Архив Ноябрь 2022

МИЗИ МУДАВВАР

МИЗИ МУДАВВАР
Санаи 26.11.2022
Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ ва кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок санаи 26.11.2022 мизи мудаввар дар мавзӯи “Гидросфераи қабати қишри замин, таркиби химиявӣ ва физикии он” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, кормандони бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, омӯзгорони кафедра ва инчунин донишҷӯёни факултети геологияи муассиса иштирок доштанд. Дар оғози ин чорабинии илмӣ ассистенти кафедраи геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок Ёрмадова М.З. суханрони намуда вобаста ба мавзӯи мазкур маълумотҳои зарури пешниҳод намуданд. Инчунин дар доираи мавзӯи мазкур аз ҷониби донишҷӯён низ маърӯзаҳо ба иштирокдорони ин чорабини ироа гардид. Дар баромади баромадкунандагон қайд гардид, ки Замин аз якчанд қабат иборат аст. Онҳоро геосфера меноманд. Геосфера аз чунин қабатҳо иборат аст: атмосфера (юнонӣ «атмос»-буғ), гидросфера (юнонӣ «гидро»-об), литосфера (юнонӣ «литос»-санг). Ҳамаи ин қабатҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: берунӣ ва дохилӣ. Онҳо бо таркиб, ҳолат (газ, моеъ, сахт…), фарогирӣ (муттасил ё номуттасил) ва ғафсии худ аз якдигар фарқ мекунанд. Гидросфера яке аз қабатҳои берунии Замин ба ҳисоб меравад. Ин қабати номуттасили Замин буда, дар сатҳи он ба монанди атмосфера пардаи яклухтро ҳосил намекунад. Он дар байни қабати атмосфера ва қишри Замин воқеъ гардида, тамоми уқёнусҳо, баҳрҳо, обҳои сатҳи хушкӣ ва зеризаминиро дар бар мегирад. Илова барин вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд садо дод. Баъд аз ироаи маърузаи баромадкунандагон миёни иштирокчиёни ин чорабинии илмӣ саволу ҷавобҳо баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона баромад намуданд. Дар охир донишҷӯёни курси якум, ки аввалин маротиба дар чунин чорабиниҳои илмӣ иштирок намуда будан аз ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуданд ва қайд карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ бозҳам зиёдтар карда шавад ва мо донишҷӯён тавонем донишу малакаи худро сайқал диҳем.

ПАРЧАМ ҶИЛОИ НОМУСИ МИЛЛАТ!

Дар доираи иҷрои нақаша-чорабиниҳои коллеҷ вобаста ба сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.11.2022 дар муассиса чорабинии маърифатию фарҳангӣ таҳти унвони “Парчам ҷилои номуси миллат” бо иштироки меҳмонону омузгорон ва хонандагону донишҷӯён доир гар дид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ бо нишони арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ суруди миллӣ садо дод. Сипас сухани ифтитоҳӣ ба дирекори коллеҷ Суфиев Алишер Ҷаъмаевич дода шуда роҳбари муассиса ҳозиринро ба муносибати ин ҷаҳни фархудаи миллӣ самимона табрик ва буборакбод намуда дар ин баробар вобаста ба ин санаи таърихӣ фикру андешаҳои худро манзури ҳозирин гардонид. Зимни суханронии роҳбари муассиса зикр гардид, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ қарзи шаҳрвандии мо буда, бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ моро зарур аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пеҳвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъйю талошҳои пайвастаро роҳандозӣ намоем.
Инчунин зимни баромадҳо таъкид карда шуд, ки бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Дар идома аз ҷониби маърузачиён вобаста ба таърихи пайдоиш, тартиби истифодабарӣ ва мъёрҳои муқараргардидаи санадҳои қонунгузорӣ фикру мулоҳизаронӣ сурат гирифт.
Махсусан гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки яке аз баландтарин парчам дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, хонандагону донишҷӯён бо қироати шеъру суруд дар васфи Ватан, Парчам, ва дигар муқаддасоти миллӣ ба чорабинӣ шукуҳӣ дигар бахшиданд.

 

 

 

 

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “30-СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи иҷрои нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова санаи 11.11.2022 дар муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар конференсияи мазкур Хонзода Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Мирзомуддинов Саидбек Идибекович -Намояндаи ҲХДТ дар Федератсияи Руссия, Камолзода Гулбаҳор Саидаслам – Прокурори калони бахши назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи шаҳри Душанбе, Ғаффорзода Юсуф- Намоянда аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД ш.Душанбе ва Сангов Манучеҳр – Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ироаи маърузаҳои пурмуҳтаво баромадкунандагон аз рӯи мавзуи пешбинишудаи чорабинӣ вобаста ба аҳамияти сиёсиву амалии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадамҳои аввалин дар роҳи эъмори давлати воҳид дар замони муосир ва ҷавонони даврони Истиқлолият пайравони аслии Пешвои миллат фикру андешаҳои худро гуногун шарҳ доданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Инчунин тазаккур дода шуд, ки Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

 

ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШӢ МУБОРАК!

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни донишҷӯдухатрони муассисаҳои таҳсилони миёна ва олии касбии ҳудуди ноҳияи Фирдавӣ бахшида 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дастаи донишҷӯдухтарони коллеҷ дар сабқат бо ҳарифон бозии хуб нишон дода, дар мусобиқаи мазкур сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

(Нет названия)

КОНСТИТУТСИЯ ВОЛОҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Санаи 04.11.2022 дар доираи иҷрои банди дахлдори нақша-чорабиниҳои коллеҷ, бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Конститутсия волоҳуҷҷати сарнавиштсози миллат” доир гардид. Дар чорабинии мазкур аз муассисаву ташкилотҳои гуногун мутахассисони соҳавӣ даъват гардида, бо пешниҳоди маърузаҳои пурмуҳтаво дар мавзуҳои гуногуни марбут ба аҳамияти таърихӣ доштани ин санади сарнавиштсоз фикру андешаҳои худро ироа намуданд.
Аз ҷумла зимни ироаи маъурзаҳо қайд, гардид, ки бо дарназардошти интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуку озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъияти , зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон ба миён омада буд, ки дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт.
Ин чунин тазаккур дода шуд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Дар идома таъкид гардид, ки чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.
Зимни андешарониҳо таъкид шуд, ки Конститутсия дар ҳақиқат воло ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.