Архив 25.02.2024

АРТИШИ МИЛЛӢ – ЭЪТИМОД БА АМНИЯТ ВА МУҲОФИЗИ ШАРАФИ МИЛЛАТ

   Санаи 22.02.2024 бо иштироки роҳбарият, меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён дар Коллеҷ чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур директори Коллеҷ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик ва муборакбод гуфа, зикр намуданд, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона ҳамаи мову шумо зери таасуроти дастуру ҳидоятҳои ҳикматбори Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дода шуд, қарор дорем. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳнамоиҳои Роҳбари давлат дар замони пуртаззод, бархурди тамаддунҳо ва таҳдиди хатарҳои гуногун, ки ба озодию истиқлолияти кишварҳо таъсиргузор аст, барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамчун дастурамали зиндагии осоишта ва кулвори маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва муҳимтар аз ҳама роҳнамои зинадагии халқ арзёбӣ мегардад.
      Дар робита ба ҳолати кунунии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар зимни ироаи Паём чунин таъкид доштанд, ки: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
    Дар идома таъкид карда шуд, ки ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.
     Инчунин, қайд карда шуд, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 31 сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Дар идома қайд гардид, ки бо дарназардошти устувории заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидорҳои зеҳнӣ, Пешвои муаззами миллат чунин таъкид намудаанд: “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати амният ва осудагии кишвар мебошад”
     Дар ин баробар устодону меҳмонон низ вобаста ба аҳамияти таърихии ҷашни мазкур ва нақши Артиши миллӣ дар ҳифзу якпорчагии кишвар маърузаҳои пурмуҳтаво қироат намуда, иброз доштанд, ки ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад ва ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осудагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Ҳамзамон ба иштирокчиён алалхусус ба ҷавонон таъкид гардид, ки бояд ҳар як ҷавони ватандор чун афсарону сарбозони шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳмгузор бошад.
Дар идома чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, ки ба тарбияи ватандӯстӣ равона шуда буд, ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.
      Дар фарҷоми чорабинии имрӯза роҳбарияти муассиса барои фаъолияти пурсамар ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, ҳамзамон омӯзгорону кормандони фаъоли муассиса бо сипосномаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

ҶОНИБДОРӢ АЗ ПЕШНИҲОДИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВОБАСТА БА “РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ”

 

Донишҷӯёну кормандони Коллеҷ дар ҳамрайӣ ба

ташаббуси пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ роҳандозӣ гардид, дар қатори дигар ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳаммовозӣ намуда, бо руҳу илҳоми болида иштирок намуда, аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷонибдорӣ намуданд.

𝐓𝐎𝟑АГӢ 𝐁А 𝐎Б𝐎ДӢ А𝐌АЛИ 𝐇𝐄𝐊И И𝐇𝐂𝐎𝐇Ӣ 𝐁А 𝐇ИШ𝐎𝐇АИ 𝐁А𝐓А𝐇ДУ𝐂𝐓И𝐂𝐓🌱

        Санаи 10.02.2024 кормандон, омӯзгор ва донишҷӯёни муассиса, дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳои Коллеҷ ҷиҳати дар амал татбиқи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати -миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона аксияи тозагӣ ташкил ва гузаронида шуд.
     Зимни баргузории “Аксияи тозагӣ” гирду атрофи муасиса тозаю озода гардонида шуда, дар замиҳои ҳудуди коллеҷ бе аз 30-адад дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Аз ҷониби кормандону омӯзгорон баргузории шанбегиҳо мунтазам сурат гирифта, ҷиҳати хурраму зебо гардонидани ҳар гӯшаи шаҳри азизамон Душанбе ба таври доимӣ талош меварзанд.

ҲА𝐌𝐎ИШ 𝐎ИД БА ПА𝐄̈𝐌И П𝐏𝐄𝟑ИД𝐄𝐇𝐓И ҶУ𝐌ҲУ𝐏ИИ 𝐓𝐎ҶИ𝐊И𝐂𝐓𝐎𝐇 БА 𝐌АҶЛИ𝐂И 𝐎ЛИИ ҶУ𝐌ҲУ𝐏ИИ 𝐓𝐎ҶИ𝐊И𝐂𝐓𝐎𝐇

  Санаи 25.01.2024 бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷ бо иштироки роҳбарият, устодону кормандон ҳамоиш доир карда шуд. Дар ҳамоиши мазкур роҳбари муассиса суханронӣ намуда, вобаста ба ба масъалаҳои фарогири дар Паём дарҷ шуда, нишондиҳандаҳои самтҳои алоҳидаи бахшҳои хоҷагии мамлакатро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёми навбати бармеомаданд, масъулин баҳри иҷрои босифат ва саривақтии онҳо вазифадор гардиданд.

