Тоҷикистон дар симои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафареро мебинад, ки аз ҳама чиз гузашт намуда, ба хотири барқарор гардидани сулҳу ваҳдат, сарҷамъии миллат ва пароканда нашудани давлати тозабунёд ҷони худро дар хатар гузошта, ба майдони сиёсат омаданд ва бо хиради баланди инсондӯстона тавонистанд, ба ҷои бесарусомониҳо ҳаёти шоистаро ба мардум баргардонанд. Бинобар ин таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар боиси ифтихор буда, он чун рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон нафаре мебошанд, ки дар ташаккули таърихи давлатдорӣ, эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Ҳамин гуна кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки имрӯз мо соҳиби давлатему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор дорем.
Дастгириву ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз баҳри насли наврасу ҷавон кулли имкониятҳои илмомӯзӣ фароҳам гардида, барои он ки ҷавонони имрӯза хондаву соҳибкасб ва мутахассиси варзида гарданд, мактабу литсей, коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои бо муҷаҳҳаз гардонии таҷҳизоти техникӣ ва бо талаботи замони муосир пурзурнамоии пойгоҳи моддӣ- техникӣ дар ҳамагуна равияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Ҷавонон аз дастгириҳои Роҳбари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар тамоми соҳаҳо ба кору фаъолияти назаррас машғуланду саҳми худро дар рушди кишвари азизамон Тоҷикистон гузошта истодаанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми шарафманди кишвар бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамасола ҳамчун рамзи садоқату самимият ба Президент, ки сулҳу амонӣ ва Ваҳдати миллиро ба сокинони ин сарзамин оварда, зиндагии шоистаро барои хурду бузург муҳайё сохт, ҷашн мегиранд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадяи беҳтарин барои ҳар як хурду бузурги кишвар аст ва онро бояд ҳифзу гиромӣ дошт ва бо тантана ҷашн гирифта дар ин баробар ҳамчун ифтихороти миллӣ аҳамияти таърихии онро ба насли ҷавон омӯзему ба ин васила ба наслҳои баъдӣ интиқол диҳем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хонандагону донишҷӯён самимона табрик гуфта, ба кулли мардуми тоҷик ин рӯзи муқаддасро муборакбод мегӯям!
Директори коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова Суфиев А.Ҷ.