Архив 24.11.2023

ПА𝐏ЧА𝐌 – 𝐏А𝐌𝟑И ИФ𝐓И𝐗𝐎𝐏У ИҚ𝐓ИД𝐎𝐏 𝐁А ҶИЛ𝐁АИ БА𝐗𝐓У 𝐂А𝐎ДА𝐓

    Санаи 23.11.2023 бо мақсади таҷлили сазовори рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти унвони “Парчам – рамзи ифтихору иқтидор ва ҷилваи бахту саодат” баргузор гардид.
       Дар расми ифтитоҳи ҳамоиши мазкур ҷонишини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ ҳозиринро ба муносибати таҷлили солгарди қабули Парчами давлатӣ аз номи маъмурияти коллеҷ табрик ва муборакбод гуфта, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, барои ташриф оварданашон изҳори минадорӣ баён намуданд.
         Дар ҳамоиши мазкур баромадкунандагон бо пешниҳоди беҳтарин маърузаҳо вобаста ба таърихи қабул ва дигар паҳлӯҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири иштирокдоронр болида сохтанд.
        Аз ҷумла зимни ироаи баромадҳо гуфта шуд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Парчами давлатӣ қабул карда шуданд.
         Дар идома махсусан таъкид карда шуд, ки бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумон пешниҳод намуданд. Боиси қаноатмандист, ки бо қабули қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
            Дар ин баробар қайд гардид, ки аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Парчами давлатии Точикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб мешавад.
           Баъд аз ҷамъбасти маърузаҳо қисмати фарҳангии ҳамоиши мазкур идома ёфта, дар ин қисмат аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангии иборат аз шеъру суруд дар васфи Парчами давлатӣ ба ҳозирин пешкаш гардид. Дар қисмати хотимаивии ҳамоиш ба масъулин ва ғолибони озмунҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ифтихорнома ва сипосномаҳои маъмурияти коллеҷ тақдим карда шуд.