Санаи 19.03.2024 аҳли кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова Наврӯзи байналмилалиро бо оростани дастархонҳои идона, намоиши анъанаҳои миллӣ ва баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҷлил намуданд.
Дар оғоз директори муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии баҳори гулафшон ва Наврӯзи байналмилалӣ самимона муборакбод намуда, зикр намуданд, ки Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад.
Дар идома гуфта шуд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».
Инчунин таъкид карда шуд, ки Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Сипас роҳбарият ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои алоҳидаи коллеҷ аз хони оростаи сохторҳои муассиса боздид намуда, ба омодагии кормандону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ба оростани хонҳои наврӯзии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идома бо барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи донишҷӯёну хонандагони муассиса ва ҳунарманди эстрадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Мирзо чорабини рангину хотирмон гардид.