ПА𝐄̈𝐌 – 𝐓АҲ𝐊И𝐌БА𝐗ШИ 𝐇И𝟑𝐎𝐌И ИҚ𝐓И𝐂𝐎ДИИ 𝐊ИШ𝐁А𝐏 𝐁А 𝐎𝐌ИЛИ 𝐌УҲИ𝐌И 𝐏АҚ𝐎БА𝐓ПА𝟑И𝐏ИИ 𝐌АҲ𝐂УЛ𝐎𝐓И 𝐁А𝐓А𝐇Ӣ

   Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бо фараҳмандӣ ва сарфарозӣ дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ соли 2023-ро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои назаррас сипарӣ намуданд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2023 як қатор дастоварду музаффариятҳо дар бахшҳои гуногун, махсусан дар бахши иқтисодиёти кишвар садо дода шуд. Аз ҷумла, тавре таъкид гардид “Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд”.
    Дар воқеъ иқтисодиёти миллӣ дар асоси ташаккули соҳаҳои саноати мамлакат ва дар заминаи баландбардории самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ рушду такомул намуда, ба ин васила таҳкими низоми иқтисодии кишвар ва рақопатпазирии маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина баҳри таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ бобати пешгирӣ аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, дар соҳаи саноат як қатор стратегияву барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Барномаи рушди металургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва ғайраҳо қабул карда шуданд, ки дар асоси иҷрои талаботҳои пешбинишудаи стратегия ва барномаҳои мазкур барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи мусоид фароҳам гашта истодааст.
   Дар ин баробар, баҳри саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омили дигаре, ки таъсиррасон буда метавонад, ин сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноати кишвар ба шумор меравад, ки он ҷиҳати дастрасӣ ба технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва азнавсозии воситаҳои истеҳсолот мусоидат менамояд. Бо дарназардошти омили мазкур Пешвои муаззами миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зикр намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид”.
    Мусалам аст, ки сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноати кишвар аҳамияти калон дошта, дар заминаи таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷори намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот, паёмадҳои дигари мусбиро ба монанди бо шуғл таъмин намудани аҳолии қобилияти меҳнатидошта, баланд гаштани сатҳи даромаднокии аҳолии мамлакат, кам шудани сатҳи камбизоатӣ, афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва бо маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ таъмин гаштани бозори дохилӣ мебошанд, ки ба ин паёмадҳо бевосита метавонанд ба рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ оварда расонанд. Нишондиҳандаи дигаре, ки зимни ироаи Паёми Пешвои муззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуд, ин буд, ки “Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд”. Нишондиҳандаҳои мазкур гувоҳи онанд, ки сармоягузорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба соҳаи саноати мамлакат хело назаррас буда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат мунтазам саҳми созгор мегузоранд.
    Бо мақсади таҳкими низоми иқтисодии кишвар ва рушди бемайлони минбаъдаи он, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки “Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд”.
       Дар Паёми навбатии роҳбари давлат ба сармояи инсонӣ, ки ҳамчун пояи устувори иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, таъкид намуданд, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад”. Воқеанҳам таъкидҳои Пешвои миллат ба маврид буда, дар низоми иқтисодёти кишвари алоҳида ва ё ҷаҳон илму дониш, ки натиҷаи мусбии қобилиятҳои фикрию зеҳнии инсон ба шумор мераванд, наметавонад дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, сармояи инсонӣ бо дарназардошти фазои таъғйирёбандаи низоми иқтисодиёти ҷаҳон дар алоқамандӣ ва ҳамоҳангии зич қарор дода шавад. Мавҷудияти чунин алоқамандӣ метавонад дараҷаи инкишофи сармояи инсонӣ ва иқтидори қобилиятҳои зеҳнии инсониро муайян сохта, ба ташаккули низоми иқтисодиёти кушод мусоидат кунад ва мубодилаи баробари иттилоот ва маҳсулоти истеҳсолиро дар миқёси ҳамкории минтақавӣ ва байнидавлатӣ таъмин кунад.
      Дар ҷумҳурӣ захираву имкониятҳои кишвар, аз лиҳози ашёи хоми ватанӣ, захираҳои меҳнатӣ ҷиҳати истеҳсоли энергияи сабз ва ташаккули иқтисодиёти сабз ба таври кофӣ мавҷуд буда, имкониятҳои васеъ ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар зимни ироаи Паёми солона зикр намуданд, ки “Бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд” . Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар натиҷаи вазифгузориҳо ва тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли энергияи сабз дар кишвар аз 98% ба ҳади ниҳоӣ расонида мешавад, ки ин ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қуваи дигар мебахшад. Дар ин робита, қайд кардан ба маврид аст, ки роҳандозии саривақтии тадбирҳои зикршуда барои баландшавӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисоди сабз мусоидат намуда, сабаби кам шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мегардад.
       Дар қатори соҳаҳои дар боло зикршуда, соҳаи дигаре, ки барои таҳкими низоми иқтисодии кишвар ва амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат менамояд, соҳаи геология кишвар ба шумор меравад. Бинобар сабаби дар сиёсати давлатӣ аҳамияти муҳим доштани иқтисодиёти саноатӣ куҳӣ ҷиҳати бозҳам кашфу дарёфти сарватҳои зеризаминӣ ва барои пайдо намудани конҳои канданиҳои фоиданок Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ таъкид доштанд, ки “Ба Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд” Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат соҳаи геологияи кишвар, ки яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат ба ҳисоб меравад, ташкил ва роҳандозии корҳои омӯзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин, ҷустуҷӯ ва дарёфти сарватҳои зеризаминиро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзалиятҳои соҳаи геологияи кишвар ба масъулин ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи мазкур бо истифода аз технологияи муосир ва бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
    Аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи иқтисодиёти мамлакат бо эътимод ва боварии комил метавон гуфт, ки дар фурсатҳои наздиктарин кишвари мо дар заминаи таҳкими низоми иқтисодии кишвар ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан бозҳам беҳтар мешавад.
Директори коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ Суфиев А. Ҷ

