Архив Апрель 2026

Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм — асоси рушди мактаб ва маориф»

Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм — асоси рушди мактаб ва маориф»

Дар доираи таҷлили Рӯзи илми тоҷик дар муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм — асоси рушди мактаб ва маориф» баргузор гардид.

Чорабинии илмӣ бо ташаббуси сардори бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаева О.У. ташкил гардида, санаи 24 апрели соли 2026, соати 10:00 дар бинои марказии муассиса баргузор шуд.

Ҳадафи асосии конференсия таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон, баланд бардоштани фарҳанги илмӣ ва рушди тафаккури эҷодӣ дар низоми маориф арзёбӣ гардид. Чорабинӣ ҳамчун майдони мубодилаи афкору таҷриба байни омӯзгорон ва муҳаққиқон хизмат намуд.

Конференсия аз ду қисмати асосӣ иборат буд:

  • маърӯзаҳои илмӣ, ки дар онҳо масъалаҳои рушди илму маориф, такмили раванди таълим ва истифодаи усулҳои муосири омӯзиш баррасӣ гардиданд;
  • музокираҳои илмӣ, ки имконият фароҳам оварданд иштирокчиён андешаҳо, таҷриба ва натиҷаҳои корҳои тадқиқотии худро пешниҳод намоянд.

Иштирокчиён доир ба нақши илм дар баланд бардоштани сифати таълим, рушди мактаб ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мубодилаи назар карданд.

Конференсияи баргузоргардида нишон дод, ки омӯзгорон дар баробари фаъолияти таълимӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои рушди илму маорифи миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин гуна чорабиниҳо ба густариши муҳити илмӣ, ташаккули иқтидори зеҳнии омӯзгорон ва таҳкими робитаи илм бо амалия мусоидат менамояд.

Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ қадами муҳим дар роҳи рушди фазои илмӣ ва таҳкими нуфузи маориф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

ГУЛЯМОВА САБРИНА

МУТАХАССИСИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ТАШКИЛИ ТАРБИЯ

 

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ҲАМЧУН ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ҲАМЧУН ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар партави таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти махсус пайдо менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи энергетика ноил гардида, заминаҳои боэътимоди таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард.

Соҳаи энергетика ҳамчун яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ доштани ин соҳа, рушди он дар сиёсати давлатии кишвар мавқеи марказиро ишғол менамояд.

Таърихи ташаккули энергетикаи Тоҷикистон ба давраҳои пеш аз соҳибистиқлолӣ рост меояд. То Инқилоби Октябр дар ҳудуди имрӯзаи кишвар истеҳсоли нерӯи барқ амалан вуҷуд надошт. Танҳо дар нимаи дуюми солҳои 20-уми асри гузашта бо бунёди стансияҳои хурди дизелӣ заминаҳои аввалини рушди соҳа гузошта шуданд. Соли 1926 дар шаҳри Душанбе нахустин стансияи дизелӣ бо иқтидори 78 кВт ба истифода дода шуд.

Аз солҳои 30-юми асри ХХ омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии кишвар оғоз гардида, тавассути экспедитсияи илмии таҳти роҳбарии академик Н.П. Горбунов харитаи захираҳои энергетикӣ таҳия гардид. Соли 1937 аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ — Варзоби Боло мавриди истифода қарор гирифт. Минбаъд, дар солҳои 50-ум, барномаҳои васеи истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ амалӣ гардида, бунёди садҳо нерӯгоҳҳои хурди обӣ пешбинӣ карда шуд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мушкилоти давраи гузариш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият норасоии шадиди нерӯи барқ, махсусан дар фасли зимистон, боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Мардуми кишвар баъзан ҳамагӣ чанд соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин мешуданд ва фаъолияти муассисаҳои ҳаётан муҳим маҳдуд мегардид.

Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат, Тоҷикистон тавонист ин мушкилотро тадриҷан бартараф намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори умумии онҳо зиёда аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Ин сарвати миллӣ имконият медиҳад, ки кишвар на танҳо талаботи дохилиро таъмин намояд, балки дар оянда ба яке аз содиркунандагони муҳими нерӯи барқ табдил ёбад.

Маҳз ба шарофати сиёсати созандаи давлат ва заҳматҳои Пешвои миллат, бо ба кор даромадани агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ наздик шуд. Дар баробари ин, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, ки он бо рушди энергетика робитаи зич дорад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёд шудани истифодаи техникаи барқӣ талабот ба нерӯи барқро рӯз аз рӯз зиёд менамояд. Агар дар солҳои 2005–2006 шумораи аҳолӣ тақрибан 4–4,5 миллион нафарро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда ба зиёда аз 9 миллион нафар расидааст. Ин омил, инчунин истифодаи васеи таҷҳизоти барқӣ, ба монанди фаршҳои гарм, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва дигар таҷҳизоти маишӣ, талабот ба энергияро афзоиш медиҳад.

