Имрӯз масъалаи партовҳо яке аз проблемаи асосии кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳоло қариб 400 намуди сарватҳои зеризаминӣ дар соҳаҳои саноат ва сохтмон истифода бурда мешаванд. Аз сарватҳои зерзаминӣ қариб 80% қувваи барқ, 75% маҳсулоти химиявӣ ва то 90% маҳсулоти сохтумонӣ истеҳсол карда мешавад. Мутаассифона аз он миқдори ашёи хоме, ки дар истеҳсолот истифода мебаранд, танҳо 5-10% он ба маҳсулоти тайёр табдил меёбад. Боқимондаи 90-95% он ба партови саноатӣ партофта мешавад. Хусусан миқдори партов дар саноати куҳӣ аз ҳама бештар ҳосил мешавад.
Ин пеш аз хама ба намуди маъдан, таркиби он ва то чи андоза мавҷуд будани миқдори металл дар он вобаста мебошад. Зеро ки мавчудияти фулузот дар таркиби маъданҳо як хел нест. Хусусан дар таркиби маъдан ҳиссаи металлҳои нодир ниҳоят кам мебошад. Мувофиқи хисоби мутахассисон ба ҳисоби миёна дар як тонна маъдани ранга 0,002% торй, 0,003% литий 0,002% необй 0,0005% уран 0,0002% тантал 0,0002% волфрам 000002% тилло 0,005% рух 0,0039% кургошим 0,0001% молибден 0,0024% мис ва 0,0000036 % нуқра мавҷуд асг. Агар ақидаи экспертҳоро ба инобат гирем, солҳои наздик норасоии ин гурӯҳи металлҳо ба пешрафти техника ва технологияи муосир таъсири калон мерасонад. Бинобар он, олимон барои қонеъ гардидани талаботҳои ҳозира ва ояндаи техника ва технология манбаъ ва роҳҳои нисбатан арзони ба даст овардани металлҳои нодирро тахқиқ менамоянд. Яке аз роҳҳои умедбахши афзун намудани истеҳсоли ин намуди металлҳо ба таври комплексӣ кор кардани металлҳои ранга ва партови бисёрсолаи онҳо, ки дар таркибашон металлҳои гуногуни нодир дидан мавҷуд аст. Чунин партовҳо дар ҳама соҳаҳои саноати куҳӣ ба миқдори зиёд ҷамъ шудааст.
Ба таври комплексӣ кор кардани металлҳои ранга ва истифода бурдани партови ғуншудаи онҳо, барои истеҳсол намудани металлҳои нодир, нисбатан роҳи арзонтар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар бисёр мамлакатҳо ба ин мақсад партови конҳои пеш аз ин коркардашударо истифода мебаранд, чунки дар вақти набудани технологияи коркарди комплексии маъдан аз он танҳо 1-2 металли асосиро истехсол мекарданд. Металлҳои боқимондаи дар маъдан мавҷудбуда ҳамчун партов нигоҳ дошата мешавад, ва он ба муҳити атроф таъсири манфӣ мерасонад. Дар айни замон аз партови конҳои металлургияи ранга тилло, нуқра ва дигар металлҳои нодир истеҳсол мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистони шимолӣ (Табошар) дар партови фабрикаҳои бойгардонии ғун шуда, ба ғайр аз тилло инчунин бисёр намуди металлҳо оҳан, кобалт, телур, сулфур, мис, нуқра, висмут, никел, молибден, марги муш, сурма, кадмий, селен ва ғайра мавҷуд мебошанд. Гарчанде ин гурӯҳи металлҳо дар таркиби партовҳо кам бошад (дар як тонна ҷинси кӯҳӣ аз як грамм то якчанд грамм) ҳам, аз сабаби дар қишри Замин ниҳоят кам будани онҳо (аз 0, 1% камтар) аз партов ё аз маъдан металлҳои ранга ҷудо кардан аҳамияти иқтисодии калон дорад. Зеро инкишофи кунуни ва манбаи техникаю технологияро бе онҳо тасаввур кардан мумкин нест. Аз дигар тараф баъди аз партов ё маъдан пурра ҷудо кардани металлҳои зарурӣ, имконият пайдо мешавад, ки хоки ҷинси кӯҳиро дар соҳаи сохтумон истифода барем. Истифода набурдани партовҳои онҳо сабаби ноустувор гардидани вазъияти экологӣ мегардад, онҳо обу ҳаворо Заминро ифлос мекунад. Партови газмонанд ва чангу ғубори корхонаҳои металлургӣ пеш аз ҳама ба таркиби ҳаво дохил мешаванд. Баъзе аз онҳо ба монанди гази туруши карбон сабаби баланд шудани ҳарорати ҳавои курраи Замин мегардад.
