Тибқи қарори маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 9 апрели соли 2022 таҳти №4, барқияи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2022 таҳти №24 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 27 майи соли 2022, №1 дар ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ барои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баргузор мегардад.
Дар робита ба ин дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳоии ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсии ш. Душанбе дар ТИ ҳизбии “Геолог”-и МД коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур муҳтарам Шоҳиён Абдураҳим – раиси КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ ва Аҳмадзода Лайлӣ – сармуҳарири нашрияи “Мароми Пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе ва аъзоёни ТИ иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог”, Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҳозиринро ба масъалаҳои рузномаи маҷлис шинос намуданд. Сипас аз рӯи масъалаҳои рӯзнома тибқи тартиби муқарарӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ҷараён гирифт.
Зимни ироаи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Геолог” қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзоёни ташкилот ва бедор намудани ҳисси худогоҳию худшиносии ҷавонону наврасон, дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо, талқини ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзоён дар нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” баҳри иҷрои барномаҳои давлатӣ, қарору қонунҳова дастуру супоришҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории чоранибиҳои гуногунро ба ҳисоб гирифтааст. Аъзоёни ташкилот пайваста дар чорабиниҳои гуногуни дохилӣ ва берун аз он, дар сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҳиссаи арзандаи худро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва рушду нумуи ватанамон мегузоранд. Дар ин самт ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро ба роҳ монда, бо роҳи ҷалби наврасону ҷавонони коллеҷ ба ҳар гуна чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишӣ ва дар замири онҳо бедор ва талқин намудани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир ва эҳтироми волоияти қонун ҳадафҳои худро амалӣ месозад.
Баъд аз манзур гардидани ҳисоботи роҳбари ташкилоти ибтидоӣ хоҳишмандон ба музокира баромада, вобаста ба ҳолати натиҷагирӣ аз фаъолият дар давраи ҳисоботӣ мулоҳизаронӣ намуда, фаъолияти ТИ “Геолог” қаноатманд арзёбӣ гардид.
Дар идома аз рӯи масъалаҳои баъдӣ тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Геолог” ва муовини он бо тарафдории бештари аъзои ТИ аз нав интихоб карда шуданд.
Дар ин баробар баъд аз баррасии пурраи масъалаҳои пешбинӣ шуда, Шоҳиён Абдураҳим – раиси КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ ба сухан баромада, барои пешравӣ ва фаъолияти самарбахши ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Геолог» андешаҳои ҷолиб ва дастуру супоришҳои судманд баён намуданд.
Дар қисмати ташкиллии маҷлиси мазкур ба нафароне, ки тоза ба сафи аъзогӣ дар ҲХДТ павастанд, бо истифода аз ҳузурӣ меҳмонон ва аъзоёни ТИ дафтарчаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби раиси ТИ “Геолог” иброз гардид, ки метавон бо боварии комил гуфт, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи оиннома, барнома, низомномаҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, љиҳати роҳандозӣ намудани сиёсати созандаи раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар љомеа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд намуд.