Дар чунин шароит истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ аҳамияти калон дорад. Аҳолӣ бояд аз истифодаи таҷҳизоти сермасраф худдорӣ намуда, пардохти саривақтии маблағи барқро таъмин намоянд ва аз ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи энергия, аз ҷумла дуздии барқ, канорагирӣ кунанд. Баланд бардоштани маърифати энергетикии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини устувории соҳа мебошад.

Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани идоракунии муосир ва корпоративӣ дар соҳаи энергетика метавонад самаранокии онро ба маротиб баланд бардорад. Таҷзияи сохторҳои энергетикӣ ба бахшҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимот, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани низоми пардохтҳо ба рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.

Дар маҷмӯъ, рушди истиқлолияти энергетикӣ дар партави 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин раванд на танҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ, балки ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар минтақа мусоидат мекунад.

Бешубҳа, идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ имкон медиҳад, ки дар оянда кишвар ба яке аз марказҳои муҳими энергетикӣ табдил ёбад ва сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.

 

Сармутахассиси шуьбаи тачрибаомузӣ

Алиева Мичгона Хокимовна

АҲАМИЯТИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ДОНИШИ ТАҲЛИЛӢ ДАР ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

АҲАМИЯТИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ДОНИШИ ТАҲЛИЛӢ ДАР ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар партави таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи такмили низоми идоракунии давлатӣ дар заминаи рушди илм, маориф ва истифодаи донишҳои таҳлилӣ аҳамияти хосса касб менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ноил гардида, заминаи устувор барои ташаккули идоракунии муосири давлатӣ фароҳам овардааст. Дар ин раванд, истифодаи донишҳои илмӣ ва таҳлилӣ ҳамчун омили калидии қабули қарорҳои асоснок ва стратегӣ арзёбӣ мегардад.

Дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва густариши равандҳои глобализатсионӣ, талабот ба идоракунии самаранок ва ҷавобгӯ ба чолишҳои замони муосир бештар мегардад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки сифати идоракунии давлатӣ бевосита аз сатҳи рушди илм, маориф ва қобилияти истифодаи донишҳои таҳлилӣ вобаста мебошад. Бидуни такя ба таҳқиқоти илмӣ ва таҳлили амиқ, қабули қарорҳои идоракунӣ наметавонад ба натиҷаҳои устувор ва дарозмуддат мусоидат намояд.

Илм дар низоми идоракунии давлатӣ на танҳо манбаи дониш, балки абзори муҳими стратегӣ барои пешгӯии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, арзёбии хавфҳо ва таҳияи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити тағйирёбии босуръати муҳити ҷаҳонӣ, қарорҳои идоракунӣ бояд ба таҳлили оморӣ, моделсозии иқтисодӣ ва пешгӯиҳои илмӣ асос ёбанд. Ин равиш имкон медиҳад, ки сиёсатҳои давлатӣ самаранок, асоснок ва мутобиқ ба талаботи замон бошанд.

Яке аз самтҳои муҳими рушди идоракунии давлатӣ ҳамгироии илм бо фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ мебошад. Дар давраи Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан заминаҳои чунин ҳамгироӣ ташаккул ёфта истодаанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки қарорҳои давлатӣ дар асоси маълумоти боэътимод ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ қабул гардида, самаранокии идоракунӣ баланд бардошта шавад. Махсусан дар соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва сиёсати иҷтимоӣ ин равиш аҳамияти муҳим дорад.

Маориф ҳамчун пояи асосии ташаккули сармояи инсонӣ дар низоми идоракунии давлатӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо донишҳои назариявӣ, балки тафаккури интиқодӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва масъулияти касбӣ ташаккул меёбанд. Бе низоми маорифи босифат ва мутобиқ ба талаботи замон ташаккули идоракунии самараноки давлатӣ ғайриимкон мебошад.

Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ-назариявӣ ҳамчун унсури муҳими низоми идоракунии дониш баромад мекунанд. Онҳо на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки маркази таҳияи ғояҳои нав, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва ташаккули тафаккури идоракунии муосир мебошанд. Ҳамкории зичи ин муассисаҳо бо сохторҳои давлатӣ ба баланд гардидани сифати қарорҳои идоракунӣ мусоидат менамояд.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд мавқеи калидиро ишғол менамояд. Дар солҳои Истиқлолият ин муассиса ба маркази муҳими омодасозии кадрҳои баландихтисоси давлатӣ табдил ёфтааст. Дар Академия раванди таълим бо таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи амалӣ ҳамоҳанг гардида, донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки донишҳои назариявиро бо малакаҳои амалӣ пайваст намоянд.