Як қисми газҳо, хусусан он газҳое, ки аз корхонаҳои металлургияи ранга ба ҳаво дохил мешаванд, ба воситаи боришоти атмосферӣ ба руи замин бармегардад, ки онро «борони кислотавӣ» мегуянд, ки барои кулли организмҳои зинда, аз ҷумла, инсон зарари калон дорад. Боридани чунин «боронҳо» барои мамлакатҳои мутараққӣ ИМА, Англия, Олмон ва ғайpa хос мебошад. Баъзан шамолҳои ғарбӣ «боронҳои кислотавй»-ро аз Аврупои Fapбӣ ба қаламрави мамлакатҳои дигари наздик ба он мебарад. Аз ин ҳодиса 14% масоҳати чангали Аврупо зарар дидааст. Барои пешгирӣ кардани ин ҳодиса ҳама чангу ғубор ва газҳое, ки дар ҷараёни кори корҳонаҳои саноатӣ металлургии сиёҳ ва ранга ҳосил мешавад тавассути дастгоҳҳои махсус нигоҳ дошта, дар саноати химия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд. Аз газҳо кислотаи сулфат ва катрон (смола) истеҳсол мекунанд. Партови сахти онҳоро ҳам дар саноати химия (истеҳсоли фосфор) ва сохтумон (истеҳсоли хишт, тахтасанг, битон) истифода мебаранд. Дар сатҳи замин,дар таркиби ҳаво ва об дохил шудани партовҳои гуногун (сахт, моеъ ва газ) ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, энергетикӣ, химиявӣ ва нақлиёт вобаста мебошад. Хусусан, дар даҳсолаҳои охир дар натиҷаи пешрафти иқтисодиёт дар тамоми чаҳон, дар саноат ва нақлиёт истифодаи сузишворӣ ниҳоят афзуд. Ҳангоми истифодаи ангишт дар дастгоҳҳои кокс истеҳсолкунӣ ва истифодаи он дар танурҳои доманагӣ барои гудохтани маъдан миқдори зиёди оксиди карбон ҷудо мешавад. Қисми асосии онро дар корхонаҳои химиявӣ ва синтези органикӣ истифода мебаранд, қисме аз он ба ҳаво дохил мешавад, ба мисоли истгоҳи аловӣ (ТЭС) ва обгармкунанда бо чорабиниҳои техникй нигоҳ накарда, миқдори зиёд, ҳаво омехта мешавад.
