Архив 08.05.2023

Ҳ𝐀𝐌𝐎ИШИ ИД𝐎𝐇𝐀 Б𝐀𝐗ШИД𝐀 БА 𝟕𝟖-У𝐌И𝐇 𝐂𝐎ЛГ𝐀𝐏ДИ ❞ИДИ 𝟑𝐀Ф𝐀𝐏❞

   Ба хотири гиромидошти 78-умин солгарди “Иди зафар” бо ибтикори шуъбаи ташкилӣ, тарбиявӣ, алоқа бо ҷомеа ва кор бо ҷавонони коллеҷ санаи 06.05.2023 дар муассиса ҳамоиши идона доир гардид.
  Зимни ифтитоҳои ҳамоиши мазкур ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Қурбонов В. Н., ҳозиринро аз номи маъмурияти муассиса ба ифтихори солгарди “Иди ғалаба” табрик ва муборакбод намуда, зикр доштанд, ки барои расидан ба ин музафарият аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҶБВ иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл нишон доданд. Мавсуф дар идома таъкид доштанд, ки ҷасорату ҷонисориҳои фарзандони далеру шуҷои миллат ҳеҷ вақт аз хотиру эътиқоди насли меросбару тамаддун офар, зудуда нахоҳад шуд зеро, эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо ҷиҳати таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон намунаи ибрат ва сабақ гардидааст.
    Дар идома аз ҷониби маърузачиён Ғайратов Шуҳрат Азамшоевич – мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии коллеҷ дар мавзӯи “Таърихи бамиёнойии Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, Бориев Ҳамроз Шерзодович – ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ дар мавзӯи “Қаҳрамониҳои фарзандони миллати тоҷик дар овони Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва Мародбекова Сангина Ҷурабековна – ассистенти ҳамин кафедра дар мавзӯи “Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” маърузаҳо пешниҳоди ҳозирин карда шуданд.
     Аз ҷониби баромадкунандагон зимни ироаи маърузаҳо баён гардид, ки ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам омода буданд, ки барои дифоъ аз ватани хеш ба майдони ҳарб раҳсипор шаванд. Инчунин, зикр гардид, ки халқи меҳнаткаш бошад баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ талош варзида, дар баробари мардон занон низ мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин арзёбӣ мегардид.
     Баъди пешниҳоди маърузаҳо аз ҷониби хонандагону донишҷӯёни коллеҷ дар васфи қаҳрамониҳою корнамоиҳои фарзандони синасипари миллат манзумаҳои шеърӣ қироат карда шуданд, ки ба чорабинӣ ҳусну тароватӣ тоза зам намуд.

Д𝐀𝐂𝐓𝐎𝐁𝐀𝐏ДҲ𝐎И И𝐂𝐓ИҚЛ𝐎ЛИЯ𝐓, П𝐀Ё𝐌, Ҷ𝐀𝐁𝐎𝐇𝐎𝐇 𝐁𝐀 𝐌𝐀𝐇ФИ𝐀𝐓Ҳ𝐎И 𝐌ИЛЛӢ

    Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон санаи 06.05.2023 дар толори маҷлисгоҳи муассиса бо иштироки Ҳамрози Ҳамза-муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раҳмонов Расул-мутахассиси раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, омӯзгорону кормандони ҷавон ва донишҷӯён вохурии судманд доир гардид.
  Зимни вохурии мазкур доир ба мавзӯъҳои: расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушиву худсӯзӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо ороста шуд.
       Аз ҷониби баромадкунандагон гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон ба шумор меравад.
     Дар дар қисмати хотимавии вохӯрӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ба як омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли муассиса “Сипоснома”-и Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.
и ещё 7
Все реакции:

Абдулло Назаров, Dovud Sufiev и ещё 13

𝐀𝐌𝐎ИШИ 𝐌𝐀Ъ𝐏ИФ𝐀𝐓Ӣ-И𝐓𝐓ИЛ𝐎𝐎𝐓Ӣ

   Ҷиҳати мақсаднок амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли-2030” ва “Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар асоси нақшаи чорабиниҳои коллеҷ санаи 02.05.2023 бо иштироки меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандону донишҷӯёни муассиса ҳамоиш доир гардид. Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Қурбонов В.Н. баъд аз муаррифии меҳмонон рӯзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуда, ҷаласаро кӯшода эълон намуд.
    Тибқи рӯзномаи ҷаласа лейтенанти калони адлия, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Масрур Мирализода дар бораи таърихи пайдоиши коррупсия, мафҳум ва моҳияти он ибрози андеша намуда, мавсуф зикр намуданд, ки коррупсия айни замон дар қатори терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухадир, буҳрони ҷаҳонии иҷтисодӣ ва ғайра ба яке аз хатарҳои глобалӣ табдил ёфтааст.
        Дар идома таъкид гардид, ки бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 августи соли 2021, “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад. Дар асоси ин Стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд.
        Баромади лейтенанти калони адлия, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Масрур Мирализода аз ҷониби шунавандагон дар сатҳи зарурӣ қабул гардида, маълумоти муфассал оид ба воқеъият ва дурнамои чораҳои пешгирии омилҳои мусоидатгар ба зуҳур ва инкишофи падидаи мазкур дар ҷомеаҳои муосир ва хосса дар шароити ватанӣ аз ҷониби маърӯзачӣ пешниҳод карда шуданд.
     Сипас тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳуқуқшиноси муассиса Қурбонов М.И. дар мавзӯи “Баҳодиҳии ҳуқуқии коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва сатҳи инкишофи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҷомеа”, маърӯза ироа намуд.
     Зимни баррасии масъалаи дигари рӯзномаи ҷаласа ёвари директори муассиса Раҳмонов М.Н. дар мавзӯи “Таъсири фалокатбори падидаҳои терроризму экстремизм ба амалияи ҳаётии ҷомеаҳо дар давлатҳои замони муосир”, баромад намуда, аз нишондоди “Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ёдоварӣ шуда, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ќатори кишварҳои дигари минтаќа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби баромадкунанда зикр гардид, ки яке аз роҳҳои пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон буда, омӯзиш ва дарки маънавии равндҳои сиёсӣ метавонад барои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуби замони муосир таъсири мусбӣ расонад.
Дар қисмати охири ҷаласа, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Қурбонов В.Н. барои иштирок ва суханронии меҳмонон ва маърузачиён, изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба баррасии масъалаҳои пешбинишудаи рӯзномаи ҷаласа хотима бахшид

𝐂ИЁ𝐂𝐀𝐓И 𝐎Б – 𝟑𝐀𝐌И𝐇𝐀ГУ𝟑𝐎𝐏И 𝐓𝐀𝐁ЛИДИ ДУ𝐏𝐇𝐀𝐌𝐎И 𝐏УШД 𝐁𝐀 𝐏𝐀𝐁𝐎БИ𝐓И 𝐌У𝐂𝐓𝐀ҚИ𝐌И Б𝐀Й𝐇𝐀Л𝐗𝐀ЛҚӢ

    Бо ташаббуси бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ тибқи нақшаи илмии муассиса маҳфили илмии омӯзгорони Коллеҷ баргузор карда шуд, ки дар он аъзои маҳфил ва дигар кормандону устодон ширкат варзиданд.
    Маҳфили навбатии омӯзгорон, ки доир ба “Сиёсати об – заминагузори тавлиди дурнамои рушд ва равобити мустақими байналхалқӣ” буд, Раҳмонов М. – ёвари директор, ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ баромад намуда, таъкид доштанд, ки боиси хушнудист, ки 14-уми декабри соли равон, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуд. Иқдоми наҷиби саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ гарму ҷӯшон дастгирӣ ёфт.
Дар идома афзуда шуд, ки СММ бо мазмуни зерин қатъномаро қабул кард:
🔹Мутобиқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид;
🔹Аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад;
🔹Мутобиқи қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад;
🔹Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
   Дар қисмати муҳокимарониҳо аз ҷониби иштирокчиён фикру андешаҳои ҷолиб баён гардида ба ҷараёни баргузории маҳфил баҳои баланд дода шуд.
и ещё 2
Все реакции:

Абдулло Назаров, Миршариф Мачиди и ещё 20

𝟑𝐀𝐌И𝐇𝐀Ҳ𝐎И 𝐓𝐀Ш𝐀𝐊𝐊УЛЁБИИ Ҳ𝐀𝐌ГИ𝐏𝐎ИИ ИЛ𝐌 𝐁𝐀 И𝐂𝐓𝐄Ҳ𝐂𝐎Л𝐎𝐓 Д𝐀𝐏 Ш𝐀𝐏𝐎И𝐓И 𝐏УШДИ Ф𝐀𝐇𝐎𝐁𝐀𝐏ИҲ𝐎И 𝐓𝐄𝐗𝐇И𝐊Ӣ

 

     Санаи 14.04.2023 бахшида ба муносибати фарорасии “Рӯзи илми тоҷик” дар коллеҷ бо иштироки олимону мутахассисон, намояндагони ВАО ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Заминаҳои ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар шароити рушди фановариҳои техникӣ”, баргузор гардид.
    Зимни ифтитоҳи конференсияи мазкур роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат ба сармояи бузурги нерӯи зеҳнии инсонӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин баробар соҳае, ки тараққиёти пай дар паи ҷамъиятро таъмин мекунад, пеш аз ҳама, соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад.
     Дар идома қайд карда шуд, ки воқеан мавҷуд намбудани заминаҳои ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот махсусан дар шароити рушди фановариҳои техникӣ ба татбиқи бо самари ҳадафҳои стратегии мамлакат, монеагиҳоро ба вуҷуд меорад. Маҳз бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ба низом даровардани масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки “Тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судманд” роҳандозӣ карда шавад.
    Инчунин иброз гардид, ки дар шароити муосир дар назди МТК мавҷудият ва рушди паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, на танҳо ғояҳои техникӣ тавлид мекунанд, балки ба тиҷорат дар бозорҳои дохилӣ ва ҳамчун василаи муҳими пайвандгари илм ва истеҳсолот шуда метавонанд. Дар ин баробар муносибати мутақобилаи корхонаҳои истеҳсолӣ, бо МТК метавонад ба таҳия ва ҷорӣ намуданӣ барномаҳои таълимӣ, шаклҳои машғулиятҳои ғайри аудитории таълим, ҷорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи масъалаҳои ҳалталабӣ истеҳсолот ва роҳандозии таълими касбй-техникй ба таври чашмдошт таъсири мусбӣ расонад.
   Дар идома олимону мутахассион зимни ироаи маърузаҳои худ бобати масъалаҳои мухталифи ҳамгироии илм ва истеҳсолот фикру андешаҳои худро баён намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Баъди ҷамъбасти пешниҳоди маърӯзаҳо иштирокдорон ба баромадкунандагон суъолҳои худро пешниҳод намуда, сипас аз ҷониби маърузачиён ба суолҳои пешниҳодгардида, пусухҳои саҳеҳ ва қонеъкунанда манзур гардид.
     Дар қисмати хотимавӣ роҳбарияти муассиса, ба меҳмонон ва олимону мутахассисон бобати ташриф овардан ва пешниҳоди маърузаҳои пурмуҳтаво минатдорӣ баён намуда, таъкид намуданд, ки бо дарназардошти фазои мусоиди таҳсил дар кишвар бо сарварии Фарзона фарзанди диёр, Пешвои маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омодасозии мутахассисони лаёқатманду соҳиб касб пайваста талош намуда, дар ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот махсусан дар шароити рушди фановариҳои техникӣ саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Все реакции:

Абдулло Назаров, Аюбчони Саломудин и ещё 26

Нравится

 

Комментировать
Отправить