Дар раванди омодасозии кадрҳо диққати махсус ба рушди тафаккури стратегӣ, таҳлили сиёсати давлатӣ, идоракунии молия, банақшагирии барномавӣ ва арзёбии самаранокии қарорҳои идоракунӣ дода мешавад. Ин равиш имкон медиҳад, ки мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ на танҳо иҷрокунанда, балки таҳлилгар ва ташаббускори ислоҳоти давлатӣ бошанд.

Ҳамзамон, таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмӣ анҷом дода мешаванд, ба ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ба такмили механизмҳои идоракунӣ, баланд бардоштани шаффофият, истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ва рушди хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунанд.

Дар шароити рақобати шадиди ҷаҳонӣ, сармоягузорӣ ба илм ва маориф ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба ояндаи давлат арзёбӣ мегардад. Давлатҳое, ки ба рушди дониш, таҳқиқоти илмӣ ва таҳсилоти босифат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд, метавонанд низоми идоракунии худро устувор, самаранок ва инноватсионӣ гардонанд.

Ҳамин тавр, дар партави 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф ҳамчун ду рукни асосии рушди идоракунии давлатӣ арзёбӣ мегарданд. Онҳо заминаи ташаккули кадрҳои соҳибихтисос, таҳкими тафаккури таҳлилӣ ва қабули қарорҳои асосноки давлатиро фароҳам меоранд. Танҳо дар асоси ҳамгироии илм, маориф ва таҷрибаи амалӣ метавон низоми идоракунии давлатиро ба сатҳи сифатан нав баровард ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд.

Муовини декан оид ба таълими факултети Иқтисодиёти саноати кӯҳӣ
Абдулло Назаров

ТАКМИЛИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ДАР САНОАТ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: РОҲ БА СӮЙИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ “САБЗ”

ТАКМИЛИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ДАР САНОАТ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: РОҲ БА СӮЙИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ “САБЗ”

Дар партави таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи такмили идоракунии молиявӣ дар соҳаи саноат аҳамияти махсус касб менамояд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо таҳти роҳнамоии хирадмандона ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас дар самти таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ташаккули заминаҳои устувори саноатикунонии кишвар ноил гардид. Дар ин раванд, мутобиқ намудани низоми идоракунии молиявӣ ба талаботи замони муосир, бахусус дар шароити рақамикунонӣ ва гузариш ба иқтисоди “сабз”, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, корхонаҳои саноатӣ вазифадоранд на танҳо самаранокии иқтисодии худро таъмин намоянд, балки фаъолияти худро бо меъёрҳои рушди устувор, истифодаи оқилонаи захираҳо ва ҳифзи муҳити зист ҳамоҳанг созанд. Маҳз ҳамин талабот зарурати таҷдиди низоми идоракунии молиявиро ба миён меорад, то ки қарорҳои идоракунӣ дар асоси маълумоти саҳеҳ, таҳлили саривақтӣ ва шаффофияти баланд қабул карда шаванд.

