Архив Март 2026

Омодагии донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ба ҷашни Наврӯзӣ

🌸 Омодагии донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ба ҷашни Наврӯзӣ 🌸

Бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз донишҷӯёни факултети иқтисодиёт бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ба таҷлили ин иди бостонӣ омодагӣ мебинанд.

Саҳни факултет бо рамзҳои миллӣ, гулҳои баҳорӣ ва ороишоти наврӯзӣ зиннат дода шуда, донишҷӯён дар омода намудани гӯшаҳои фарҳангӣ, намоиши анъанаҳои миллӣ ва барномаҳои идона фаъолона иштирок доранд. Ин чорабиниҳо ба таҳкими дӯстӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва болоравии рӯҳияи ҳамбастагӣ мусоидат менамоянд.

Наврӯз — ҷашни эҳё, дӯстӣ ва оғози зиндагии нав аст.
Наврӯз муборак!

ТАМАННИЁТИ НЕКИ НАВРӮЗӢ

ТАМАННИЁТИ НЕКИ НАВРӮЗӢ

Муҳтарам устодон, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимият фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз — рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсониро ба ҳамаи Шумо самимона табрик менамоям.

Наврӯз ҷашни аҷдодӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги миллати тоҷик буда, он дар қалби мардум ҳисси умед ба фардои дурахшон, саодатмандӣ ва пешрафтро бедор месозад. Орзумандам, ки ин иди зебои баҳорӣ ба ҳар як хонадони Шумо файзу баракат, саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои навро эҳдо намояд.

Бовар дорам, ки устодону донишҷӯёни факултети геология бо заҳмати содиқона, талошҳои илмӣ ва фаъолияти самараноки худ дар рушди илму маориф, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Бигзор Наврӯзи хуҷаста қадамҳои Шуморо ба сӯи дастовардҳои нави илмӣ, комёбиҳои касбӣ ва зиндагии пурнишот раҳнамун созад.

Наврӯз муборак!

Бо эҳтиром,

Мирзоев М.М.- Декани факултети геология

ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАЗОИ НАВРӮЗӢ

ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАЗОИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози фасли зебои баҳор дар муҳити Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова низ бо рӯҳияи хосса истиқбол мегардад. Дар рӯзҳои наврӯзӣ донишҷӯён бо либосҳои миллӣ, чеҳраҳои кушода ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ фазои идонаро рангоранг месозанд.

Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиши анъанаҳои миллӣ, омода намудани таомҳои наврӯзӣ ва барномаҳои ҳунарӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон ворисони арзандаи фарҳангу тамаддуни ниёгон мебошанд. Наврӯз барои онҳо на танҳо ҷашн, балки мактаби худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ маҳсуб меёбад.

Фазои наврӯзӣ донишҷӯёнро ба ҳам меорад, рӯҳияи эҷодкорӣ ва ҳамбастагиро тақвият медиҳад ва онҳоро ба фаъолияти созанда, омӯзиши амиқ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи муосир ҳидоят менамояд.

Наврӯз — ҷашни ҷавонӣ, умед ва ояндаи дурахшон аст.

Гулямова Сабрина – Мутахассиси кор бо ҷавонон ва ташкили тарбия

НАВРӮЗ – ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

НАВРӮЗ – ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз як ҷузъи иди баҳор ва эҳёи табиат ба шумор рафта, дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта мешавад.

Фарҳанги ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ғояву усулҳо, андешаҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ, маориф ва илм, рукнҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо нақш ёфта, аз назари фарҳангию таърихӣ шомили мазмунҳо, хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ таҷассум меёбад, ки онҳоро тавассути  таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбир ва арзёбӣ намудан лозим  аст. Ба ин маънӣ, ягон миллат хеҷ гоҳ ба як насл ё ду насл ташаккул нахоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз силсилаи пайвастаи наслҳое иборат мебошад, ки дар таърих баробари созмонҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ниҳодҳои  фарҳангию маърифатӣ таҷассуми ҳуввияти миллӣ ва мардумии ҳар як халқу миллат арзёбӣ  мешавад.

Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврӯз ва баҳорро ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид-Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Муҳимтарин маросими наврӯзӣ шояд ҳамон паҳн кардани дастархони “ҳафтсин” аст. Чизҳое, ки дар суфра ниҳода мешавад, ҳар кадом пайвастагии махсусе бо одоби иҷтимоии ориёиҳо дорад ва ёдовари умури мушаххасест, ки дар суннатҳо ҷо гардидааст. Мардум дар ин вақтҳо хона меороянд, ҳама ҷоро пок мекунанд, либоси нав мепӯшанд, бӯйи хуш дуд медиҳанд, гулу шириниву шарбат мениҳанд ва дар дастархон ҳафт чиз, ки номашон бо ҳарфи “син” шурӯъ шуда бошад, мисли сабза, себ, санҷид, сумалак, сирко, сир, сипанд мегузоранд.

Наврӯз дар воқеъ яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашнвора таърихан ба ҳаёти инсонҳо дар рӯи замин алоқаи зич дошт ва эҳёи табиат бо таҷлили ин ҷашн оғоз меёбад. Маҳз баъд аз таҷлили пуршукӯҳии ин ҷашн деҳқонон ба киштукори саҳро мебароянд. Ниёгони мо дар арафаи Наврӯз хонаву кошонаи худро аз сари нав поку покиза мекарданд, сару либоси нав мепӯшиданд, ки ин маънии беҳбудиҳои зиндагиро то соли оянда мефаҳмонад.

