт, аммо кӯшишаш натиҷа надод. Возеҳ шуд, ки то субҳи фардо аз Шероз ба сӯи Теҳрон тайёрае  парвоз нахоҳад кард, ҳам дер шудааст, ҳам обу ҳаво тағйир ёфта. Мошинсавор бояд ба роҳ баромад, ҳарчанд ки пурмашаққат аст. Розӣ шудем, лекин пайдо кардани нақлиёти мувофиқ муҳол афтод. Ба ҳар даре, ки мутасаддӣ рӯй овард, ҳарфи раддия шунавид.

— Оғоҷон, то субҳ сабр бояд кард. Роҳ дур ва шаб қариб ва обу ҳаво матлуб  нест.

Дидам, ки мутасаддӣ мушкилӣ мекашад, асабонӣ шудааст, назди соҳибвазифае рафтам, ки нақлиёти мусофиркашро дар ихтиёр дошт. Саломаш додам ва гуфтам, ки эй  марди некниҳод, некие бикун, ки бе некии ту муроди мо ҳосил нахоҳад шуд ва байти Хоҷа Ҳофизро хондам:

               Ҳофиз, ниҳоди неки ту қомат бароварад,

              Ҷонҳо фидои мардуми некӯниҳод бод.

Ва гуфтам:

— Дил мехост, шабе меҳмони шерозиён бошем, аммо имкон даст надод. Афсӯс, ки ба Теҳрон баргаштан лозим аст. Субҳ бояд дар Теҳрон бошем:

                            Дил гуфт фурӯкаш кунам ин шаҳр ба бӯяш,

                           Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.

Ҷеҳраи мард шукуфт, лаб ба гуфтор кушод ва суолам дод:

— Шумо  Хоҷаро дӯст доред?

— Хоҷа пири ман аст. Ба нияти саҷда кардан ба мазори муқаддаси эшон аз Тоҷикистон ин ҷо расидаам.

— Бубахшед, ки ман шуморо шерозӣ пиндоштаам. Хоҷа барои ҳама некӣ кардааст, ку бубинем, ин бор чӣ мефармояд, — гуфт мард ва байти Ҳофизро хонд:

Чунон бизӣ, ки агар хоки раҳ шавӣ, касро

Ғубори хотире аз раҳгузори мо нарасад.

Ва чун донист, ки ман шоир Мирзо Турсунзода ҳастам, рӯй ба сӯе тобиду касеро даъват кард ва фармуд, ки навтарин чорчархаро ба сафар омода кунад ва бо худ як нафар ронандаи баҳушро бигирад, ки Теҳрон меравад ва меҳмонони хеле азизро ҳамроҳ мебарад.

Ба ҷои ташаккур ин байтро хондам:

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,

Рӯзе таваққуде кун дарвеши бенаворо.

Мошин ва ду нафар ронанда ба хидмат расиданд. Марди меҳрубон онҳоро назди худ хонд ва чизе гуфт, шояд дастур дод, ки дар роҳ сахт эҳтиёткор бошанд. Назди мо расиду бо байти Хоҷа Ҳофиз роҳи сафед хост:

Ба сарат, гар ҳама олам ба сарам бихрӯшанд,

Натавон бурд ҳавои ту бурун аз сари мо.

Ва даст ба дуо бардошт:

— Роҳи дур наздик ва рӯҳи бузурги Хоҷа мададгор бод!

Бо Шерози меҳмоннавоз хайрбод гуфтем ва шаб ҳама шаб роҳ сипарда, бомдодон, даҳ дақиқа пеш аз фуруд омадани тайёраи  Н. А. Косигин ба Теҳрон расидем…

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ КЎҲИИ ба номи С. ЮСУПОВА дар назди ДОНИШКАДАИ КЎҲӣ – МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҷИ КӯҳИИ ба номи

С. ЮСУПОВА дар назди ДОНИШКАДАИ Кӯҳӣ – МЕТАЛЛУРГИИ ТОҷИКИСТОН

 

барои соли таҳсили 2019-2020 ҷиҳати ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаҳои ҷонишинони директор, деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, профессор, дотсент, омӯзгори калон, ассистент ва кормандони сохторҳои зерин озмун эълон менамояд:

 

  1. ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ.
  2. ҷонишини директор оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ.
  3. Факултаи геология

– декан, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ.

  1. Факултаи иқтисодиёти саноати кӯҳӣ

– декан, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ.

  1. Факултаи кӯҳкорӣ

– декан, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ.

  1. Кафедраи менеҷменти соҳавӣ

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1. Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1. Кафедраи истихроҷ ва тоза кардани маъдан

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1. Кафедраи топография ва корҳои маркшейдерӣ

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1. Кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ.

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1. Кафедраи геоэкология

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1. Кафедраи забонҳо

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

  1.   Кафедраи табиӣ-риёзӣ

– мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

– омӯзгори калон – 2,0 воҳиди корӣ;

– ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

 

 

  1. Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

– омӯзгорон аз рӯи ихтисосҳои зерин:

  1. Ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо;
  2. Ёрдачии пармагар ва ҷустуҷӯи пармачоҳо дар соҳаи нафту газ;
  3. ҳисобдор;

4 Хазинадор назоратчӣ.

 

Номзадҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

  • Маълумоти олии тахассусӣ;
  • Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол дошта бошад;
  • Донистани асосҳои педагогика ва психология;
  • Кор кардан дар компютер ва шабакаи интернет;
  • Донистани ҳатмии забони давлатӣ ва русӣ;
  • қобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ.

 

Ба дорандагони дараҷаи илмӣ имтиёз дода мешавад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • Ариза ба номи директори коллеҷ;
  • Варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
  • Тарҷумаи ҳол;
  • Нусхаи дипломҳо;
  • 6 адад расми 3х4;
  • Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • Нусхаи шиноснома;
  • Нусхаи РМА-ИНН (рақами мушахаси андозсупоранда);
  • Нусхаи РМИ-СИН (суғуртаи иҷтимоӣ);
  • Маълумотномаи тиббӣ №038;
  • Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Тавсифнома аз ҷои кори пешина.

 

ҷиҳати иштирок дар озмун маълумотнома (CV) –и номзадҳо то 15.08.2019 ба суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 52/1 қабул карда мешавад.

Инчунин, номзадҳо метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба почтаи электронии

kuhi-2018@mail.ru ирсол намоянд.

 

Телефон: 985-42-02-31, 239-13-68, 239-13-70