Технологияҳои рақамӣ имрӯз имконияти васеъ фароҳам меоранд, ки равандҳои молиявӣ дар корхонаҳои саноатӣ бо тарзи муосир ва муассир ба роҳ монда шаванд. Ҳисобдорӣ, банақшагирии буҷет, назорати даромаду хароҷот, таҳлили хароҷоти истеҳсолӣ ва арзёбии нишондиҳандаҳои молиявӣ метавонанд тавассути системаҳои автоматикунонидашуда анҷом дода шаванд. Ин раванд, аз як тараф, хатогиҳои инсонӣ ва талафи вақтро коҳиш медиҳад, аз ҷониби дигар, ба баланд гардидани шаффофият, пурзӯр шудани назорати дохилӣ ва беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар шароити рушди иқтисоди “сабз” идоракунии молиявӣ дигар танҳо бо ҳисобу китоби даромаду хароҷот маҳдуд намешавад. Имрӯз зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳои молиявӣ хароҷоти экологӣ, истифодаи самараноки энергия, масрафи ашёи хом, ҳаҷми партовҳо ва таъсири умумии истеҳсолот ба муҳити зист низ ба инобат гирифта шаванд. Технологияҳои рақамӣ дар ин самт низ нақши муҳим доранд, зеро онҳо имконият медиҳанд, ки маълумоти экологӣ ва истеҳсолӣ ҷамъоварӣ, таҳлил ва дар асоси он қарорҳои дуруст қабул карда шаванд. Бо чунин тарзи идоракунӣ корхонаҳо метавонанд ҳам хароҷоти худро кам намоянд ва ҳам масъулияти иҷтимоӣ ва экологии худро баланд бардоранд.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта собит месозад, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии молиявӣ боиси баланд гардидани самаранокии фаъолияти саноатӣ мегардад. Истифодаи системаҳои автоматикунонидашуда, таҳлили маълумоти калон ва унсурҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки қарорҳои молиявӣ дақиқтар, босуръаттар ва бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ қабул карда шаванд. Дар натиҷа, хароҷоти истеҳсолӣ коҳиш ёфта, рақобатпазирии корхонаҳо дар бозори дохиливу хориҷӣ бештар мегардад. Ҳамзамон, татбиқи технологияҳои “сабз” заминаи мусоидро барои сарфаи энергия ва коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист фароҳам меорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои Истиқлолият масъалаи рақамикунонӣ ва гузариш ба иқтисоди “сабз” тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти бисёр корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз ҳам маҳдуд будани истифодаи технологияҳои рақамӣ мушоҳида мегардад. Норасоии инфрасохтори рақамӣ, кам будани мутахассисони соҳибтаҷриба, сатҳи нокифояи саводи рақамӣ ва зарурати сармоягузории иловагӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои нав аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ мебошанд. Ин омилҳо ба сатҳи самаранокии идоракунии молиявӣ таъсир расонида, имкониятҳои рушди босуботи саноатро маҳдуд месозанд.

Бо вуҷуди ин, дар шароити таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ метавон бо итминон гуфт, ки саноати миллӣ барои ворид шудан ба марҳилаи нави рушд заминаҳои воқеӣ дорад. Ҷорӣ намудани системаҳои муосири идоракунии молиявӣ имкон медиҳад, ки равандҳои дохилии корхонаҳо автоматикунонида шаванд, ҳисоботдиҳӣ содда гардад, шаффофият таъмин шавад ва назорати дохилӣ беҳтар ба роҳ монда шавад. Инчунин, таҳлили доимии маълумот ба роҳбарияти корхонаҳо имконият медиҳад, ки хавфҳои молиявиро пешбинӣ намуда, қарорҳои стратегиро сари вақт қабул намоянд. Чунин иқдомҳо дар маҷмӯъ барои рушди устувори саноати миллӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат аҳамияти калон доранд.

Яке аз омилҳои калидии муваффақияти ин раванд рушди сармояи инсонӣ мебошад. Барои татбиқи самараноки технологияҳои рақамӣ, пеш аз ҳама, кадрҳои баландихтисос ва дорои малакаҳои муосири идоракунӣ заруранд. Аз ин рӯ, омӯзиши кормандон, баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва ворид намудани барномаҳои муосири таълимӣ ба раванди омодасозии мутахассисон аз вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд. Бе захираҳои инсонӣ ва бе кадрҳои омодашуда раванди рақамикунонӣ наметавонад самараи дилхоҳ диҳад.

Ҳамзамон, дастгирии давлатӣ дар раванди гузариш ба идоракунии молиявии рақамӣ ва иқтисоди “сабз” бисёр муҳим мебошад. Ҳавасмандгардонии молиявӣ, пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди саноат метавонанд корхонаҳоро ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав бештар ташвиқ намоянд. Маҳз ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, ташаббуси бахши хусусӣ ва иштироки фаъоли мутахассисон метавонад ба ташаккули модели нави идоракунии молиявӣ дар саноати кишвар замина гузорад.

Дар маҷмӯъ, рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии молиявии корхонаҳои саноатӣ ба баланд шудани самаранокӣ, шаффофият ва устувории фаъолияти онҳо мусоидат мекунад. Ин раванд на танҳо хароҷотро коҳиш медиҳад, балки имкониятҳои навро барои ҷалби сармоягузорӣ, тавсеаи истеҳсолот ва рушди иқтисоди “сабз” фароҳам месозад. Бо истифода аз технологияҳои муосир корхонаҳои саноатӣ метавонанд фаъолияти худро ба талаботи рушди устувор мутобиқ намуда, рақобатпазирии худро дар бозор боз ҳам баланд бардоранд.

