Архив 29.12.2022

ҲАМОИШ ОИД БА ОМӮЗИШ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Санаи 28.12.2022 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷ бо иштироки васеи кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён ҳамоиш оид ба омӯзиш ва банақшагирии иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ аз ҷониӣби иштирокдорон Суруди миллӣ садодоад шуд.
Сипас роҳбари муасиса бо маърузаи пурмуҳтаво, ки саросар аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат манша мегирифт, баромад намуда иброз дошт, ки Паём воситаи муҳими муайянкунанда ва ба танзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Зимни ироаи маъруза қайд карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат, дастоварду натиҷаҳои фаъолияти мамлакатро оид ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа таҳлилу баррасӣ намуда, барои самаранокӣ ва беҳбудии шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии давлат ба ниҳодҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Тавре зикр гардид дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардид, “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад”.
Дар идома гуфта шуд, ки дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба амалигардии ҳадафҳои стратегӣ равона гардида, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад. Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.
Аз ин лиҳоз аз ҷониби директои муассиса таъкид шуд, ки нуқтаҳои зикршуда мо кормандони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуповаро уҳдадор менамояд, ки вусъат бахшидани тадбирҳо ҷиҳати шиносоии донишҷӯёни ихтисосҳои самти кӯҳкориро то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ ва истихроҷ дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда, масъулин вазифадор карда мешаванд, ки дар ин самт тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Ин чунин ташкил ва гузаронидани семинари омӯзишӣ бо кормандону донишҷӯён оид ба захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило, ороишӣ ва ангишт дар муассиса ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати доир намудани он чораҳои мушаххасро рӯи кор гиранд.
Амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи саноат дар заминаи таҳия ва тасдиқ намудани номгӯи корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, ва нашри мақолаҳои илмӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки мамлакат зарур аст, ки таҳия ва ба табъ расонида шавад. Дар ин самт мудирони кафедраҳо ва бахши илм, иноватсия ва робитаҳои хориҷӣ бояд ҳарчи зудтар корҳоро ҷоннок намуда, ба маъмурият маълумот манзур созанд.
Вобаста ба дастуру супоришои мазкур маъмурияти муассиса ва воҳидҳои сохтории онро зарур аст, ки ба таври густурда тарғибу ташвиқи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷро бароҳ монда ҷиҳати пайвасти илм бо истеҳсолот ва дар ин замина дар омодасозии мутахассисон рақобатпазир дар бозори меҳнат тадбирҳои лозимиро андешанд.
Гуфта шуд, ки ҷанбаи дигаре, ки дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, маориф ва мактаб ба ҳисоб мерафт. Тавре, Роҳбари давлат дар Паёмашон зикр намуданд, “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Дар қисмати хотимавии ҳамоиши мазкур масъулин вобаста ба иҷрои дастур супоришҳои Пешвои муаззами миллат омодагии худро иброз дошта, таъкид гардид, ки минбаъд низ дар атрофи сиёсати хирадмандона роҳбари давллат муттаҳид шуда баҳри бозҳам ободу зебо ва шукуфоии ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳем варзид.