Санаи 30.12.2022 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова ҷаласаи васеи Шӯрои олимони коллеҷ доир гардид, ки дар ҷаласаи мазкур ҳисоботии солона дар бораи фаъолияти коллеҷ дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд. Дар ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарзода Салоҳиддин, ва кормандону омӯзгорони коллеҷ иштирок намуданд.Директори коллеҷ муҳтарам Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, доир ба кору фаъолияти аҳли заҳмати муассиса таълимӣ дар соли 2022 ба ҳозирин маълумоти муфассал ироа намуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ роҳбари муассиса қайд намуд, ки дар воқеъ соли 2022 барои аҳли заҳмати муассиса таълимӣ соли бобарору хотирмон буда, дар ин сол дар ҳама самтҳои фаъолият муваффвқияту музафариятҳо назаррас буд. Дар ин барробар зикр гардид, ки бо вуҷуди мувафақиятҳо дар фаъолияти муассиса дар соли ҳисоботӣ базан мушкилоту норасҳоиҳо низ ҷой доранд, ки дар якҷоягӣ бо ҳайати устодону кормандони коллеҷ бо заҳмату талошҳои содиқона баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи худшиносию ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо ҷидду ҷаҳд намуда дар соли 2023 зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисаи арзандаи худро дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузошта дар ин замина дар омодасозии кадрҳои ниёзи талаботи бозори меҳнат нақши босазо хоҳем гузошт.
Инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандону омузгорони коллеҷ баҳри малӣ намудани сиёсати далату ҳукумат дар соҳаи маориф якдилона кӯшиш ба харҷ дода, дар ин давра аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассиса шароити таълиму тарбия баҳри насли наврас хубтару беҳтар гардида муҷаҳазгардонии синфхонаҳо бо аёният ва таҷҳизоти муосири таълим барои хонандагону донишҷӯён фароҳам оварда шуд.
Дар идома зимни ироаи ҳисобот иброз гардид, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат дар баробари масъалаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба тарбияи насли наврасу ҷавонон диққати махсус дода, масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани онҳоро таъкид намуданд, ки вобаста ба ин самт, аз ҷумла, ҷиҳати бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани ҷавонони коллеҷ моро зарур аст, ки бозҳам беҳтару хубтар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Бо дарназардошти талабот ва зарурати мукаммалсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории коллеҷ Шӯрои олимони муассиса қарорҳои дахлдор қабул намуда, вазифаҳо барои соли 2023 муайяну мушаххас гардиданд.
Дар қисмати хотимавӣ аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ як қатор кормандону омӯзгорон бо сипоснома ва хонандагону донишҷӯён, ки дар озмунҳои фаннии дохили коллеҷӣ ва озмуни луғатдони беҳтарин ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ муясар гардиданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз карда шуданд.