𝐇А𝐓ИҶАГИ𝐏Ӣ А𝟑 ФАЪ𝐎ЛИЯ𝐓И 𝐊𝐎ЛЛ𝐄Ҷ ДА𝐏 𝐂𝐎ЛИ 𝟐𝟎𝟐𝟑 𝐁А 𝐁А𝟑ИФАГУ𝟑𝐎𝐏ИҲ𝐎 БА𝐏𝐎И 𝐂𝐎ЛИ 𝟐𝟎𝟐𝟒

    Бо иштироки аъзои Шурои омӯзгорон ва кормандону омӯзгорони коллеҷ санаи 25.12.2023 ҳисоботи директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова Суфиев Алишер Ҷаъмаевич “Оид ба фаъолияти коллеҷ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024” баргузор гардид.
    Дар оғоз директори коллеҷ Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ба ҳайати кормандону омӯзгорон барои хитзматҳои софдилона ва татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои муҳими давлатдорию ҷаъмиятӣ, махсусан дар самти маориф ва илм аз номи маъмурияти Коллеҷ изҳори қаноатмандӣ намуд.
     Сипас зимни ироаи ҳисоботи солона роҳбари муассиса зикр намуд, ки соли 2023 барои ҳайати кормандону омӯзгорон ҳамчун соли бобарору хотирмон дар саҳифаҳои таърихи фаъолияти муассиса дарҷ мегардад, зеро дар соли 2023 коллеҷ дар ҳама самтҳо ба дастоварду муваффақиятҳо ноил гардид.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади амалисозии “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ва дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10.05.2023 то санаи 12.05.2023 дар Коллеҷи ғайридавлатии тибии “Даво”-и шаҳри Бохтар тибқи “Тартиби гузаронидани олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.03.2023, №4/27 тасдиқ шудааст, олимпиада аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ доир гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ба дастоварда донишҷӯи коллеҷ Раҳимов Суҳробҷон бо гирифтани холи муносиб дар асоси қарори ҳакамон аз фанни физика сазовори ҷойи 2-юм дониста шуд.
       Дар ин баробар таъкид гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти коллеҷ бо мақсади ташкили самраноки раванди баргузории дарсҳои амалии ихтисосҳои марбут ба иқтисодиёти саноати кӯҳӣ ва ба ин васила омоданамудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар Коллеҷ синфхонаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо намунаҳои ҷинсҳои куҳӣ ва аёниятҳои тахассусро ташкил ва мавриди истифода қарор дод. Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти тахассусӣ, аёниятҳо, сангҳои ороишӣ, маъданҳои кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок ва дигар лавозимоти таълимӣ-истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомзиҳои таълимии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
    Ҳамзамон қайд карда шуд, ки баҳри иҷрои банди дахлдори нақша чорабиниҳо вобаста ба амалисозии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз ҷониби қисми таълими муассиса аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ 32 нақшаи таълимӣ дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи “Таснифи фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2023, 11/34 тасдиқ шудааст, таҳия ва тасдиқ карда шуд.
        Инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади пешрафт ва таккони ҷиддӣ бахшидан ба рушди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар коллеҷ соли равон нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои соли 2023 аз рўи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои 5 сол таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он корҳо амалӣ шуда истодаанд.
     Зимнан гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода, масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани онҳоро таъкид намуданд, ки дар ҳошияи таъкидҳои Пешвои миллат, ҷиҳати бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани ҷавонони коллеҷ дар соли 2023 як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки аз онҳо ба таври мушаххасан ном гирифта шуд.
   Дар идомаи ироаи ҳисобот директор Коллеҷ ба вазъи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қайд намуданд, ки донишазхудкунӣ шакли мураттабсозии натиҷаҳои фаъолияти маърифатии зеҳни донишҷӯ ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарақиёти донишҳои илмӣ-техникӣ зарурати асоснокии мантиқӣ ва санҷидашавандагиро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз санҷиш ва баҳодиҳии сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён дар асоси меъёрҳои муқараршуда баҳри таъмини фаъолияти самарбахши омӯзгорону донишҷӯён мақсаднок арзёбӣ мегардад.
   Тибқи тартиб баъди анҷоми ироаи ҳисоботи директор аъзои ҷаласаи Шурои омӯзгорон ва кормандону омӯзгорон ба қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимаи масъалаи пешбинишудаи рӯзномаи ҷаласа пардохта дар ҷамъбаст аз ҷониби иштирокдорон ҳисоботи директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова Суфиев Алишер Ҷаъмаевич “”Оид ба фаъолияти коллеҷ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024” қаноатбахш арзёбӣ гардид.