Ҳангоми сухтани ангишт аз он оксиди сулфур ҷудо мешавад. Зеро дар таркиби ангишт аз 0, 2 то 7% сулфур дида мешавад. Агар он ба ҳаво хориҷ шавад, боиси боридани «борони кислотавӣ» мегардад. Он партовҳои, ки дар натиҷаи гудозиши маъдан оҳан ҳосил мешавад, сол аз сол зиёд мегарданд ва ба табиат таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар он барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон партовҳои саноати химиявиро барои истеҳсолоти маснуоти сохтмонӣ истифода мебаранд. Истифодаи нафт ва гази табиӣ ҳам баъзе душвориҳоро ба миён меоварад. Ҳангоми истифодаи онҳо дар саноат ва нақлиёт ҳамчун сузишворӣ фоизнокии гази оксиди карбон, оксиди нитроген дар таркиби хаво зиёд мегардад, чун ки он таҷҳизотҳое, ки дар корхонаҳо муҷаҳаз гардонида шудаанд, дар натиҷаи сухтани бензин, солярка, мазут, гази табии ҳангоми сухтан пурра нигоҳ дошта наметавонанд. Дар давраи собиқ Итиҳоди Шуравй ҳар сол аз автомобилҳо ба атмосфера тақрибан 37 миллион тонна моддаҳои заҳрнок хориҷ мешуданд, агар он моддаҳои заҳрноки корхонаҳои саноатиро ҷамъ намоем, ҳаҷми дохилшавии моддаҳои заҳрнок 100 миллион тоннаро ташкил менамоянд. Дар таркиби модаҳои сузандаи хориҷшаванда автомобилҳо 78% оксиди карбон, 16% карбогидратхо дида мешаванд, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошанд. Бояд гуфт, ки як қисми модаҳо, ки дар натиҷаи сухтани сузишворӣ ҳосил мешаванд дар дудкашҳо ва тачҳизоти махсуси безараркунандаи моддаҳои зараровар нигоҳ дошта мешавад, ки онро дуда меноманд. Он модаҳоро барои тайёр кардани резин ва ранг истифода мебаранд. Партовҳое, ки муҳити атрофро ифлос менамоянд, аз ҳама хавфноктарин партовҳои саноатӣ химиявӣ ба ҳисоб мераванд, зеро назорат ва идора кардани он нисбат ба партовҳои дигар соҳаҳо душвор аст. Ин соҳа партови металлургияи ранга, сиёх, нафткоркунӣ ва кокскуниро истифода мебарад, аз онҳо намудҳои гуногуни маҳсулоти химиявӣ, кислота, каучуки сунъӣ ва ғайра истеҳсол мекунанд. Маҳсулоте, ки саноати химия аз партовҳои саноат аз ашёи хоми химиявӣ истеҳсол мекунанд, якчанд маротиба арзонтар аст, аммо партове, ки худи корхонаҳои химия ба миён меоваранд, зараровар буда, онро асосан дар корхонаҳои химиявӣ синтези органикӣ аз нав истифода мебаранд, ки қисме аз он ба таркиби ҳаво дохил мешавад. Аз истгоҳҳои аловӣ, барқӣ (ТЭС) ва обгармкунанда бошад, миқдори зиёди газҳо ба ҳаво хориҷ мешаванд. Он партовҳои сахте, ки дар натиҷаи гудохтани маъдани оҳан ҳосил мешаванд, ба қисмҳои таркибии табиат таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар он барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф дар бисёр мамлакатҳои чаҳон партовҳои саноати химиявиро дар истехсолоти маснуоти сохтмонӣ истифода мебаранд. Ҳамин тавр ашёҳои хоми минералӣ табиатан дар шароити табии ҳамеша ба намуди омехта во мехӯранд ва аз маъдан ва унсурҳои гуногуни химиявӣ иборатанд. Табиист, ки чунин ашёҳои хом аз нигоҳи иқтисодӣ ва экологӣ коркарди комплексиро талаб менамояд. Ба таври комплексӣ кардани ашёи хом дар аксар соҳаҳои саноати мамлакатҳои мутараққӣ ва баъзе давлатҳои рӯ ба инкишоф ба роҳ монда шудааст.
Ба ҳама афзалияти иқтисодӣ ва экологӣ нигоҳ накарда, барои ба таври комплекси истифода бурдани сарватҳои табиӣ зимни технологияи мавҷуда барои пурра истифода бурдани ҳама унсурҳои фоиданоки ашёи хом, тамоман нест кардани партовҳо, сарфа кардани ашёи хом, энергия, об ва ғайра имконият фароҳам оварда намешаванд. Аз ин лиҳоз инкишофи минбаъдаи истеҳсолот ва вобаста ба он устувор нигоҳ доштани вазъияти солими экологии муҳити атроф роҳу усулҳои нави технологияи коркарди ашёи хомро талаб менамояд, ки сарфакорона истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва муҳофизати муҳити атрофро конеъ гардонда тавонад. Чунин технология дар мамлакатҳои мутараққӣ, дар корхонаҳои алоҳида амал мекунад, ки онро технологияи кампартов ё бепартов меноманад.
