Архив 17.12.2022

МУҲИМИЯТИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ШАРОИТИ САНОАТИКУНОНӢ.

Санаи 08.12.2022 дар коллеҷ конференсияи ҷумҳуриявии илми-назариявӣ бахшида ба иди касбии «Рўзи геологҳо» таҳти унвони “Муҳимияти ҷорӣ намудани усулҳои муосири низоми ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷи захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва баҳисобгирии масъалаҳои экологӣ-иқтисодии он баҳри рушди дурнамои саноати миллии кишвар” доир гардид
Дар конференсияи мазкур иштирок доштанд: Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон – Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович – мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии ДМТ доктори илмҳои техникӣ, профессор; Абдуллоев Абдухалил – сардори раёсати кор бо кадрҳои дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муродов Давлатхуҷа Ҳукуматшоевич -ходими калони илмии лабораторияи тадқиқотӣ комплексии сейсмологӣ ва геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ; Ҳоҷиев Амриддин Кучакович – сармутахассиси шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шониёзов Тошпулод Муродович сармутахассиси шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз дигар корхонаву ташкилотҳои марбута.
Зимни сухани ифтитоҳӣ роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҳозиринро ба муносибати “Иди касбии геологҳо”, ки ҳамасола дар миқёси ҷумҳурӣ санаи 09-уми декабр таҷлил мегардад, табрик ва муборакбод намуда, ба кори конференсия барору муваффақият орзу намуд. Сипас тибқи барномаи пешбинишуда конеренсия ба кори худ шуруъ намуда, баромадкунандагон бо маърузаҳои пурмуҳтаво ба чорабинӣ фазои илмӣ бахшиданд.
Зимни ироаи маърузаҳо таъкид карда шуд, ки бо мақсади дастгири намудани хизматҳои шоёни кормандони соҳаи геология бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабрро ҳамчун рӯзи касбии геологҳо эълон намуданд, ки дар корхонаю муассисаҳои соҳаи геология он бо як шукуҳу шаҳомати хосса қайд карда мешавад. Соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат буда, аз сохторҳои идоравӣ, ташкилотҳои истеҳсолӣ ва илмии давлатию ғайридавлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омӯзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин менамояд, иборат мебошад. Вобаста ба шароит ва имкониятҳо истиқлолияти давлатӣ барои соҳаи геология имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст, ки гузаришро ба роҳи инноватсионии рушди соҳаи геология воситаҳои ба даст овардани ахбороти геологӣ, коркарди он, тафсиру пешниҳод ва истифодабариро бо технологияҳои нав бароҳ монда истодааст, ки талаби замон ба ҳисоб рафта ояндабинии конҳо ва захираҳо аз технологияҳои инноватсиони вобстагии калон дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ё бардоштани парда аз лавҳаи корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ба истифода дода мешавад, ки инро тамоми кормандони соҳаи геология эҳсос кардаанд.
Инчунин зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад”.
Дар баробари рушди дигар соҳаҳо пешрафти соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат муайян гардида, солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Воқеан, рушди босуръати саноати миллӣ боис ба таъсиси ҷойҳои нави кор, ғанигардонии буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда, афзоиши иқтидори содиротӣ ва дар умум рақобатпазир гардидани иқтисодиёти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Дар идома қайд гардид, ки бо дарназардошти афзалиятҳои соҳа моро зарур аст, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи мазкур дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва оллии касбӣ аз ҳарвақта дида бештар кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда шароити мусоиди пайвасти илм бо истеҳсолотро фароҳам сзем.
Дар охир бо мақсади қадрдонӣ ба иштирокдорони фаъоли чорабинӣ сипосномаи маъмурияти муассисаи таълимӣ таъқдим карда шуд.

ДАРСИ КУШОД – СОМОНАСОЗӢ ТАВАССУТИ БАРНОМАИ HTML

Санаи 09.12.2022 тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ дар доира баргузории ҳафтаи фаннии кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ дарси кушод аз ҷониби омӯзгори кафедра Нуралиев С. бо иштирокӣ донишҷӯён ва омӯзгорон дар мавзӯи “Сомонасози тавассути барномаи HTML” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҷонишини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, декани факултети геология, мудриони кафедраҳо, кормандони бахши идоракунии сифати таҳсилот ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд. Дар оғоз омӯзгори кафедра Нуралиев С. оид ба барномаи HTML маълумоти муфассалро ба ҳозирин пешниҳод намуд. Баъдан вобаста ба мавзуи мазкур аз ҷониби як қатор донишҷӯён (Солеҳзода Ш., Хурсандова Р., Баротова Ш.) маърузаҳо ироа гардид. Дар баромади баромадкунандагон қайд гардид, ки фаъолиятро дар замони имрӯза бе технологияи муосир тасаввур кардан ғайримкон аст… Баъд аз ироаи маърӯзаҳо миёни аъзоёни маҳфил ва иштирокдорон саволу ҷавобҳо гузаронида шуд. Инчунин иштирокдорон вобаста ба чорабинии мазкур фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

АВВАЛИН АКАДЕМИК ЗАНИ ТОҶИК ДАР СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ

Сороҷон Юсуфова (Юсуфова Сороҷон Михайловна;
5 май 1910, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 15 май 1966, Душанбе) — заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия (1948), профессор (1950). Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1960).
Зиндагинома
Сороҷон Юсуфова соли 1935 факултаи табиатшиносии Университети давлатии Самарқандро ба итмом расонда, дар Институти геологияи филиали узбекистонии АИ УССР ба сифати ходими илмӣ, ходими калони илмӣ кор кардааст, солҳои 1946—1948 мудирии бахши геологияи нафту гази шуъбаи геологияи Филиали тоҷикистонии АИ СССР ба зимма доштааст. Мудири озмоишгоҳи усулҳои таҳлили физикаву химиявии Институти геологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1957—1959). Аз соли 1949 то охири умр мудири кафедраи минералогия ва нетрографияи ДДТ ба номи В. И. Ленин буд. Аввалин зан-академик дар Тоҷикистон мебошад, ки тамоми ҷидду ҷаҳдаш ба пешбурди илми геологияи тоҷик равона шудааст. Хидматаш дар таҳқиқи таҳнишастҳои мезозоӣ ва кайнозойи депрессияи Тоҷикистон, хусусиятҳои минералогии лёсс, гил ва таркиби химиявии онҳо, геохимияи элементҳои ҷудогонаи химиявӣ калон аст. Аввалин китоби дарсӣ дар соҳаи геологияро ба забони тоҷикӣ соли 1963 нашр кардааст. Осорашро ба тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ якзайл навиштааст. Дар тарбияи мутахассисони геология саҳми арзанда гузоштааст.
Осор
Минералогические особенности лёссов Средней Азии. — М., 1956;
Хусусиятҳои минералогии лёссҳои водии Вахш. — Сталинобод, 1958;
Геология бо элементҳои минералогия ва петрография. Китоби дарсӣ барои донишҷӯён. — Д., 1963.
Ҷоизаҳо
Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.
ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!