Архив 11.03.2024

ЧОРАБИНИ МАЪРИФАТӢ- ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА “ИДИ МОДАРОН

   Дар коллеҷ бахшида ба “Иди модарон” санаи 07.03.2024 чорабинии бошукуҳи маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабини директори муассиса муҳтарам Суфиев Алишер Ҷаъмаевич модарону бонувони Коллеҷро ба муносибати фарорасии рӯзи фархунда “Иди модарон”, ки ҳамасола дар кишвар 8-уми март таҷлил карда мешавад, ҳамзамон дар симои иштирокдорон ҷумлаи занони кишвари азизамонро бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно намуд.
     Дар идомаи сухан қайд гардид, ки бешак сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рўзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад.
     Аз ҷумла гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми шодбошии имсолаи худ ба муносибати “Иди модарон” зикр намуданд, ки: “Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд. Ин мавҷуди муқаддас дар тӯли умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзад”.
    Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандон ва омӯзгорони муассиса дар васфи Зан – Модар маърӯзаҳо пешниҳод гардида сипас чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби масъулин баҳри болидахотирии иштирокдорон доир карда шуда, суруду шеърҳои дилнишин дар васфи Зан-Модар ва ҳамзамон намоиши либосҳои миллӣ, ки муаррифгари фарҳанги миллии мо тоҷикон ба ҳисоб мераванд, ба ҳозирин манзур гардид.

ЗАН-МОДАР ХУШБАХТИИ ХОНАДОН

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо.
Зан набошад нест дар рўи замин нақши ҳаёт
Дон, ки бе зан доимо дар гил бимонад пои мо.
Зан-Модар, ки олиҳаи зебоӣ ва хушбахтии ҳар як хонадон мебошад, аз беҳтарин офаридаи Илоҳист, ки бе мавҷуди ӯ зиндагӣ маънояшро гум мекунад, баҳори фарзанд хазон гаштаву низому тартиби хонавода бесаранҷом мемонад. Ҳеҷ муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар ва ҳеҷ маконе оромтар аз оғӯшу домони модар барои фарзанд нест.
      Модарон бузургу нотакрор ва шоистаи таҳсину офаринанд, чун рисолати онҳо дар як шабонарӯз, пайдарпай идома меёбад. Эшон лаҳзае оромиш надошта, пайваста дар танзими умури хонадонанд. Кору пайкори Зан-Модар аз субҳи барвақт оғоз ёфта, то нимашаб дар сари гаҳвора, дар аллагӯи фарзанд идома меёбад ва боз субҳ дамида ташвишу тараддуди зиндагиашон сар мешавад.
     Хушбахтона, дар кишвари маҳбубамон, баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти кишварамон бо кўшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, имкони бештареро баҳри зиндагии шоиста пайдо намудаанд.
       Бе муболиға метавон гуфт, ки нақши Зан-Модар, аз ҷумла Модарону бонувони тоҷик дар роҳи пойдору устувор нигоҳ доштани оила, хонавода ва пешрафти ҷомеа басо назаррас аст.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрўз бонувону модарони тоҷик дар баробари тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро бар дӯш дошта, дар тамоми соњањо ва сохторњои ҷамъиятӣ кору фаъолият намуда, дар пешрафти ҷомеаи навин ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишварамон саҳмгузоранд.
     Имрўз занони тоҷик барои ҷаҳониён исбот намуданд, ки дар баробари модар ва тарбиятгар буданашон, метавонанд роҳбару, сиёсатмадор, олиму шоир, табибу омўзгор, муҳандису меъмор бошанд.
       Мебояд қайд намуд, ки имрӯзҳо аз гузашта дида ҷамъия т бештар ба занони қавӣ, модарони хушахлоқу соҳибмаърифат, занони муборизу шуҷои идеологияи ғайриақлониву ғайриинсонӣ ниёз дорад, то бар зидди ин ҳама пешомадҳои аҳриманӣ, мушкилоти зиндагӣ, бархурди тамаддунҳо ва ахлоқи ғайриинсонӣ, ки ҳар лаҳзае хатари аз байн бурдани ин ҳама муқаддасот, маънавиёту бурдҳои чандинҳазорсолаи инсонҳ дар роҳи муваффақ шудан ба арзишҳои маънавию ахлоқиро дорад, ҳифз карда тавонад.
        Ташвишовар он аст, ки солҳои охир яке аз рукнҳои асосии ҷамъият, ки оила мебошад, мақом ва арзиши аслии худро гум карда истодааст. Пайдо шудани муносибатҳои ҳамҷинсгароӣ ва ташкили оила аз тарафи ду нафар ҳамҷинс, яъне хонадор шудани мард бо мард ва ё зан бо зан ва ё иваз намудани ҷинси худ дар мамлакатҳои Ғарб як таҳдиди глобалии аз байн бурдани тамоми он арзишҳои неки инсониро дорад, ки ин ҳолат дар ҷомеаи мо низ бетаъсир нахоҳад монд.
         Бинобар ин мо- Модарону бонувонро мебояд, ки минбаъд низ рисолати азалию инсонии хешро дар чаҳорчубаи ахлоқу меъёрҳои муқаррарии ҷомеа мувофиқу мутобиқ намоем. Дар ин баробар, дар ин давраи басо ҳассос, ки талафоти арзишҳои инсониву ахлоқӣ ба назар мерасад, месазад, ки муносибатамонро нисбати оила ва пойдории он, тарбияи арзандаи фарзандон ҷиддитар намуда, кӯшиш ба харҷ диҳем то эшонро дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ ба воя расонем. Яъне, дар ин самт бояд ба тамоми меъёрҳои зиндагӣ, аз ҷумла дур намондан аз тараққиёт ва пешрафти замон, дар ин баробар аз даст надодани фарҳангу маданият, урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгонамон беэътибор набошем.
         Месазад, ки имрӯз мо – занону модарон, ки тарбияи насли наврасу ҷавонро дар коргоҳу корхона, инчунин дар муассисаҳои таълимии кишвар бар уҳда гирифтаем, масъулияти бештарро ҳис намуда, дар ин роҳ тавониста бошем то бани башарро аз роҳи гумроҳию ҷоҳилӣ наҷот бахшем.
Дар анҷом, ҳамаи Модарону хоҳаронро ба Рўзи Модар ва омадани фасли зебои сол-Баҳори гулфишон табрику тањният намуда, бароятон саломатии бардавом, хушнудии рӯзгор ва хонаободиро таманном мекунам.
      Идатон муборак, модарону бонувони арҷманд!
Раиси Шурои занони Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова Саидошурова Д.Л.

МАРҲАБО БА КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА

  Санаи 04..03.2024 дар Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади муаррифии ихтисосҳо, шиносоӣ бо шароити таҳсил ва вазъи фаъолияти озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмию электронӣ ва дастоварду комёбиҳои кормандону омӯзгорони коллеҷ рӯзи “Дарҳои кушода” ташкил карда шуд.
Мақсад аз ташкили чунин чорабиниҳо дар коллеҷ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбу ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ ва дар ин замина омӯзиши касбу ҳунар ба ҷавонони кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар ин рӯз хатмкунандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе ба коллеҷ ташриф оварда, аз ҷониби масъулин бо онҳо сӯҳбату вохуриҳои судманд доир карда шуд.