Технологияи бепартов гуфта чунин усули истеҳсоли махсулотро меноманд, ки дар он ашёи хом ва энергия нисбатан оқилона ва комплексӣ истифода бурда мешавад, ки ҳама гуна таъсиррасонӣ ба муҳиги атроф, ҳолат ва амалиёти муътадили онро дахолат карда наметавонад. Моҳияти асосии технологияи бепартов аз он иборат аст, ки ашёи хом ва энергия аз рӯйи сикли пурра ҷараён мегирад, ки коркарди ашёи хом-истеҳсолӣ, маҳсулоти – истеъмолӣ, ба истеҳсолот баргаштани маҳсулоти истифодашуда (ба шакли партов)-ро таъмин менамояд. Чунин сикли пурраи сарбастаро дар доираи як корхона ва комплексҳои қаламравию истеҳсоли ташкил кардан мумкин аст. Ин ғояро олими рус Н. Н. Колосовский солҳои 40-ум асри 20 ҳамчун назарияи «сиклҳои истехсолӣ» пешниход карда буд. Мувофиқи ин ғоя маҳсулоти нимхом ва партови корхонаҳои як соҳаи саноат барои корхонаҳои дигар соҳаи саноат ҳамчун ашёи хом хизмат мекунад. Дар КВД Ширкати Алюминийи Тољик партовро барои истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ истифода мебаранд. Ин ҷараён натанҳо дар дохили як корхона сурат мегирад, балки дар дигар коронаҳои саноатӣ ва комплекси технологияҳои бепартов кор карди ашёи хом истифода бурда мешавад. Дар иттиҳодияҳо маҳсулоти як корхона барои дигараш ҳамчун ашёи хом, моли нимтайёр ё моли ёрирасон истифода бурда мешавад. Ба ин корхонаҳои абрешими Душанбе, Хуҷанд ва қолинбарории Қайрокум мисол шуда метавонанд. Кооператсия (ҳамкорӣ), зимни ҳамкории корхонаҳои як соҳа ва соҳаҳои гуногун амал мекунад. Мисол, сикли металлургияи сиёҳ ба худ корхонаҳои бойгардонии маъдани оҳан, ангишт, гудохтани чуян, пулод, кокскунӣ, истеҳсолкунандаи бензол, фоидабарандаи гази кокскунӣ (барои истехсоли аммиак, асетилен ва дар асоси онҳо истеҳсол кардани нуриҳои нитрогенӣ ва дигар маҳсулотҳои химиявй), махсулоти сохтмон истехсолкунанда, мошинсозии металлро бештар истифодабаранда ва ғайраҳоро муттаҳид менамояд.
Маҳсулотҳое, ки ин корхонаҳо истеҳсол мекунанд, дар соҳаҳои гуногун истифода мегарданд. Дар охир як қисми он барои аз нав кор кардан (ба шакли металлпора ва ашёи гуногуни химиявӣ) ба корхонаҳои сикли металлургияи сиёҳ бармегардад.
