ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ҲАМЧУН ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар партави таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти махсус пайдо менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи энергетика ноил гардида, заминаҳои боэътимоди таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард.
Соҳаи энергетика ҳамчун яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ доштани ин соҳа, рушди он дар сиёсати давлатии кишвар мавқеи марказиро ишғол менамояд.
Таърихи ташаккули энергетикаи Тоҷикистон ба давраҳои пеш аз соҳибистиқлолӣ рост меояд. То Инқилоби Октябр дар ҳудуди имрӯзаи кишвар истеҳсоли нерӯи барқ амалан вуҷуд надошт. Танҳо дар нимаи дуюми солҳои 20-уми асри гузашта бо бунёди стансияҳои хурди дизелӣ заминаҳои аввалини рушди соҳа гузошта шуданд. Соли 1926 дар шаҳри Душанбе нахустин стансияи дизелӣ бо иқтидори 78 кВт ба истифода дода шуд.
Аз солҳои 30-юми асри ХХ омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии кишвар оғоз гардида, тавассути экспедитсияи илмии таҳти роҳбарии академик Н.П. Горбунов харитаи захираҳои энергетикӣ таҳия гардид. Соли 1937 аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ — Варзоби Боло мавриди истифода қарор гирифт. Минбаъд, дар солҳои 50-ум, барномаҳои васеи истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ амалӣ гардида, бунёди садҳо нерӯгоҳҳои хурди обӣ пешбинӣ карда шуд.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мушкилоти давраи гузариш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият норасоии шадиди нерӯи барқ, махсусан дар фасли зимистон, боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Мардуми кишвар баъзан ҳамагӣ чанд соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин мешуданд ва фаъолияти муассисаҳои ҳаётан муҳим маҳдуд мегардид.
Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат, Тоҷикистон тавонист ин мушкилотро тадриҷан бартараф намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори умумии онҳо зиёда аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Ин сарвати миллӣ имконият медиҳад, ки кишвар на танҳо талаботи дохилиро таъмин намояд, балки дар оянда ба яке аз содиркунандагони муҳими нерӯи барқ табдил ёбад.
Маҳз ба шарофати сиёсати созандаи давлат ва заҳматҳои Пешвои миллат, бо ба кор даромадани агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ наздик шуд. Дар баробари ин, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, ки он бо рушди энергетика робитаи зич дорад.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёд шудани истифодаи техникаи барқӣ талабот ба нерӯи барқро рӯз аз рӯз зиёд менамояд. Агар дар солҳои 2005–2006 шумораи аҳолӣ тақрибан 4–4,5 миллион нафарро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда ба зиёда аз 9 миллион нафар расидааст. Ин омил, инчунин истифодаи васеи таҷҳизоти барқӣ, ба монанди фаршҳои гарм, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва дигар таҷҳизоти маишӣ, талабот ба энергияро афзоиш медиҳад.
Дар чунин шароит истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ аҳамияти калон дорад. Аҳолӣ бояд аз истифодаи таҷҳизоти сермасраф худдорӣ намуда, пардохти саривақтии маблағи барқро таъмин намоянд ва аз ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи энергия, аз ҷумла дуздии барқ, канорагирӣ кунанд. Баланд бардоштани маърифати энергетикии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини устувории соҳа мебошад.
Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани идоракунии муосир ва корпоративӣ дар соҳаи энергетика метавонад самаранокии онро ба маротиб баланд бардорад. Таҷзияи сохторҳои энергетикӣ ба бахшҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимот, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани низоми пардохтҳо ба рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, рушди истиқлолияти энергетикӣ дар партави 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин раванд на танҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ, балки ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар минтақа мусоидат мекунад.
Бешубҳа, идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ имкон медиҳад, ки дар оянда кишвар ба яке аз марказҳои муҳими энергетикӣ табдил ёбад ва сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.

Сармутахассиси шуьбаи тачрибаомузӣ
Алиева Мичгона Хокимовна































