Архив 05.02.2023

Қ𝐀Д𝐏Д𝐎𝐇ИИ 𝐌У𝐀𝐂𝐂И𝐂𝐀И 𝐓𝐀ЪЛИ𝐌Ӣ 𝐀𝟑 Ҷ𝐎𝐇ИБИ 𝐏𝐀Ё𝐂𝐀𝐓И 𝐊𝐎𝐏 Б𝐎 Ҷ𝐀𝐁𝐎𝐇𝐎𝐇 𝐁𝐀 𝐁𝐀𝐏𝟑ИШИ Ш𝐀Ҳ𝐏И ДУШ𝐀𝐇Б𝐄

       Санаи 03.02.2023 дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт, масъулини шаҳриву ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот, фарҳангу тандурустии Душанбе, роҳбарон ва          намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳр, гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 чорабинии тантанавӣ доир гардид.
      Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷибу пайваста ва дурбинонаи Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии кишвар ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ ва боварӣ зоҳир карда мешавад.
      Ин эътимоду боварӣ ва самимияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самари дилхоҳро ба бор оварда, ҷавононро барои расидан ба қуллаи муроду мақсадҳои дар замирашон буда, роҳнамоӣ месозад.
Маъмурияти коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова барои содиқ будан ба эътимод ва бовариҳои роҳбарияти олии кишвар минбаъд низ бо тамоми нерӯ ва тавоноӣ саъю талош намуда, дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пайваста талош хоҳад намуд.

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА САРДОРОНИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ КОЛЛЕҶ ДАР ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ 

 

    Санаи 1-уми феврал бо иштироки васеи роҳбарон ва сардорони воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷаласаи машваратию назоратии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода оғоз намуда доир ба як қатор масъалаҳои мубрами фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла зимни баргузории ҷаласа дастур дода шуд, ки роҳбарони муассисаҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро зарур аст, ки дар самти тарғибу ташфиқи ихтисосҳо ва муаррифии шароиту имконоти таҳсил дар муассиса, ташкили кафедраҳои методикаи таълим дар назди МТМУ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири пайвасти илм бо истеҳсолот, пурзур намудани базаи моддӣ-техникӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди фаъолияти корӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии наврасону ҷавонон бо мақсади пешгирӣ аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Дар фарҷом қайд карда шуд, ки дар соли 2023 масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ба таври самарабахш амалӣ сохтани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯи зеҳнии тоза корбарӣ намуда, бо нишондиҳандаҳои назаррас дар самти беҳдошти фаъолияти корӣ таҳавуллоти арзандаро ба миён гузоранд.

 

ИСТИФОДАБАРИИ УСУЛҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМ

Бо ташаббуси бахши идоракунии сифати таҳсилот санаи 17.01.2023 дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои коллеҷ бо мақсади сайқалдиҳии маҳорати касбии омӯзгорони муассиса семинари омўзишию машварартӣ дар мавзўи “Роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар низоми таълим” доир карда шуд.
Дар семинари мазкур Содиқов Шоҳимардон омӯзгори соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ даъват гардид, ки бо пешниҳоди далелҳои илман асоснок таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба муҳтавои истифодабрии усулҳои интерактивӣ дар раванди дарсҳо ҷалб намуд ва завқи иштирокдоронро ба омӯзиши унсурҳои таркибии ин семинар бедор намуд. Семинари омўзишӣ характери методӣ-таълимӣ дошта, фарогири самтҳои зерин: моҳияти усулҳои интерактивии таълим, гуногуншаклии усулҳои интерактивии таълим, роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар низоми таълим буд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар фоъолияти минбъдаи худ омўзгорони муассиса ба таври самарабахш аз методҳо ва усулҳои нави таълим истифода намуда дар баландбардории сифати таҳсил дар заминаи омӯзиши донишҳои тахассусӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.