Он ҷинсҳои кӯҳие, ки ҳангоми ба тарзи кушод истеҳсол кардани маъдани оҳан ва ангишт ба даст оварда мешаванд, аз ҷинсҳои такшонӣ иборат мебошанд. Онҳоро метавонанд барои истеҳсол семент, оҳак, хишт, ашёи ба оташ тобовар, ашёи хом барои истеҳсоли шиша, чинӣ, коғаз ва руйпуш кардани роҳҳо истифода баранд. Хамин тавр, зимни қоидаи «муштараконӣ» ва «ҳамкорӣ» аз тарафи корхонаҳо, оқилона истифода бурдани ашёи хом ва энергия консепсияи технологияи нав таъсис меёбад. Онҳо дар се қоидаи асосӣ ифода меёбанд:
– сикли истифодаи сарватҳои табиӣ на танҳо соҳаи истехсолот, инчунин соҳаи истеъмолиро низ дарбар мегирад;
– Дар ҷараёни коркарди ашёи хом ҷудо кардани ҳама унсурҳои таркибии он, дар соҳаҳои гуногуни саноат барои истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун ҳамчун ашёи хом истифода мегарданд, тоза нигоҳ доштани вазъияти экологии муҳити атроф зимни ҳадди ҷоизи ҷамъшавии унсурҳои гуногуни химиявӣ дар муҳити атроф муайян карда мешавад, ки онро мухтасар ҲҶҶ мегуянд. Дар муҳити атроф (ҳаво, об, хок) зиёд шудани ҲҶҶ -и моддаҳои зиёновар ба организмҳои зинда, аз ҷумла ба инсон таъсири бад мерасонад ва ноустувории вазъияти экологиро (мисол ноҳияҳои назди стансияи атомии Чернобил) нишон медиҳад. Дар ҳалли солим ва мувозӣ нигоҳ доштани вазъияти экологӣ дар корхонаҳо ва иттиҳодияҳои саноатӣ ҷорӣ намудани технологияи бепартов, миқдори партов ва вобаста ба он ҲҶҶ -и моддаҳои заҳролуд овардаро муҳити атроф кам менамояд.
Бояд хотирнишон намуд, ки консепсияи технологияи бепартов аз консепсияи безараргардонии партов, ки дар аксари корхонаҳои саноатӣ амал мекунад, ба қуллӣ фарқ мекунад. Консепсияи безарар гардонидани партовҳои саноатӣ фақат ба он зинаи коркарди ашёи хом диққат медиҳад, ки дар он ҷо партов бештар ҳосил мешавад. Бар хилофи ин консепсияи технологияи бепартов ҳама зинаҳои кокарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулот, истеъмоли он, истифодаи партов ва дубора истифода бурдани ашё, асбобу анҷом дар бар мегирад.
Дар натиҷа на фақат миқдори партов кам мешавад, балки ба муҳити атроф моддаҳои заҳрнок кам хориҷ мешаванд.
Муваффақияти амалӣ гардонидани консепсияи технологияи бепартов на фақат ба технологияи нав, инчунин дар истеҳсолот иваз намудани ашёи хоми зараровар ба ашёи хоми безарар, истифодаи партовҳои дохилии корхона ва иттиҳодияҳо дар ҷараёни ҳама зинаҳои истеҳсолӣ вобаста мебошад. Ин як барномаи том мебошад, ки он ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва оқилона истифода бурдани ашёи хом, энергия ва истифодаи партови корхонаҳои саноатӣ ва хокрубаҳои хоҷагии манзилӣ нигаронида шудааст.
Ба миён овардани технологияи бепартов ва ҳал намудани масъалаҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ вобаста мебошад. Барои ҳамин ҳам бисёр иттиҳодияҳо барои зарурияти технологияи бепартов ва барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф кормандони иттиҳодияҳоро ба хусусияти хоси технологияи бепартов шинос менамоянд. Барои ба технологияи бепартов гузаштани корхонаҳо ва ба таври катъӣ ҳал кардани масъалаҳои экологӣ аз тарафи ниҳодҳои дахлдори ҳифзи муҳити зист бояд мунтазам назорат бурда шавад. Барои истифодаи сарватхои табии корхонаҳои саноатие, фаъолият намоянд, ки ба ифлосшавии муҳити атроф бетараф набошанд. Барои назорат намудани вазъияти экологӣ дар давлатҳои пешрафта ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон нозирони зиёд кор ва фаъолият менамоянд, ки корхонаҳое ки муҳити атрофро ба моддаҳои заҳрнок, заҳролуд менамояд, назорат намуда корхонаҳоро ҷарима мебанданд, корхонаҳои саноатӣ маблағи ҷаримаро барои пардохти ҷарема, не балки барои гузариш ба технологияи бепартов ва кампартов сарф намоянд.
Раҳматуллои Ғуломқодир – сардори шуъбаи таълими МДТ Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