 Руҳулло МАҲМАДОВ,

Декани факултети Иқтисодиёти саноати куҳӣ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, дар МД Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва истифодаи устувори пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Осорхонаи миллӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқоти рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ, МДТ Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе ва МДТ Коллеҷи муҳандисон-омӯзгории ш. Душанбе иштирок намуданд. Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар муҳокимаи масъалаҳои илмӣ ва экологӣ фаъолона саҳм гузоштанд.

Дар маърӯзаҳои илмии пешниҳодгардида масъалаҳои муҳими марбут ба аҳамияти пиряхҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати экологии онҳо, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва экология, омилҳои рушди устувор дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ, наҷоти пиряхҳо ва масъулияти дастаҷамъонаи аҳли башарият, инчунин вобастагии динамикаи пиряхи Хирсон аз тағйирёбии нишондиҳандаҳои метеорологӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 16 декабри соли 2025 ба қабули қатъномаҳо ва тадбирҳои мушаххас вобаста ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» таъкид гардидааст. Ин таъкид бозгӯйи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти экологӣ, таъмини захираҳои об ва рушди устувори миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ менамояд.

Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, саволу ҷавобҳои судманд анҷом доданд. Муҳокимаҳо нишон доданд, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо масъалаи илмӣ набуда, балки вазифаи муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва умумибашарӣ мебошад, ки ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва истифодаи устувори пиряхҳо метавонад ҳамчун намунаи муваффақи ҳамгироии илм, экология ва манфиатҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат намояд. Конференсия бо пешниҳоди хулосаҳо ва тавсияҳои амалӣ ҷамъбаст гардида, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим саҳми арзанда гузошт.

Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони муассисаҳои ҳамкор, омӯзгорону донишҷӯёни фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд.

Иҷрокунанда: Мушовири директор

Замонова Фарзона Азатуллоевна

НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ТАКОМУЛИ ОН

НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ТАКОМУЛИ ОН
Нет описания фото.
Эй дуст, биё, боз ба наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.
Дар пардаи гул бод наво карда парешон:
Эй мурғи хушовоз,ба Наврӯз расидем.
Эй боғи гулафшон,бағали боз муборак,
Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем.
   Оре Наврӯз аз ҷашнҳои бошукӯҳтарин қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъаноти бостонии Иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.
   Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
   Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо – Ҳурмузд баъди 3000 сола подшоҳиаш аз тарафи мабдаи ҷаҳолат ва торикӣ – Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Мабдаи тозагӣ ва равшанӣ – Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуда, ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад. Ғайр аз Авасто мутафаккирони форсу тоҷик низ оид ба пайдоиши иди Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии порсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумоти зиёде дода шудааст. Якчадтои онҳоро манзури хонандагон мегардонем.
   Мутафаккир ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
   Дар «Форснома»-аш Ибни Балхӣ низ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро чунин баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯйи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳр барпо намуда, номи онро Истахр номидааст ва онро пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд.
   Ба ақидаи Ҳаким Иброҳим Умари Хайёми нишопурӣ сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки мегӯяд муаллиф «чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».
   Иду маросим ва расму оинҳо ҷузъи муҳими фарҳанги ҳар кадом умумиятро ташкил дода, дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд. Ҷашну маросимҳое, ки ба монанди иди Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо доранд, шиносномаи қадимӣ будани халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта, ба ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафию ахлоқии онҳо иртиботи бевосита доранд. Мазмуну мундариҷаи ҷашну маросимҳо ва нақши онҳо дар фаъолияту зиндагии одамон ва ба кадом андоза аз ҷониби бегонагон эътироф гардидани онҳо аз чигунагии сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти ҳар кадом халқ шаҳодат медиҳанд. Зеро тарзи тафаккуру зиндагӣ ва зеҳнияти онҳо пеш аз ҳама дар расму оин ва ҷашну маросимҳо, ки фарҳанги зиндаю воқеии онҳоянд, таҷассум меёбанд. Ҳамзамон дар пайдоишу ташаккули ҷашну маросимҳо шароитҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навъҳои шуғл ва касбу кори халқҳо таъсири муассир дошта, ҷашну маросим ва оинҳо низ баръакс ба ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти халқҳо таъсир мерасонанд, чуноне ки чунин фарқиятро мо дар тарзи зиндагию тафаккури мардумони муқимнишину деҳқон ва ҳунарманд ва мардумони саҳронишину бадавӣ мебинем. Аз ин рӯ ҷаҳонбинию тафаккур зеҳният ва ҷашну маросимҳои ҳар кадом халқ ҳамеша бо ҳам робита ва таъсири мутақобила доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷашну маросим ва расму оинҳо оинаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии халқҳоянд, ки тавассути онҳо гузаштаю имрӯза ва кӣ буданду аз куҷо омадани онҳо шинохта мегардад.
Омӯзгори калони кафедраи Менеҷменти соҳавӣ
                                            Обидова Сабаҳат Имроновна