Ҳамин тавр, дар остонаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили низоми идоракунии молиявӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди саноати миллӣ арзёбӣ мегардад. Ин раванд ба беҳтар шудани идоракунии захираҳо, баланд гардидани шаффофият, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими заминаҳои иқтисоди “сабз” мусоидат менамояд. Дар шароити муосир гузариш ба чунин низом на танҳо талаботи замон, балки нишондиҳандаи пешрафти давлатдории миллӣ, самараи сиёсати иқтисодии даврони Истиқлолият ва омили муҳими таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Декани
Факултети иқтисодиёти саноати кӯҳӣ
Руҳулло Маҳмадов

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА ДАР НАЗДИ ДКМТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

Кормандони Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ дар Форуми байналмилалии «Барномаи таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавон», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Дар доираи форум иштирокчиён бо таҷрибаҳои нав, барномаҳои рушди касбӣ, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ шинос шуданд. Чорабинӣ барои мубодилаи дониш, рушди малакаҳои касбӣ ва тақвияти робитаҳои илмӣ-амалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

📸 Лаҳзаҳои хотирмон аз иштирок ва намоиши кормандони колеҷ дар аксҳо инъикос ёфтаанд.

                      

Мо ифтихор дорем, ки кормандони муассисаи мо дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузоранд ва таҷрибаи навро барои рушди соҳаи маориф истифода мебаранд.

МУҲИМИЯТИ ФАННИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

МУҲИМИЯТИ ФАННИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар шароити имрӯза, ки рушди иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист ба масъалаҳои калидӣ табдил ёфтаанд, фанни геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ касб кардааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон (зиёда аз 93% ҳудуд кӯҳсор) дорои захираҳои бойи табиӣ ва ҳамзамон минтақаи хавфноки офатҳои табиӣ мебошад.

Геология ва захираҳои табиӣ   

Тоҷикистон дорои зиёда аз 600 кони маъдан мебошад. Аз ҷумла:

  • тилло (Зарафшон, Ҷилау),
  • нуқра (Кони Мансур),
  • ангишт (Фон-Яғноб),
  • алюмин (истеҳсол дар ТАЛКО).

Саҳми саноати кӯҳӣ ва металлургия дар ММД-и кишвар тақрибан 10–15%-ро ташкил медиҳад.

Ин нишон медиҳад, ки бе геология кашф ва истифодаи самараноки ин захираҳо ғайриимкон аст.

Геология ва амнияти энергетикӣ

Тоҷикистон зиёда аз 95% барқи худро аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад.

  • НБО-и Норак – яке аз бузургтарин дар Осиёи Марказӣ
  • НБО-и Роғун – лоиҳаи стратегии миллӣ

Захираҳои гидроэнергетикии кишвар зиёда аз 527 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешаванд (танҳо ~5% истифода мешавад).

Омӯзиши геологӣ барои сохтмони бехатар ва устувори чунин неругоҳҳо ҳатмӣ мебошад.

Геология ва пешгирии офатҳои табиӣ

Тоҷикистон яке аз минтақаҳои сейсмикии фаъол мебошад:

  • ҳар сол 5000+ ларзиши замин сабт мешавад
  • зиёда аз 70% аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ мекунад

Инчунин:

  • ярчҳо ва селҳо ҳар сол садҳо гектар заминро хароб мекунанд
  • танҳо дар як сол метавонад даҳҳо ҳолати ярч ба қайд гирифта шавад

Геология имкон медиҳад, ки ин хавфҳо пешгӯӣ ва кам карда шаванд.

Геология ва муҳити зист

Тоҷикистон дорои зиёда аз 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошад. Аммо мушкилот вуҷуд доранд:

  • эрозияи хок дар минтақаҳои кӯҳӣ
  • камшавии пиряхҳо.

Геология дар идоракунии оқилонаи об ва ҳифзи табиат нақши ҳалкунанда дорад.

Геология ва рушди инфрасохтор

Дар Тоҷикистон садҳо километр роҳҳо ва нақбҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ сохта мешаванд:

  • нақби “Истиқлол”
  • роҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Душанбе–Кӯлоб, Душанбе-Бохтар ва ғ.

Зиёда аз 70% сохтмонҳо дар минтақаҳои геологии мураккаб анҷом дода мешаванд.

Бе таҳқиқоти геологӣ чунин лоиҳаҳо хатарнок ва ноустувор мегарданд.

Геология барои Тоҷикистон танҳо як фан нест, ин асоси рушди иқтисодӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи табиат мебошад.

Хулоса, Геология – ин илмест, ки на танҳо заминро меомӯзад, балки ояндаи кишварро месозад.

Мирзоев М .М – Декани факултети геология
Гулямова Сабрина- Мутахассиси кор бо ҷавонон ва ташкили тарбия