Архив 25.02.2023

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

21.02.2023
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ
ЗАБОНИ МОДАРӢ
     Дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди ДКМТ” бо ташаббуси бахши илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ ва кафедраи забонҳо семинари омӯзиши бахшиди ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
         Аз ҷониби баромадкунандаго қайд гардид, ки ҳамасола 21-уми феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Илова барин иброз гардид, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, фарҳангҳо ба ҳам омехтаанд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст.
Забон ва адабиёти тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Дар идома қайд намуданд, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.
       Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз милод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони тоҷикии бостон ба даст омадаанд, ба асри VI пеш аз милод рост меоянд.
Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
– таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
– дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
– ва ҳамзамон тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
– ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
– ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
– таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғайра ба шумор меравад.
    Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ – Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”
    Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».
      Мувофиқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон ҳоло наздики ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноайён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро ба коми худ фурӯ мебаранд.
«Агар ба назар гирем, ки забонҳо нафақат арзи ҳастӣ мекунанд, балки аз байн ҳам мераванд, – мегӯяд        Котиби генералии созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО – пас мо вазифадорем, ки барои муҳофизат ва нигоҳдории ин ҳама сарвати бебаҳои фарҳангӣ ҳар кореро, ки аз дастамон меояд ба иҷро расонем».

н.РАШТ

Идомаи корҳои ташвиқотию тарғиботи дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумии минтақаи Рашт аз ҷониби омӯзгорону кормандони муассиса идома дорад. Довталабони азиз, ҳангоми интихоби касб дониш ва лаёқату истеъдодатонро ба назар гиред!

𝐓𝐀ҶЛИЛИ 𝟑𝟎-Ю𝐌И𝐇 𝐂𝐎ЛГ𝐀𝐏ДИ 𝐓𝐀Ъ𝐂ИЁБИИ 𝐀𝐏𝐓ИШИ 𝐌ИЛЛӢ

     Санаи 22-феврал дар МД коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ чорабинии маърифатию фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
   Нахуст директори коллеҷ ҳозиринро ва дар шахсияти онҳо тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборак бод гуфтанд.
     Зимни суханронии роҳбари муассиса таъкин гардид, ки ҳарчанд, Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 30-сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Бо дарназардошти устувории заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидорҳои зеҳнӣ Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намудаанд, ки: “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати амният ва осудагии кишвар мебошад”
   Тавре дар идома гуфта шуд, дар Конститутсияи ҶТ оварда шудааст, «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад». Бо дарназардошти гуфтаҳои боло зикр гардид, ки имрӯзҳо барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвари азизу маҳбубамон родмардони Ватан, фарзандони ба ору нанги диёр сарбаландона хизмати ватан-модарро адо намуда истодаанд.
   Инчунин мудири кафедраи ҷомеашиносии коллеҷ зимни ироаи маърузаи худ қайд намуд, ки мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Маҳз тарбияи ҳарбӣ‐ватандӯстӣ шароитеро фароҳам меорад, ки ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро барояш мактаби мардонагӣ ва ифтихор мешуморад.
     Баъд аз пешниҳоди маърузаҳо бо сарпарастии шуъбаи ташкилӣ, тарбиявӣ, алоқа бо ҷомеа ва кор бо ҷавонон аз ҷониби донишҷӯёни муассиса барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуд, ки аз шеъру суруд дар васфи ватан ва саҳнаҳои тарбиявӣ иборат буд.
    Дар ҷамъбаст аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба як қатор кормандону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи ватандустии насли наврасу ҷавон саҳмгузоранд, сипосномаҳо тақдим карда шуд.